Нависандаи пурсиш: Аҳмад Тарихи пурсиш: 24/7/2016

Салом ва дуруди бепоёни Худованд бар ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом ва бар танҳо заминасози зуҳри эшон оқоямон ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло. Назари мубораки оқоямон дар бораи иддае ки ҳазрати Алӣ алайҳи саломро худойи худ медонанд чист? Оё ҳамнишинӣ ва издивоҷ бо ин фирқа барои мусалмонон ҷойиз мебошад?

Худованд ба шумо тавфиқ ато намояд.

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 29/7/2016

Касоне ки воқеъан Амирул Мӯминин Алӣ Ибни Абӣ Толиб ё яке дигар аз бандагони Худоро Худо мепиндоранд, кофир ҳастанд; Чунонки фармудааст: ﴿مَا كَانَ لِبَشَرٍ أَنْ يُؤْتِيَهُ اللَّهُ الْكِتَابَ وَالْحُكْمَ وَالنُّبُوَّةَ ثُمَّ يَقُولَ لِلنَّاسِ كُونُوا عِبَادًا لِي مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلَكِنْ كُونُوا رَبَّانِيِّينَ بِمَا كُنْتُمْ تُعَلِّمُونَ الْكِتَابَ وَبِمَا كُنْتُمْ تَدْرُسُونَ ۝ وَلَا يَأْمُرَكُمْ أَنْ تَتَّخِذُوا الْمَلَائِكَةَ وَالنَّبِيِّينَ أَرْبَابًا ۗ أَيَأْمُرُكُمْ بِالْكُفْرِ بَعْدَ إِذْ أَنْتُمْ مُسْلِمُونَ[1]; «Ҳеҷ башареро намерасад ки Худованд ба ӯ китоб ва ҳукмронӣ ва набувват бидиҳад, сипас ба мардум бигӯяд ки бандагоне барои ман ҷуз Худованд бошед, балки Худопарастоне бошед бадон сон ки китобро меомӯхтед ва бадон сон ки дарс мехондед ва на инки шуморо амр кунад ки фариштагон ва паёмбаронро худоёне бигиред! Оё шуморо ба куфр амр мекунад пас аз онки шумо мусалмон ҳастед?!». Бо ин васф, дӯстӣ бо онон монанди дӯстӣ бо сойири кофирон ҷойиз нест, балки бароъат аз онон монанди бароъат аз сойири кофирон воҷиб аст; Чунонки Худован фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا الْكَافِرِينَ أَوْلِيَاءَ مِنْ دُونِ الْمُؤْمِنِينَ ۚ أَتُرِيدُونَ أَنْ تَجْعَلُوا لِلَّهِ عَلَيْكُمْ سُلْطَانًا مُبِينًا[2]; «Эй касоне ки имон овардед! Кофиронро дӯстоне ҷуз мӯъминон нагиред! Оё мехоҳед ки барои Худованд бар зидди худ ҳуҷҷатӣ ошкор қарор диҳед?!»; Ҳамчунонки издивоҷ бо онон ҷойиз нест, то он гоҳ ки Ислом оваранд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَا تَنْكِحُوا الْمُشْرِكَاتِ حَتَّى يُؤْمِنَّ ۚ وَلَأَمَةٌ مُؤْمِنَةٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكَةٍ وَلَوْ أَعْجَبَتْكُمْ ۗ وَلَا تُنْكِحُوا الْمُشْرِكِينَ حَتَّى يُؤْمِنُوا ۚ وَلَعَبْدٌ مُؤْمِنٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكٍ وَلَوْ أَعْجَبَكُمْ ۗ أُولَئِكَ يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ[3]; «Ва бо занони мушрик издивоҷ накунед то он гоҳ ки имон оваранд ва ҳароина канизӣ мӯъмин беҳтар аз занӣ мушрик аст агарчи шуморо хуш омада бошад ва ба издивоҷ бо мардони мушрик дар наёваред то он гоҳ ки имон оваранд ва ҳароина бардаи мӯъмин беҳтар аз мардӣ мушрик аст агарчи шуморо хуш омада бошад, онон ба сӯӣ оташ даъват мекунанд»; Ҳамчунонки хӯрдан ва ошомидан аз зарфи онон пеш аз шустушӯ ҷойиз нест; Чароки онон наҷас ҳастанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْمُشْرِكُونَ نَجَسٌ[4]; «Эй касоне ки имон овардед! Ҷуз ин нест ки мушрикон наҷас ҳастанд»! Ҳар чанд даъвати онон ба Ислом ки Амирул Мӯъминин Алӣ ибни Абӣ Толиб бар он зиндагӣ кард ва шаҳид шуд, воҷиби кифойи аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلْتَكُنْ مِنْكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ ۚ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ[5]; «Ва бояд аз шумо гурӯҳе бошанд ки ба сӯӣ хайр даъват мекунанд ва ба маъруф амр ва аз мункар наҳй менамоянд ва онон ҳамоно растгоронанд»!

Оре, муҷозоти ин ғолиён пас аз даъват, дар сурате ки халифаи Худованд дар замин ҳоким шавад, эъдом аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْغُلُوِّ فِي الدِّینِ ما هُوَ؟ فَقالَ: هُوَ أَنْ تَقُولَ فِیهِ فَوْقَ ما قالَ اللّهُ وَ رَسُولُهُ! قُلْتُ: فَالْغالِي کافِرٌ؟ قالَ: إِذا قالَ فِي الدِّینِ ما یُناقِضُ أَصْلَهُ فَهُوَ کافِرٌ وَ إِلّا فَضالٌّ مُبْتَدِعٌ! قُلْتُ: فَما حَدُّ الْغالِي إِذا کانَ کافِراً؟ قالَ: حَدُّهُ حَدُّ الْمُرْتَدِّ! أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ عَلِیّاً جِيءَ بِقَوْمٍ یَقُولُونَ بِرُبُوبِیَّتِهِ فَاسْتَتابَهُمْ فَلَمّا أَبَوْا أَن یَتُوبُوا قَتَلَهُمْ؟ قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ إِنَّهُ أَحْرَقَهُمْ بِالنّارِ وَ ما کانَ یَنْبَغِي لَهُ! قالَ: وَاللّهِ لَوْ مَزَّقَهُمْ کُلَّ مُمَزَّقٍ ثُمَّ أَطْعَمَهُمُ الْکِلابَ لَکانَ یَنْبَغِي لَهُ وَ إِنَّما أَحْرَقَهُمْ بِالنّارِ غَضَباً لِلّهِ لِیُحْرِقَ أَصْلَ الْغُلُوِّ فِیهِ وَ کانَ وَاللّهِ إِمامَ الْمُتَّقِینَ! قُلْتُ: أَلَمْ یَکُنِ ابْنُ عَبّاسٍ مِمَّنْ یَقُولُ لا یَنْبَغِي لَهُ؟! قالَ: عَفَی اللّهُ عَنِ ابْنِ عَبّاسٍ! فَقَدْ کانَ یَعْلَمُ أَنَّ رَسُولَ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ عَهِدَ إِلَیْهِ فِي أَصْغَرَ مِنْ ذَلِكَ!»; «Аз ҳазрати Мансур дар бораи ғулув дар дин пурсидам ки чист? Пас фармуд: Ин аст ки дар борааш фаротар аз чизе ки Худованд ва Паёмбараш гуфтаанд бигӯйи! Гуфтам: Пас ғулув кунанда кофир аст? Фармуд: Ҳаргоҳ дар бораи он чизе бигӯяд ки бо асли он таноқуз дорад кофир аст вагарна гумроҳӣ бидъатгузор аст! Гуфтам: Бо ин васф, ҳадди ғулув кунанда ҳаргоҳ кофир бошад чист? Фармуд: Ҳадди ӯ ҳадди муртад аст! Оё намедонӣ ки ба назди Алӣ гурӯҳеро оварданд ки қоъил ба рубубияти ӯ буданд, пас аз онон хост ки тавба кунанд, пас чун аз тавба кардан сар боз заданд ононро кушт? Гуфтам: Инон мегӯянд ки ӯ ононро бо оташ сӯзонд, дар ҳоле ки (ин кор) барои ӯ шойиста набуд! Фармуд: Ба Худо савганд агар ононро тикка тикка мекард ва сипас ба сагҳо мехуронд барои ӯ шойиста буд ва ҷуз ин нест ки ононро аз рӯӣ хашме барои Худо бо оташ сӯзонд то решаи ғулув дар бораи худро бисӯзонад ва ӯ ба Худо савганд пешвои парҳезкорон буд! Гуфтам: Оё Ибни Аббос аз касоне набуд ки мегуфт (ин кор) барои ӯ шойиста набуд?! Фармуд: Худо Ибни Аббосро бибахшояд! Ҳароина медонист ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи чизӣ кӯчактар аз ин бо ӯ аҳд карда буд»!

↑[1] . Оли Имрон/ 79 ва 80
↑[2] . Нисоъ/ 144
↑[3] . Бақара/ 221
↑[4] . Тавба/ 28
↑[5] . Оли Имрон/ 104