Нависандаи пурсиш: Муҳаммад Ҳусейни Нурӣ Тарихи пурсиш: 11/7/2016

Дуруди Худо бар заминасозони ростин ва ошиқони беиддаъои халифаи Худованд ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом

Зимини арзи салом ва Худо қувват хидмати оқоёямон ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва шогирдони мухлиси эшон аз маҳзаратон суъоле доштам. Мехостам бидонам назари оқойи бузургворамон ҳазар аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар мавриди тибби суннатӣ ва тиббе ки мансуб ба аҳли байт (а) ва ривоёте ки дар китобҳойе ҳамчун Тиббул Ризо (а) ва Тиббул Расулул Муставо (с) ва сойири китоб дар мавриди хавосси дармонӣ хӯрокиҳо ва дармони бемориҳо вуҷуд дорад чист? Оё ин ривоёт саҳиҳ аст ва ин илм аз ҷониби аҳли байт аст? Бо таваҷҷуҳ ба инки имрӯза баъзан мешунавем ки илми пизишкӣ ғарбӣ навоқисе дорад ва барои дармони як беморӣ ба сойири қисматҳои бадан осеб мерасонад.

Дар поён аз Худованди Маннон барои худ ва шумо бародарони азизам аз Худованди Мутаъол талаби тавфиқ ва мағфират дорам.

Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 19/7/2016

Бародари мӯъмин!

Пизишкӣ ба маънои шинохт, пешгирӣ ва дармони бемориҳо, касби судманд аст ки аз дербоз дар ҷаҳон вуҷуд дошта; Ҷуз онки дар гузашта ғолибан мубтанӣ бар равишҳо, абзорҳо ва доруҳои табиъӣ буда ва ҳамакунун ғолибан мубтанӣ бар равишҳо, абзорҳо ва доруҳои ғайри табиъӣ аст ки тавассути корхонаҳои бузурги санъатӣ ва бо аҳдофи иқтисодӣ тавлид мешавад; То ҳадде ки метавон гуфт пизишкии ҷадид дар маҷмӯъ ба як тиҷорат табдил шуда; Тиҷорате ки беш аз ҳар чиз баромада аз ҷаҳонбинии моддӣ ва низоми сармоядории ҷадид аст ва умдаи гардонандагони он, бештар аз саломати инсонҳо ба даромад ва суди бештар меандешанд ва ин чизе аст ки эътибори онро то ҳадди зиёде зери суъол мебарад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки пизишкии ҷадид навъан мубтанӣ бар тағйири офариниши Худованд ва бар ҳам задани низоми табиъӣ будааст ва ин ба зоти худ як кори шайтонӣ маҳсуб мешавад; Чунонки Худованд аз шайтон нақл кардааст ки гуфт: ﴿وَلَآمُرَنَّهُمْ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللَّهِ[1]; «Ва ҳароин ононро амр мекунам, пас офариниши Худовандро тағйир медиҳанд». Беҳуда нест ки намоди пизикӣ ва дорусозии ҷадид, море аст ба гирди асо ва ҷоме печида, дар ҳоле ки мор аз назари адёни Илоҳӣ намоди шайтон аст ва бо ин васф, чунин намоде метавонад ишораи хоста ё нохоста ба сайтараи шайтон бар пизишкӣ ва дорусозии ҷадид бошад!

Албата шояд ҳанӯз наметавон гуфт ки шайтон бо ҳадафи нобудии насли инсон ва тазъифи буния ва қувойи ҷисмонии ӯ ба таъсис ва тарвиҷи пизишкии ҷадид иқдом кардааст, ё аёдии ӯ дар ин ҳавза бо ҳадафи касби даромад ва суди бештар, амдан ба афзойиши бемориҳо ва коҳиши муқовимати инсонҳо аз як сӯ ва афзойиши каммии доруҳо ва коҳиши кайфии онҳо аз сӯӣ дигар иқдом кардаанд; Чароки шояд ҳанӯз далили кофӣ барои исботи чунин фарзияе вуҷуд надошта бошад, вале ба таври қатъӣ метавон гуфт ки пизишии ҷадид бо нигариши иқтисодӣ ва судҷӯёна ба дору ва дармон ва тамаркуз бар рӯӣ маълули бемориҳо ба ҷойи иллати онҳо ва истифодаи беравия аз таркиботи шимёйии муззир ба ҷойи маводди табиъии солим, амалан дар ростои аҳдофи шайтон ҳаракат ва дар ҳоли нобуд кардани насли инсон ба тадриҷ ва дар дарозмуддат аст. Ҳар чанд пизишкии ҷадид дар ин ҷиноят танҳо нест ва тағзияи фосид аз як сӯ ва маводди мунъатии музир ки мустақиман ё аз тариқи об, ҳаво ва хок ба бадани инсон интиқол меёбанд аз сӯӣ дигар, шуракои ҷурми он ҳастанд, то бо муъовинати якдигар чархаи табиъатро бар ҳам зананд ва инсонро ба мавҷудӣ бемор ва девона табдил кунанд.

Бо ин авсоф, тардиде нест ки дар маҷмӯъ пизишкии суннӣ аз ҷиҳоти мухталиф покизатар, солимтар, арзонтар ва қобили эътимодтар аст ва барои мусалмонон беҳтар аст ки ҳатто алалимкон ба он басанда кунанд то аз авориз ва ҳазинаҳои равишҳо, абзорҳо ва доруҳои ғайри табиъии ҷадид дар амон монанд; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ أَيَّدَهُ اللّهُ تَعَالَى يَقُولُ لِأَصْحابِهِ: مَنِ اسْتَطاعَ مِنْكُمْ أَن لا يَعْتَلَّ فَلا يَعْتَلَّ وَ مَنِ اعْتَلَّ مِنْكُمْ فَإِنِ اسْتَطاعَ أَن لا يَتَدَاوَى فَلا يَتَدَاوَى وَ مَنْ تَدَاوَى مِنْكُمْ فَلْيَحْتَسِبْ بِما خَلَقَ اللّهُ! قُلْتُ: وَ ما تُرِيدُ مِمّا خَلَقَ اللّهُ؟! قالَ: الشَّمْسُ وَ الْماءُ وَ الرِّيحُ وَ الْأَرْضُ وَ ما تُنْبِتُ الْأَرْضُ وَ ما يَرْتَعُ فِيها، فَإِنِّي سَمِعْتُ أَنَّ اللّهَ ما خَلَقَ داءً إِلّا وَ خَلَقَ لَهُ دَواءً وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لا يَعْلَمُونَ! قُلْتُ: جُعِلْتُ فِداكَ إِنِّي أَصابَتْنِي عِلَّةٌ فَأَكَلْتُ مِنْ نَباتِ الْأَرْضِ فَلَمْ يَنْفَعْنِي ثُمَّ أَكَلْتُ مِنْ هَذِهِ الْأَدْوِيَةِ فَنَفَعَنِي! قالَ: صَدَقْتَ، إِنَّ هَذِهِ الْأَبْدانَ مُعْتادَةٌ»; «Шунидам ҳазарти Мансур аядуллоҳ таъоло ба ёрони худ мефармояд: Ҳар кас аз шумо ки метавонад бемор нашавад, пас бемор нашавад (яъне аз беморӣ пешгирӣ кунад) ва ҳар кас аз шумо ки бемор мешвад, агар метавонад ки дору масраф накунад, пас дору масраф накунад (то ба сурати табиъӣ дармон шавад) ва ҳар кас аз шумо ки дору масраф мекунад, бояд ба чизе ки Худованд офаридааст (яъне доруҳои табиъӣ) басанда кунад! Гуфтам: Манзуратон аз чизе ки Худванд офаридааст чист? Фармуд: Офтоб об ва бод ва замин ва чизе ки аз замин мерӯяд ва чизе ки дар он мечарад; Чароки ман шунидаам Худованд ҳеҷ дардеро наёфарида магар инки дармонӣ онро офаридааст, вале бештари мардум намедонанд! Гуфтам: Фидоят шавам, ман ба як беморӣ дучор шудам, пас аз растаниҳои замин (яъне доруҳои гиёҳӣ) хӯрдам вале ба ман суде нарасонд, сипас аз ин доруҳо (яъне доруҳои санъатӣ) хӯрдам, пас ба ман суд расонд! Фармуд: Рост мегӯйи, ҳароина ин баданҳо муътоданд»!

Аммо «Ривоёте ки дар китобҳойе ҳамчун Тибби Ризо (а) ва Тибби Расулул Мустафо (с) ва сойири китоб дар мавриди хосси дармонӣ хӯрокиҳо ва дармони бемориҳои вуҷуд дорад», монанди сойири ривоёти Исломӣ ҳастанд; Ба ин маъно ки бояд ҳар як аз онҳоро ба сурати ҷудогона баррасӣ кард ва дар тарозуии Қуръон ва ақл қарор дод то аз мизони эътибори онҳо огоҳӣ ёфт. Қадри мусаллам ин аст ки дар миёни онҳо ривоёти мӯътабаре вуҷуд доранд ва амал ба онҳо аз амал ба нусхаҳои бисёрӣ аз пизишкони ҷадид судмандтар аст.

↑[1] . Нисоъ/ 119