Эй марднамоёни номард! Ва эй фурумоягони нозпарвард! Эй ки исми шумо исми мардон аст ва расми шумо расми номардон! Эй ки рӯйи шумо рӯйи мусалмонон аст ва хӯйи шумо хӯйи номусалмонон! Медонед ва коре намекунед ва метавонед ва ёрӣ намекунед. Дар гуфтор рангинед ва дар кирдор сангинед. Дар кори дунё чустед ва дар кори уқбо сустед. Агар тиред, тири шикастаед ва агар занҷиред, занҷири гусастаед. На ҳақро ёред ва на ботилро хоред. Осмони пур абред ва намеборед ва соҳибони базред ва намекоред. Ки ҳастед ҷуз разилони паст ва рандони маст?! Бадбахт касе ки дил ба шумо баст ва хушбахт касе ки аз дасти шумо раст!

Ёри шумо хабар медиҳад аз кори шумо! Ҳақро шинохтед ва рӯй бартофтед, пас ганҷеро ёфтед ва дур андохтед! Оё ба дунё розӣ шудед ва саргарми ин бозӣ шудед? Дар ҳоле ки дунё, пойгоҳи ғурур аст ва ҷойгоҳи убур аст. Пас кӯр бод он ки ҳақиқатро надид ва дур бод он ки аз ҳақиқат бурид! ...

Оё аҳли вафо кас нест ва ин ҳама ҷафо бас нест?! Магар шуморо нафас нест?! Дардатон чист?! Мардатон кист?! Аз кадом ҷом мастед ва дар кадом дом ҳастед?! Вой бар шумо ва ой аз шумо! Ки синаамро хастед ва қалбамро шикастед ва дастамро бастед ва хушнуд ҳастед.

Эй дод! Чи посух хоҳед дод?! Ки ҳидоятам бар шумо аён аст, вале ҳимоятам бар шумо гарон аст! Чи меҷӯйед ва чи мегӯйед? Чаро хомӯшед? Магар мадҳушед? Оё гӯш надоред барои шунидан? Ё ҳуш надоред барои фаҳмидан? Мебинед ки китоби Худо маҳҷур аст ва халифаи Худо мақҳур аст ва дунё пур аз зулм ва ҷавр аст? Ё он ки дидагонатон кӯр аст?

Шуморо ба Худо, ба по хезед ва якдигарро барангезед ва барои ҳақ арақ резед ва бо ботил биситезед!

Шуморо ба Худо, даъватамро иҷобат кунед ва наҳзатамро ҳимоят кунед ва душманамро маломат кунед!

Шуморо ба Худо, аз ҳақ нагурезед ва бо аҳли он наситезед ва дар замин фитна наянгезед!

Шуморо ба Худо, рахти ҷиҳод бипӯшед ва барои маъод бикӯшед ва заҳри инъод нанӯшед!

Шуморо ба Худо, коре кунед ва дини Худоро ёрӣ кунед ва аз халифааш посдорӣ кунед!

Шуморо ба Худо, ба ҳуш ойед ва барои Худо ба ҷӯш ойед ва бар душманаш ба хурӯш ойед!

Шуморо ба Худо, ё пок шавед ё хок шавед!

Шуморо ба Худо, розӣ ба марг бишавед ва розӣ ба нанг нашавед!

Шуморо ба Худо, дар роҳи ҳақ ҷонбозӣ кунед то дар ду олам сарафрозӣ кунед!

Кист ки маро ёрӣ кунад?

Шарҳи нома:

Агар мехоҳӣ ба ин нидои бандаи солеҳи Худованд посух диҳӣ ва ба ёрии ӯ бишитобӣ то аз сафи «Марднамоёни номард ва фурумоягони нозпарвард» ҷудо шавӣ ва ба сафи заминасозони зуҳури халифаи Худованд дар замин бипайвандӣ, вақтро талаф накун ва фурсатро аз даст надеҳ. Ҳамин ҳоло ба бахши узвият дар наҳзати мубораки Бозгашт ба Ислом муроҷиъа кун ва бо ёрони он ҳазрат ҳамроҳ шав ва ҳар коре аз дастат бар меояд барои нашри даъвати ӯ дар ҷаҳон анҷом бидеҳ; Бо фикри худ, бо забони худ, бо қалами худ, бо моли худ, бо эътибори худ, бо нуфузи худ ва бо ҳар чизе ки Худованд ба ту рӯзӣ кардааст.