Нависандаи пурсиш: Баётӣ Тарихи пурсиш: 28/6/2016

Назари ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ дар мавриди фитрия чист?

Ва имсол чи маблағеро бояд пардохт?

Посух ба пурсиши шумораи: 7 Тарихи посух ба пурсиш: 1/7/2016

Закоти «Фитра» яке аз масодиқи закот аст ки Худованд дар китоби худ фарз фармуда ва Паёмбараш –бино бар ривоёти мутавотир ва машҳур– аз чанду чуни он хабар дода ва ба муҷиби он ду, ҳар мусалони дорои иститоъате мукаллаф аст ки аз субҳи рӯзи аввали Шаввол (тарҷиҳан пеш аз намози иди фитр), ба изои худ ва ҳар як аз оъилааш, ъайн ё қимати як соъ аз қути ғолиби худ ва ононро ба аснофи мазкур дар ояи 60 сураи муборакаи Тавба хусусан фуқаро ва масокин бирасонад ва як соъ дар замони ҳозир муъодили чаҳор мудд ва мусовӣ бо ҳудуди се келограм (2830 грам ё каме бештар) аст, вале аз бархӣ ривоёт[1] дониста мешавад ки –бар хилофи назари машҳури мусалмонон– дар замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маъодили панҷ мудд буда ва дар замони Умавиён ба чаҳор мудд коҳиш ёфта ва бо ин васф, як соъи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мусовӣ бо ҳудуди севуним келограм (3538 грам) аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الصّاعِ فَقالَ: إِنَّ لَنا صاعاً وَ لِبَني أُمَیَّةَ صاعاً فَصاعُنا خَمْسَةُ أَمْدادٍ وَ صاعُهُمْ أَرْبَعَةُ أَمْدادٍ وَ ما کانَ صاعُ رَسُولِ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ إِلّا خَمْسَةَ أَمْدادٍ کُلُّ مُدٍّ مِنْها مِائَتانِ وَ أَرْبَعٌ وَ ثَلاثُونَ دِرْهَماً»; «Аз ҳазрати Мансур дар бораи соъ пурсидам, пас фармуд: Ҳароина барои мо соъе ва барои бани Умая соъе аст, пас соъи мо панҷ мудд ва соъи онон чаҳор мудд аст ва соъи Расуи Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҷуз панҷ мудд набуд ки ҳар мудди он дусаду сиву чаҳор дирҳам буд»!

Оре, ин метавонад ба маънои он бошад ки вазни мудд пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба 292.5 дирҳам афзойиш ёфтааст; Зеро панҷ мудд бо вазни 234 дирҳам дар замони он Ҳазрат, муъодили чаҳор мудд бо вазни 292.5 дирҳам пас аз он Ҳазрат аст ки бо маҷмӯъи 1170 дирҳами машҳур мутобиқат дорад, вале бо ин тақрир низ ба назар мерасад ки як соъ муъодили ҳудуди севуним келограм аст; Чароки бино бар муҳосиботи дақиқтар, ҳар дирҳам муъодили шиш дониқ ва ҳар дониқ муъодили 0.4958 грам аст ва бо ин васф, як соъи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муъодили ҳудуди 3.480 келограм аст ки ҳудуди ним келограм аз соъи машҳур бештар аст.

Ҳосил онки закоти «Фитра» пардохти ъайн ё қимати севуним келограм аз қути маъмули хонавода аст; Чунонки Худованд дар бораи итъоми масокин дар боби каффораи ямин фармудааст: ﴿مِنْ أَوْسَطِ مَا تُطْعِمُونَ أَهْلِيكُمْ[2]; «Аз мутавассити чизе ки ба хонаводаи худ мехунонед» Ва ин дар боби закоти «Фитра» низ ҷорӣ аст ва ситойиш барои Худованд Парвардигори ҷаҳониён аст.

↑[1] . Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ1, с58; Саҳиҳул Муслим, ҷ1, с77; Ибни Бобувей, Маъониул Ахбор, с249; Тувсӣ, Ал-Истибсор, ҷ1, с121
↑[2] . Моъида/ 89