Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 25/6/2016

Гирифтан ва додани рибо байни падар ва фарзанд ва зан ва шавҳар ва гирифтан аз кофир чи ҳукме дорад?

Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 1/7/2016

Гирифтани рибо дар китоби Худованд мутлақан ҳаром аст; Чунонки фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَذَرُوا مَا بَقِيَ مِنَ الرِّبَا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ[1]; «Эй касоне ки имон овардед! Аз Худованд битарсед ва ҳар чи аз рибо боқӣ мондаастро вогузоред агар мӯъмин ҳастед» Ва фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَأْكُلُوا الرِّبَا أَضْعَافًا مُضَاعَفَةً ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ[2]; «Эй касоне ки имон овардед! Риборо бо суди рӯзафзун нахуред ва аз Худо битарсед бошад ки растагор шавед» Ва фармудааст: ﴿يَمْحَقُ اللَّهُ الرِّبَا وَيُرْبِي الصَّدَقَاتِ ۗ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ كَفَّارٍ أَثِيمٍ[3]; «Худованд риборо аз байн мебарад ва садоқатро меафзояд ва Худованд ҳар носипоси гуноҳкорро дӯст намедорад» Ва фармудааст: ﴿الَّذِينَ يَأْكُلُونَ الرِّبَا لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ الَّذِي يَتَخَبَّطُهُ الشَّيْطَانُ مِنَ الْمَسِّ ۚ ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا إِنَّمَا الْبَيْعُ مِثْلُ الرِّبَا ۗ وَأَحَلَّ اللَّهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا ۚ فَمَنْ جَاءَهُ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّهِ فَانْتَهَى فَلَهُ مَا سَلَفَ وَأَمْرُهُ إِلَى اللَّهِ ۖ وَمَنْ عَادَ فَأُولَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ[4]; «Касоне ки рибо мехуранд (аз қабрҳои худ) бар намехезанд магар монанди касе ки шайтон ӯро бо тамос девона кардааст! Ин ба сабаби он аст ки онон гуфтанд: Дод ва ситад монанди рибо аст, дар ҳоле ки Худованд дод ва ситадро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст! Пас ҳар кас мавъизае аз Парвардигораш ба ӯ расид ва даст бардошт чизе ки гузашта барои ӯст ва кораш бо Худованд аст ва ҳар кас такрор кард онон аҳли оташанд ва дар он ҷовидон хоҳанд буд»; Ҳамчунонки додани рибо иъонат бар гуноҳ ва таъаддӣ аст ва иъонат бар гуноҳ ва таъаддӣ дар китоби Худованд мутлақан ҳаром аст; Чунонки фармудааст: ﴿وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ[5]; «Ва ба якдигар дар гуноҳ ва таъаддӣ иъонат накунед ва аз Худованд битарсед ки иқоби Худованд шадид аст». Бинобарин, гирифтан ва додани рибо дар китоби Худованд мутлақан ҳаром аст ва бино бар мабнои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[6] чизе ки дар китоби Худованд мутлақан ҳаром аст, қобили тахсис ба василаи чанд ривоят нест; Хусусан чизе монанди рибо ки бо ин шиддат ва ғилзат таҳрим шуда ва дар ҳукми муҳориб бо Худованд ва Паёмбараш ба шумор рафтааст, то ҳадде ки чи басо қобилияти тахсисро надорад.

Аз инҷо дониста мешавад ки гирифтан ва додани рибо миёни падар ва фарзанд ва зан ва шавҳар ва гирифтани рибо аз кофир ҷойиз нест; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки падар ва фарзанд ва зан ва шавҳар ба эҳсон дар миёни худ сазовортаранд; Чунонки Худованд ононро ба эҳсон дар миёни худ амр карда ва фармудааст: ﴿وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَبِذِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينِ وَالْجَارِ ذِي الْقُرْبَى وَالْجَارِ الْجُنُبِ وَالصَّاحِبِ بِالْجَنْبِ وَابْنِ السَّبِيلِ وَمَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ[7]; «Ва ба падар ва модар эҳсон кунед ва ба хешовандон ва ятимон ва мискинон ва ҳамсояи хешовандон ва ҳамсояи канорӣ ва ҳамнишин ва дар роҳ монда ва касоне ки молики онон ҳастед», дар ҳоле ки гирифтан ва додани рибо бар хилофи эҳсон аст ва бо таваҷҷуҳ ба инки ҷавози гирифтани рибо аз кофир, назари яҳуд аст ки Худованд ононро ба сабаби он некӯҳиш карда ва фармудааст: ﴿وَأَخْذِهِمُ الرِّبَا وَقَدْ نُهُوا عَنْهُ وَأَكْلِهِمْ أَمْوَالَ النَّاسِ بِالْبَاطِلِ[8]; «Ва ба сабаби рибо гирифтанашон (аз ғайри яҳуд) дар ҳоле ки аз он наҳй шудаанд ва хӯрданашон амволи мардумро ба ботил» ва мусаллам аст ки ташаббуҳи мусалмонон ба яҳуд шойиста нест.

Бо ин васф, гирифтан ва додани рибо мутлақан ҳаром аст, ҳар чанд миёни падар ва фарзанд ва зан ва шавҳар ва мусалмон ва зиммӣ бошад ва ривояти расида бо ин мазмун ки миёни онон рибо вуҷуд надорад, қобили қабул нест ва чи басо қобили таъвил аст; Чунонки ба унвони намуна, Шарифи Муртазо (д.436қ) онро таъвил карда ва аз боби ﴿فَلَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِي الْحَجِّ[9]; «Дар ҳаҷ, наздикӣ ва гуноҳ ва ҷидол вуҷуд надорад», дар мақоми таъкиди ҳурмат ва ба маънои ин донистааст ки рибо миёни онон монанди наздикӣ, гуноҳ ва ҷидол дар ҳаҷ, ҳурмати бештаре дорад, на инки ҳаром нест[10].

↑[1] . Бақара/ 278
↑[2] . Оли Имрон/ 130
↑[3] . Бақара/ 276
↑[4] . Бақара/ 275
↑[5] . Моъида/ 2
↑[6] . с239
↑[7] . Нисоъ/ 36
↑[8] . Нисоъ/ 161
↑[9] . Бақара/ 197
↑[10] . Нигоҳ кунед ба: Расоъили Шарифи Муртазо, ҷ1, с182.