Нависандаи пурсиш: Баётӣ Тарихи пурсиш: 24/6/2016

Ба тозагӣ ба мабоҳисе бархӯрд кардам дар мавриди Меъроҷи Расулуллоҳ (с) ки мегӯянд Паёмбар бо ҷисми мубораки худашон ба Меъроҷ рафтаанд ва баъзе аз ба истилоҳ уламои Эрон дар ин бора баҳс мекунанд ки боъиси баҳсҳои инҳирифии зиёде шуда ки ҳатто худи банда дар як ҳамойиш ки барои Меъроҷи Расулуллоҳ (с) баргузор шуда буд шунидам ки шайхи бесаводе бо алқоби ҷаълӣ монанди Ҳуҷҷатул Исалом ва дуктур мегуфтанд Расулуллоҳ бо сафинаи фазойи ба Меъроҷ рафта (наъузубиллоҳ). Лутфан дар ин маврид тавзеҳ бифармойед?

Ҷонам фидои раҳбарам ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом

Дуруд бар ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло

Посух ба пурсиши шумораи: 5 Тарихи посух ба пурсиш: 27/6/2016

Мурод аз Исроъи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба он «Меъроҷ» гуфта мешавад, ин аст Худованд Паёмбарашро дар як шаб аз Масҷидул Ҳаром ба Масҷидул Ақсо сайр додааст то бархӣ нишонаҳои Худро ба ӯ нишон диҳад; Чунонки дар сурае бо ҳамин ном аз он хабар дода ва фармудааст: ﴿سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَيْلًا مِنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الْأَقْصَى الَّذِي بَارَكْنَا حَوْلَهُ لِنُرِيَهُ مِنْ آيَاتِنَا ۚ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ[1]; «Пок аст касе ки бандаашро дар як шаб аз Масҷидул Ҳаром ба Масҷидул Ақсо ки пиромуни онро баракат додаем сайр дод то аз нишонаҳои Худ ба ӯ нишон диҳад, ҳароина ӯ шунавойи биност»; Ҳамчунонки ӯро –дар ҳамон шаб ё замоне пеш аз он– боло бурда ва ба дарахте дар мунтаҳо ва назди Биҳишти барин (аъло) расонда ва фариштаи ваҳй ва бархӣ нишонаҳои бузурги Худро ба ӯ нишон дода; Чунонки дар сураи Наҷм ки пеш аз сураи Исроъ нозил шуда аз он хабар дода ва фармудааст: ﴿وَلَقَدْ رَآهُ نَزْلَةً أُخْرَى ۝ عِنْدَ سِدْرَةِ الْمُنْتَهَى ۝ عِنْدَهَا جَنَّةُ الْمَأْوَى ۝ إِذْ يَغْشَى السِّدْرَةَ مَا يَغْشَى ۝ مَا زَاغَ الْبَصَرُ وَمَا طَغَى ۝ لَقَدْ رَأَى مِنْ آيَاتِ رَبِّهِ الْكُبْرَى ۝[2]; «Ва ҳароина як бори дигар ӯро дидааст, назди дарахти Сидри мунтаҳо ки назди он Биҳишти барин аст; Чашми (ӯ) инҳироф наёфт ва аз ҳадди худ таҷовуз накард; Ҳароина бархӣ нишонаҳои бузури Парвардигорашро дидааст». Бинобарин, Исроъи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бино бар сариҳи китоби Худованд собит аст ва бо ин васф, аз заруриёти Ислом шумурда мешавад, вале оё ба сурати ҷисмонии воқеъ шудааст? Ҳақ он аст ки оре; Чароки аз як сӯ замир дар ﴿بِعَبْدِهِ ва ﴿لَقَدْ رَأَى ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам боз мегардад ва табъан ҷисм ва руҳи ӯро шомил мешавад ва бо ин васф, хориҷ сохтани ҷисми ӯ аз шумули он бидуни далил мумкин нест, балки иродаи руҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз он бар хилофи лаҳн ва сиёқи оя аст, то ҳадде ки иғроъ ба ҷаҳл меҳсуб мешавад ва аз сӯӣ дигар вуқуъи Исроъ барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба сурати ҷисмонӣ ғайри мумкин нест то ниёз ба чунин тахсис ва таъвиле бошад; Зеро Худованд қудрати интиқоли сариъи аҷсод аз ҷойе ба ҷойи дигар ё аз буъде ба буъди дигарро дорад ва ғаразаш аз интиқоли сариъи Паёмбар саллаллоҳу аласйҳи ва олиҳи ва саллам низ нишон додани нишонаҳои қудраташ ба ӯ буда ки бо интиқоли ҷисми ӯ ҳосил мешудааст, на бо интиқоли руҳи ӯ дар ҳолати рӯъё ки мунҳасир ба ӯ ва бар хилофи одат набудааст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд ҳар ҷо дар бораи рӯъёи Паёмбараш сухан гуфта ба рӯъё бидуни он тасриҳ карда; Чунонки ба унвони намуна, фармудааст: ﴿وَمَا جَعَلْنَا الرُّؤْيَا الَّتِي أَرَيْنَاكَ إِلَّا فِتْنَةً لِلنَّاسِ[3]; «Ва рӯъёйе ки ба ту нишон додемро ҷуз фитнае барои мардум қарор надодаем» Ва фармудааст: ﴿لَقَدْ صَدَقَ اللَّهُ رَسُولَهُ الرُّؤْيَا بِالْحَقِّ ۖ لَتَدْخُلُنَّ الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ إِنْ شَاءَ اللَّهُ آمِنِينَ[4]; «Ҳароина Худованд рӯъёи Паёмбарашро рост кард, ҳатман агар Худованд бихоҳад бо амният ба Масҷидул Ҳаром дохил мешавед» Ва фармудааст: ﴿إِذْ يُرِيكَهُمُ اللَّهُ فِي مَنَامِكَ قَلِيلًا[5]; «Ҳангоме ки Худованд ононро дар хоби ту андак нишон медод» Ва бо ин васф, агар Исроъи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам рӯъё буд, ҳатман ба рӯъё будани он тасриҳ мефармуд; Фориғ аз онки инҳироф наёфтани чашм ва таҷовуз накардани он аз ҳадди худ дар рӯъё маъно надорад, балки амалӣ ихтиёрӣ ва муносиби бедорӣ аст.

Оре, интиқоли руҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҳолатӣ шабеҳ ба марг ва на дар ҳолати рӯъё мумкин аст, вале далиле барои он вуҷуд надорад ва бо зоҳири китоби Худованд созугор нест ва бо ин васф, метавон гуфт ки Исроъи он Ҳазрат ба сурати ҷисмонӣ воқеъ шудааст; Монанди уруҷи Исо алайҳи салом ки Худованд дар бораи ӯ фармудааст: ﴿بَلْ رَفَعَهُ اللَّهُ إِلَيْهِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا[6]; «Балки Худованд ӯро ба сӯӣ боло бурд ва Худованд иззатмандӣ ҳаким аст». Аммо оё барои он Ҳазрат василаи нақлияе вуҷуд доштааст? Дар китоби Худованд чизе дар ин бора наёмада, вале дар ривоёти фариқайн аз маркабӣ Биҳиштӣ ба номи «Буроқ» ёд шуда ки Ҷибраъил алайҳи салом барои он Ҳазрат овардааст[7] ва он метавонад шабеҳ ба ароба ва асби оташине буда бошад ки Худованд бо он Илёс алайҳи саломро ба осмон боло бурд,[8] ва Худованд бар ҳар коре тавоност.

↑[1] . Исроъ/ 1
↑[2] . Наҷм/ 13-18
↑[3] . Исроъ/ 60
↑[4] . Фатҳ/ 27
↑[5] . Анфол/ 43
↑[6] . Нисоъ/ 158
↑[7] . Нигоҳ кунед ба: Муснади Аҳмад, ҷ3, с148 ва ҷ4, с208 ва ҷ5, с387; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ2, с77 ва 248; Саҳиҳул Муслим, ҷ1, с99 ва 104; Сунани Тирмизӣ, ҷ4, с363; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ8, с364 ва 376; Ибни Бобувей, Ал-Аъмолӣ, с533; Ҳамон, Ман ло яҳзарул фақиҳ, ҷ1, с231.
↑[8] . Нигоҳ кунед ба: Аҳад Атиқ, китоби дуввум подшоҳон, фасли 2.