Нависандаи нақд: Суҳайли Қуддусӣ Тарихи нақд: 12/6/2018

Шумо барои бисёрӣ аз дидгоҳҳои худ ба ривоёти аҳли суннат истинод мекунед, дар ҳоле ки мо шиъа ҳастем ва ривоёти аҳли суннатро қабул надорем ва сирфан ривоётеро қобили истинод медонем ки дар манобеъи шиъа омада бошад.

Посух ба нақди шумораи: 5 Тарихи посух ба нақд: 14/6/2018

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Агар шумо ривоёти аҳли суннатро қабул надоред ва сирфан ривоётеро қобили истинод медонед ки дар манобеъи шиъа омада бошад, муҳол аст ки битавонед масодиқи аҳли байтро бишносед ва ҳуҷҷияти онҳоро исбот кунед; Чароки шинохти масодиқи аҳли байт ва исботи ҳуҷҷияти онҳо бо истинод ба ривоёти худашон, даври ботил аст. Аз ин рӯ, шумо барои шинохти масодиқи аҳли байт ва исботи ҳуҷҷияти онҳо, ба ривоёти аҳли суннат истинод мекунед ва ин яъне шумо ривоёти аҳли суннатро онҷо ки ба судатон аст қабул доред, дар ҳоле ки ривоёти онон ё қобили истинод аст ки дар ин сурат, ҳама ҷо қобили истинод аст ва ё қобили истинод нест ки дар ин сурат, ҳеҷ ҷо қобили истинод нест ва табъиз дар он бар пояи суд ва зиёни шумо маъно надорад. Аз инҷо дониста мешавад ки агар ривоёти аҳли суннат қобили истинод набошад, ривоёти шумо низ қобили истинод нест; Зеро қобили истинод будани ривоёти шумо фаръи бар шинохта будани масодиқи аҳли байт ва собит будани ҳуҷҷияти онҳост ва ин чизе аст ки бо ривоёти аҳли суннат ҳосил мешавад.

2 . Агар муроди шумо аз ривоёти аҳли суннат, ривоёти воҳид аст, ривоёти воҳид ҳуҷҷат нестанд, хоҳ аз шиъа бошад ва хоҳ аз аҳли суннат; Зеро аз он ҳайс ки ривоёти воҳид ҳастанд, муфиди заннанд ва занн дар Ислом ҳуҷҷат нест[1] ва агар мурдои шумо аз ривоёти аҳли суннат, ривоёти мутавотир аст, ривоёти мутавотир ҳуҷҷат ҳастанд, хоҳ аз шиъа бошад ва хоҳ аз аҳли суннат; Зеро аз он ҳайс ки ривоёти мутавотир ҳастанд, муфиди илманд ва илм дар Ислом ҳуҷҷат аст[2]. Аз ин рӯ, мо ба ривоёти воҳиди шиъа истинод намекунем, вале ба ривоёти аҳли суннат истинод мекунем; Чароки эътибор ба тавотури ривоят аст, на шиъа ё суннӣ будани ровиёни он; Ҳар чанд хушбахтона ривояти мутавотир аз ин мазият бархурдоранд ки дар ҳамаи мазоҳиб инъикос доранд ба яке аз онҳо маҳдуд намешаванд. Аз ин рӯ, мо дар канори манобеъи аҳли суннат ғолибан ба манобеъи шиъа низ ирҷоъ додаем то вуҷуди онҳо дар манобеъи ҳар ду мазҳаб маълум шавад; Монанди ривоёти Маҳдӣ ва ривоёти парчамҳои сиёҳи Хуросонӣ ки дар ҳар ду мазҳаб машҳуранд ва дар куҳантарин манобеъи онҳо мушоҳида мешаванд.

3 . Бино бар фарз ҳуҷҷияти ривояти воҳид, милоки қабули он, васоқат ва сидқи ровӣ аст, на мазҳаби ӯ; Чароки мумкин аст ровии шиъа каззоб ва ҷаъл кунанда бошад ва ровии суннӣ сиқа ва садуқ, дар ҳоле ки наметавон ривояти каззоб ва ҷаъл кунандаро танҳо ба эътибори онки шиъа аст, пазируфт ва ривояти сиқа ва садуқро танҳо ба эътибори онки шиъа нест, рад кард. Аз ин рӯ, бисёрӣ аз ровиёни ривояти шиъа, аҳли суннат ё Зайдӣ ё Кайсонӣ ё Фатаҳӣ ё Воқифӣ будаанд ва бо ин ҳол, олимони шиъа –назар ба васоқат ва сидқи онон– ба ривоёташон истинод доштаан; Ҳамчунонки бисёрӣ аз ровиёни ривоёти аҳли суннат, шиъа будаанд ва бо ин ҳол, олимони аҳли суннат –назар ба васоқат ва сидқи онон– ба ривоёташон истинод доштаанд; Чароки эътибор ба васоқат ва сидқи ровӣ аст, на мазҳаби ӯ. Аз инҷо дониста мешавад ки истинод ба ривоёти шиъа ё аҳли суннат ҳаргоҳ тавассути ровиёни сиқа ва садуқ расида бошад, яксон аст.

4 . Сухани шумо мабнӣ бар инки ривоёти аҳли суннатро қабул надоред ва сирфан ривоётеро қобили истинод медонед ки дар манобеъи шиъа омада, сухани мутаноқиз аст; Зеро бисёрӣ аз ривоёте ки дар манобеъи шиъа омада, тавассути ровиёне ривоят шудааст ки аҳли суннат будаанд ва бо ин васф, истинод ба ривоёте ки дар манобеъи шиъа омада, ба маънои истинод ба ривоёти аҳли суннат аст. Вонгаҳе бисёрӣ аз ривоёте ки дар манобеъи аҳли суннат омада, тавассути ровиёне ривоят шудааст ки шиъа будаанд; Чунонеки Табасӣ дар китоби «Риҷолу шиъа фи асониду сунна» 140 тан аз ононро ном бурдааст ва бо ин васф, адами истинод ба ривоёте ки дар манобеъи аҳли суннат омада, мусталзими адами истинод ба бисёрӣ аз ровиёни шиъа аст. Ба илова, бисёрӣ аз ривоёти шиъа бар сиҳҳати ривоёти аҳли суннат аз Паёмбар ва аҳли байт, таъкид доранд; Монанди ривояти Мансур ибни Ҳозим аз имоми Содиқ алайҳи салом ки дар он омадааст: «قُلْتُ: أَخْبِرْنِي عَنْ أَصْحَابِ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ صَدَقُوا عَلَى مُحَمَّدٍ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ أَمْ كَذَبُوا؟ قَالَ: بَلْ صَدَقُوا»[3]; «Гуфтам: Манро аз асҳоби Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хабар бидеҳ ки оё аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз рӯӣ сидқ ривоят кардаанд ё бар ӯ дурӯғ бастаанд? Фармуд: Балки аз рӯӣ сидқ ривоят кардаанд» Ва ривояти Ҳишом ибни Солим ки дар он омадааст: «قُلْتُ لِأَبِي عَبْدِ اللَّهِ عَلَيْهِ السَّلَامُ: جُعِلْتُ فِدَاكَ، عِنْدَ الْعَامَّةِ مِنْ أَحَادِيثِ رَسُولِ اللَّهِ شَيْءٌ يَصِحُّ؟ فَقَالَ: نَعَمْ، إِنَّ رَسُولَ اللَّهِ أَنَالَ وَأَنَالَ وَأَنَالَ وَعِنْدَنَا مَعَاقِلُ الْعِلْمِ وَفَصْلُ مَا بَيْنَ النَّاسِ»[4]; «Ба имоми Содиқ алайҳи салом гуфтам: Фидоят шавам, оё назди аҳли суннат аз аҳодиси Расули Худо чизе ҳаст ки саҳиҳ бошад? Фармуд: Оре, ҳароина Расули Худо баҳраманд сохт ва баҳраманд сохт ва баҳраманд сохт ва назди мо пуштивонаҳои дониш ва файсалае миёни мардум аст» Ва ривояти Муҳаммад ибни Муслим ки дар он омадааст: «قُلْتُ لِأَبِي عَبْدِ اللَّهِ عَلَيْهِ السَّلَامُ: إِنَّا نَجِدُ الشَّيْءَ مِنْ أَحَادِيثِنَا فِي أَيْدِي النَّاسِ، قَالَ: فَقَالَ لِي: لَعَلَّكَ لَا تَرَى أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ أَنَالَ وَأَنَالَ ثُمَّ أَوْمَئَ بِيَدِهِ عَنْ يَمِينِهِ وَعَنْ شِمَالِهِ وَمِنْ بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ وَإِنَّا أَهْلَ الْبَيْتِ عِنْدَنَا مَعَاقِلُ الْعِلْمِ وَضِيَاءُ الْأَمْرِ وَفَصْلُ مَا بَيْنَ النَّاسِ»[5]; «Ба имоми Содиқ алайҳи салом гуфтам: Мо бахше аз аҳодисамонро дар дастони аҳли суннат меёбем, пас ба ман фармуд: Шояд ту гумон намекунӣ ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мардумро баҳраманд сохта ва баҳраманд сохта -сипас бо дасти худ ба рост ва чап ва пеш ишора кард (яъне аз ҳар сӯ)- ва назди мо аҳли байт пуштивонаҳои дониш ва рӯшании кор ва файсалае миёни мардум аст» Ва ривояти Абу Басир аз имоми Боқир ё имоми Содиқ алайҳимо салом ки дар он омадааст: «لَا تُكَذِّبُوا الْحَدِيثَ إِذَا أَتَاكُمْ بِهِ مُرْجِئٌ وَلَا قَدَرِيٌّ وَلَا حَرُورِيٌّ يَنْسِبُهُ إِلَيْنَا فَإِنَّكُمْ لَا تَدْرُونَ لَعَلَّهُ شَيْءٌ مِنَ الْحَقِّ فَيُكَذَّبُ اللَّهُ فَوْقَ عَرْشِهِ»[6]; «Ҳадисро ҳаргоҳ касе аз Мурҷиъа ё Қадария ё Хавориҷ бароятон овард ва ба мо нисбат дод дурӯғ нашуморед; Чароки шумо намедонед шояд он чизе аз ҳақ бошад, пас Худованд дар болои аршаш такзиб шавад» Ва ривояти Абу Ҷаъфари Тувсӣ аз имоми Содиқ алайҳи салом ки дар он омадааст: «إِذَا نَزَلَتْ بِكُمْ حَادِثَةٌ لَا تَجِدُونَ حُكْمَهَا فِيمَا رُوِيَ عَنَّا فَانْظُرُوا إِلَى مَا رَوَوْا عَنْ عَلِيٍّ عَلَيْهِ السَّلَامُ فَاعْمَلُوا بِهِ»[7]; «Ҳаргоҳ ҳодисае бароятон пеш омад ки ҳукми онро дар чизе ки аз мо ривоят шудааст намеёбед, пас ба чизе ки (аҳли суннат) аз Алӣ алайҳи салом ривоят кардаанд бингаред ва ба он амал кунед». Бинобарин, сухани шумо мабнӣ бар инки танҳо ба ривоёти шиъа истинод мекунед, бар хилофи ривоёти шиъа аст!

5 . Умуми ривоёти аҳли суннат ки мавриди истиноди мо қарор гирифтаанд, бо китоби Худованд ва қавоъиди ақлӣ созугоранд ва аз ин рӯ, наметавон онҳоро ривоётӣ суннӣ донист; Зеро маълум аст ки китоби Худованд махсуси ба аҳли суннат нест ва қавоъиди ақлӣ барои ҳамаи мазоҳиб яксон аст.

↑[1] . Дар ин бора бингаред ба: Нақд ва баррасии 37.
↑[2] . Дар ин бора бингаред ба: Пурсиш ва посухи 300.
↑[3] . Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ1, с65
↑[4] . Саффор, Басоъирул Дараҷот, с383; Муфид, Ал-Ихтисос, с308
↑[5] . Саффор, Басоъирул Дараҷот, с385
↑[6] . Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ1, с230
↑[7] . Иддатул Усул [тибъи ҷадид], ҷ1, с149