Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 31/5/2016

Оё задани сируми (капелницаи) қандӣ ё намакӣ ва ё омпули (уколи) витомин бидуни дастури пизишк рӯзаро ботил мекунад?

Посух ба пурсиши шумораи: 5 Тарихи посух ба пурсиш: 6/6/2016

Истифода аз сирум ва омпул (укол) ҳовии маводди ғазойи, дар сурате ки аз рӯӣ зарурат набошад, кароҳат дорад, балки агар ба қасди рафъи осори табиъии рӯза монанди гуруснагӣ ва ташнагӣ бошад, қатъан ҳаром аст ва баъид нест ки мубтил бошад; Чароки ғарази Худованд аз ташриъи рӯза, тараттуби осори табиъии он ба манзури таъаббуд ва аз боби имтиҳон аст ва бо ин васф, ворид кардани маводди хӯрданӣ ва ошомиданӣ ба бадан бидуни хӯрдан ва ошомидан, нақзи ғарази Худованд ва давр задани ҳукми Ӯ ва ба манзалаи ҳила ва тақаллуб аст, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: ﴿فَادْعُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ[1]; «Худовандро бо холис сохтани дин барои Ӯ бихонед» Ва фармудааст: ﴿وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ[2]; «Ва амр нашуданд магар ба инки Худовандро бо холис сохтани дин барои Ӯ ибодат кунанд» Ва фармудааст: ﴿إِنَّ الْمُنَافِقِينَ يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَهُوَ خَادِعُهُمْ[3]; «Ҳароина мунофиқон мехоҳанд Худовандро фиреб диҳанд, дар ҳоле ки Ӯ фиребандаи онон аст» Ва фармудааст: ﴿يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَمَا يَخْدَعُونَ إِلَّا أَنْفُسَهُمْ وَمَا يَشْعُرُونَ[4]; «Мехоҳанд Худованд ва касоне ки имон дорандро фиреб диҳанд, дар ҳоле ки ҷуз худро фиреб намедиҳанд ва намедонанд»!

Худованд ба ҳамаи мусалмонон тавфиқи ибодати холисона ато фармояд.

↑[1] . Ғофир/ 14
↑[2] . Баййина/ 5
↑[3] . Нисоъ/ 142
↑[4] . Бақара/ 9