Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 31/5/2016

Оё фурӯ бурдани тамоми сар дар об рӯзаро ботил мекунад?

Посух ба пурсиши шумораи: 4 Тарихи посух ба пурсиш: 6/6/2016

Се чиз аст ки рӯзаро ботил мекунад: Наздикӣ кардан, хӯрдан ва ошомидан; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَالْآنَ بَاشِرُوهُنَّ وَابْتَغُوا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَكُمْ ۚ وَكُلُوا وَاشْرَبُوا حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَكُمُ الْخَيْطُ الْأَبْيَضُ مِنَ الْخَيْطِ الْأَسْوَدِ مِنَ الْفَجْرِ ۖ ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ[1]; «Акнун бо онон наздикӣ накунед ва чизе ки Худованд бароятон муқаррар доштаастро биҷӯйед ва биёшомед то он гоҳ ки хатти сапедаи фаҷр бароятон аз хатти сиёҳ мутамойиз шавад, он гоҳ рӯзаро то шаб идома диҳед». Бо ин васф, фуру бурдани сар дар об дар сурате ботил кунандаи рӯза аст ки мисдоқи ошомидани об бошад; Ба ин тартиб ки аввалан аз рӯӣ амд бошад, пас агар саҳван дар об бияфтад ё аз рӯӣ фаромӯшӣ сарро дар он фурӯ бибарад, ишколе надорад, сониян ба ғайри зарурат бошад; Пас агар аз рӯӣ зарурат ин корро анҷом диҳад ишколе надорад, солисан сабаби расидани об ба ҳалқ шавад; Пас агар сарро дар об фурӯ бибарад, вале аз он ба ҳалқи ӯ нарасад, ишколе надорад. Бинобарин, дар сурате ки амдан ва бидуни зарурат сари худро дар об фурӯ бибарад ва чизе аз он нохоста ба ҳалқи ӯ фурӯ равад, бояд қазои рӯзаро ба ҷо оварад, ҳар чанд каффорае бар ӯҳдаи ӯ нест; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: خَرَجْتُ صائِماً وَ الْعَطَشُ یُؤْذِینِي فَوَجَدْتُ نَهْراً فَغَمَسْتُ فِیهِ رَأسِي حَتَّى أَحْسَسْتُ بَرْدَ الْماءِ فِي حَلْقِي، فَظَنَنْتُ أَنَّ السَّماءَ سَقَطَتْ! قالَ: عَلَیْكَ الْقَضاءُ! قُلْتُ: أَ لَیْسَتْ کَفّارَةٌ؟ قالَ: لا وَ لَوْ قَصَدْتَ شُرْبَ الْماءِ لَکانَ عَلَیْكَ الْکَفّارَةُ»; «Ба ҳазрати Мансур гуфтам: Дар ҳоли рӯза берун омадам ва ташнагӣ озорам медод, пас наҳреро ёфтам, пас сари худро дар он фурӯ бурдам то инки хунукии обро дар гулӯям эҳсос кардам, пас (аз тарс) пиндоштам ки осмон афтод! Фармуд: Дар ӯҳдаи ту қазо аст! Гуфтам: Оё каффорае нест? Фармуд: На ва агар нӯшидани обро қасд карда будӣ, бар ӯҳдаи ту каффора буд»!

↑[1] . Бақара/ 187