Нависандаи пурсиш: Баётӣ Тарихи пурсиш: 30/5/2016

Назари ҳазрати аллома дар мавриди маросимҳое ки шиъаён барои мурдагони худ мегиранд чист ки шомили маросим хатму севвум ва ҳафтуму чиҳл ва шаби сол мебошад? Оё ин шакл маросимот мақбул аст ва дар Ислом буда ё ҷузви бидъатҳо аст?

Банда ҳар чи таҳқиқ кардам фақат ба ривояте аз Расули Аллоҳ (с) расидам ки фармуданд то 3 рӯз барои хонаводаи маййит ғазо бибаред. Беъзеҳо мегӯянд иллати ин кор [яъне маросимҳо] он аст ки руҳи мурдагон дар севвум ва ҳафтум ва чиҳилум ва як сол баъд аз марг ба ҷисм сар мезанад. Лутфан дар ин робита тавзиҳ бифармойед.

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 1/6/2016

Гирифтани маросим барои амвот дар рӯзҳойи муъайян рабте ба Ислом надорад ва аз русуми қавмӣ аст ва бо ин васф, касоне ки танҳо аз Ислом табаъият мекунанд, чунин маросимеро намегиранд ва касоне ки танҳо аз Ислом табаъият намекунанд, балки аз русуми қавмӣ монанди Ислом табаъият мекунад, чунин маросимеро мегиранд, дар ҳоле ки табаъият аз Ислом барои саъодати онон кофӣ аст; Чароки Ислом хатти эътидол ва ақлоният аст ва бо ин васф, костан аз он ё афзудан бар он ба маънои ифрот ё тафрит аст ки саъодати ононро таҳдид мекунад, ҳар чанд табаъият аз русуми қавмӣ бошад.

Оре, таъом додани хешон ва ҳамсоягон ба хонаводаи маййит то се рӯз, аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шуда ва кори бисёр хубе аст, вале сар задани арвоҳи мурдагон ба аҷсодашон дар рӯзи севвум, ҳафтум, чиҳилум ва як сол баъд аз марг, иддаъое дар бораи ғайб аст ки ниёз ба далили қатъӣ аз китоби Худо ё суннати Паёмбараш дорад, дар ҳоле ки чунин далиле дар даст нест.