Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 25/5/2016

Бо таваҷҷуҳ ба ҳурмати издивоҷ байни хоҳар ва бародар, бо қатли Ҳобил таваcсути Қобил, насли Одам бо чи издивоҷе идома ёфт?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 30/5/2016

Дар бораи инки насли Одам алайҳи салом бо чи издивоҷе тавассути фарзандони ӯ идома ёфт, миёни олимон ихтилоф аст; Ба ин тартиб ки бештари онон мӯътақиданд фарзандони ӯ ба ҳукми зарурат аз тариқи издивоҷ бо якдигар ба насли ӯ идома доданд ва бархӣ дигар мӯътақиданд ки чунин зарурате вуҷуд надошт; Чароки мумкин буд Худованд барои писарони Одам алайҳи салом ҳамсароне аз миёни ҷинниён ва занони Биҳиштӣ баргузинад то насли ӯ бидуни издивоҷи фарзандонаш бо ҳам идома ёбад; Чунонки ривоёте бо ин мазмун аз аҳли байт расидааст[1]. Бо ин ҳол, инсоф он аст ки эътиқоди гурӯҳи нахуст бо зоҳири китоби Худованд созгорат аст; Чароки дар китоби Худованд омадааст: ﴿خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً[2]; «Шуморо аз як тан Офарид ва аз ӯ ҳамсарашро халқ Кард ва аз он ду мардон ва занон бисёреро падид Овард» Ва мутабодир аз он адами дахолати касе ҷуз он ду ва фарзандонашон дар идомаи насл аст; Ҳамчунонки ривоёте низ дар таъйиди ин эътиқод аз аҳли байт расидааст; Монанди ривояти сариҳ ва саҳиҳе ки Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Ҳумайро (д.304қ) дар китоби Қурбул Иснод[3] аз Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абӣ Наср нақл кардааст ки гуфт: «سَأَلْتُهُ [یَعْنِي عليَّ بْنَ موسَی الرِّضا] عَنِ النَّاسِ كَيْفَ تَناسَلُوا مِنْ آدَمَ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ؟ فَقالَ: حَمَلَتْ حَوّاءُ هابِيلَ وَ أُخْتاً لَهُ فِي بَطْنٍ، ثُمَّ حَمَلَتْ فِي الْبَطْنِ الثّانِي قابِيلَ وَ أُخْتاً لَهُ فِي بَطْنٍ، فَتَزَوَّجَ هابِيلُ الّتِي مَعَ قابِيلَ وَ تَزَوَّجَ قابِيلُ الّتِي مَعَ هابِيلَ، ثُمَّ حَدَثَ التَّحْرِيمُ بَعْدَ ذَلِكَ»; «Аз он ҳазрат [яъне Алӣ ибни Мусарризо] дар бораи мардум пурсидам ки чигуна аз Одам саллаллоҳу алайҳи таносул ёфтанд? Фармуд: Ҳавоъ дар як шикам ба Ҳобил ва хоҳари ӯ бордор шуд, сипас дар шиками дуввум ба Қобил ва хоҳари ӯ бордор шуд, пас Ҳобил бо духтаре ки ҳамроҳи Қобил буд издивоҷ кард ва Қобил бо духтаре ки ҳамроҳи Ҳобил буд издивоҷ кард ва сипас таҳрим баъд аз он пайдо шуд»; Дар ҳоле ки ақидаи дуввум бисёр баъид ва таклифомез аст; Чароки бар хилофи табиъат, одат ва зоҳири китоби Худованд аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки имкони омезиши инсон ва ҷин бо назар ба ихтилофи навъи он ду собит нест ва дар сурати имкон низ мумкин аст монанди омезиши инсон ва ҳайвон бошад ки мунҷар ба таваллуд намешавад ва ба фарз ки мунҷар ба таваллуд шавад низ ҳаром аст ва баъид нест ки ҳурмати он аз ҳурмати омезиши бародар ва хоҳар бештар бошад; Чунонки Худованд мушорикати шайтон дар фарзандони Одамро аз муҳимтарин аҳдофи ӯ дониста ва фармудааст: ﴿وَشَارِكْهُمْ فِي الْأَمْوَالِ وَالْأَوْلَادِ[4]; «Ва бо онон дар амвол ва авлод мушорикат кун» Ва бо ин васф, бисёр баъид аст ки Худованд худ онро таҷвиз карда бошад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки чунин мушорикате мусталзими ихтилоли насаби одамиён ва ихтилоти он бо насаби ҷинниён ва ба маънои нимаҷин будани инсонҳо аст ки қобили илтизом нест ва ба ин тартиб, таволии фосиди он аз таволии фосиди издивоҷи фарзанди Одам бо ҳам бештар аст; Фориғ аз инки ишколро низ бартараф намекунад; Чароки чунин ишколе дар бораи идомаи насли ҷинниён низ вуҷуд дорад ва тавҷиҳи он бо улгуӣ мушоба, мусталзими тасалсул аст; Ҳамчунонки ихтиёри ҳамсароне барои писарони Одам алайҳи салом аз миёни занони Биҳиштӣ низ дар сурате мумкин аст ки таваллуди инсон аз занони Биҳиштӣ мумкин бошад, дар ҳоле ки имкони он собит нест ва шоҳиде низ дар китоби Худованд барои он ёфт намешавад.

Оре, мумкин аст ки Худованд барои фарзандони Одам алайҳи салом ҳамсароне аз хок офарида бошад, чунонки барои худи ӯ низ –бино бар назари маъқултар– ҳамсаре аз хок офарид; Ҷуз онки ин низ сирфан дар ҳадди имкон аст ва далиле барои он вуҷуд надорад, бал бо зоҳири китоби Худованд ки танҳо дар бораи офариниши Одам алйҳи салом аз хок ба масобаи хусусияте барои ӯ сухан гуфта, носозгор аст. Бо ин васф, метавон натиҷа гирифт ки қавитарин эҳтимол дар ин бора ақидаи машҳури мусалмонон аст; Хусусан бо лиҳози издивоҷи хоҳар ва бародар бино бар ҳукми шаръ ҳаром шуда ва табъан дар сурате ки чунин ҳукме барои фарзандони Одам алайҳи салом набуда бошад, аслан барои онон ҳурмате надоштааст то ниёз ба ин такллуфот дошта бошад ва фарзандони ношӣ аз он машрӯъ будаанд.

↑[1] . Нигоҳ кунед ба: Маҷлисӣ, Беҳорул Анвор, ҷ11, с223.
↑[2] . Нисоъ/ 1
↑[3] . с366
↑[4] . Исроъ/ 64
Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Алӣ Розӣ Тарихи таълиқ: 2/6/2016

Одам ва Ҳаво ғайр аз Ҳобил ва Қобил ва хоҳаронашон фарзандони дигаре ҳам доштаанд. Оё онҳо ҳам ба мисли Ҳобил ва Қобил бо хоҳарони дигар издивоҷ кардаанд? Оё Одам ва Ҳаво ҳам падар ва модаре аз ҷинси одамҳои қаблӣ доштаанд? Бархӣ мӯътақиданд бар асоси усули ақлӣ ва илмӣ бояд падар ва модаре медоштаанд ва инки гуфта мешавад мустақим аз гил офарида шудаанд аз исроилиёт аст! Ва мӯътақиданд қабл ва ҳамзамон бо Одам ва Ҳаво одамҳои дигаре будаанд ки Одам ва Ҳаво аз онҳо ҳастанд, вале шаройит ба гунае буда ки такомули женетикии эҷод шуда ва Одам ва Ҳаво инсонҳои баргузида шудаанд. Истидлоли ин афрод ояи 33 сураи Оли Имрон аст ки мефармояд Худованд Одам ва ... ро баргузид бар ҷаҳониён ва ин нишон медиҳад ки ҳамзамон ва қаблу баъд аз эшон бояд одамҳои дигаре бошанд Аллоҳу аълам.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 12/6/2016

Касоне ки бо эътимод ва бархӣ достонҳои дониши таҷрибӣ, ахбори қатъӣ ва сариҳи динро инкор ё таъвил мекунанд, кори дурусте анҷом намедиҳанд; Чароки дониши таҷрибӣ ба иқтизои иттикоъаш бар таҷориб маҳдуд ва мутаъоризи донишмандон, ҳамвора ноқис ва дар маърази таҳаввул буда, дар ҳоле ки дин ба иқтизои иттикоъаш бар ваҳй, аз камол ва суботи кофӣ бархурдор аст ва бо ин васф, ахбори қатъӣ ва сариҳи дин ба маротиб аз дастовардҳои дониши таҷрибӣ қобили эътимодтар аст, магар дар назари моддагароён ки ваҳйро бовар надоранд ё аз синхи сойири таҷориби башарӣ ва беиртибот бо ғайб мепиндоранд. Бар ин асос, тардиде нест ки Одам алайҳи салом нахустин башар буда ва аз хок офарида шуда ва падари инсонҳои кунунӣ аст ва табъан падар ва модаре надоштааст; Чароки Худованд бо қатъият ва сароҳат аз он хабар дода ва ба унвони намуна, фармудааст: ﴿وَبَدَأَ خَلْقَ الْإِنْسَانِ مِنْ طِينٍ[1]; «(Худованд) офариниши инсонро аз гил оғоз кард» Ва фармудааст: ﴿وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ مِنْ صَلْصَالٍ مِنْ حَمَإٍ مَسْنُونٍ[2]; «Ҳароина Мо инсонро аз гили хушкидае (баргирифта) аз гили тираранги кӯҳнае Офаридаем» Ва фармудааст: ﴿وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ مِنْ سُلَالَةٍ مِنْ طِينٍ[3]; «Ҳароина Мо инсонро аз чакидае аз гил Офаридаем» Ва фармудааст: ﴿خَلَقَ الْإِنْسَانَ مِنْ صَلْصَالٍ كَالْفَخَّارِ[4]; «Инсонро аз гили хушк шудае монанди сафол Офаридем» Ва фармудааст: ﴿إِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي خَالِقٌ بَشَرًا مِنْ طِينٍ ۝ فَإِذَا سَوَّيْتُهُ وَنَفَخْتُ فِيهِ مِنْ رُوحِي فَقَعُوا لَهُ سَاجِدِينَ[5]; «Ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: Ман офаринандаи башаре аз гил ҳастам; Пас чун ӯро баробар кардам ва аз руҳам дар он дамидам барои ӯ ба саҷда бияфтед» Ва фармудааст: ﴿إِنَّ مَثَلَ عِيسَى عِنْدَ اللَّهِ كَمَثَلِ آدَمَ ۖ خَلَقَهُ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ قَالَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ[6]; «Ҳароина масали Исо назди Худованд масали Одам аст ки ӯро аз хок офарид, сипас ба ӯ фармуд бош, пас шуд» Ва фармудааст: ﴿وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَكُمْ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ إِذَا أَنْتُمْ بَشَرٌ تَنْتَشِرُونَ[7]; «Ва аз оёти Ӯ он аст ки шуморо аз хок офарид, пас ногоҳ башаре шудед ки густариш меёбед» Ва фармудааст: ﴿يَا بَنِي آدَمَ لَا يَفْتِنَنَّكُمُ الشَّيْطَانُ كَمَا أَخْرَجَ أَبَوَيْكُمْ مِنَ الْجَنَّةِ[8]; «Эй фарзандони Одам! Мабодо шайтон шуморо бифиребад ҳамон тавр ки падар ва модаратонро аз Биҳишт берун кард» Ва рӯшан аст ки ин оёти ва оёти мушобаи дигар, сариҳи дар ин маъно ҳастанд, то ҳадде ки инкори он бо вуҷуди сароҳати онҳо, инкори зарурии Ислом ва аз масодиқи иртидод ё нифоқ аст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки офариниши чизе аз гил ва сипас дамидани руҳ дар он, коре аст ки ба изни Худованд тавассути Исо алайҳи салом низ анҷом шуда; Чунонки Худованд ба нақл аз ӯ фармудааст: ﴿أَنِّي أَخْلُقُ لَكُمْ مِنَ الطِّينِ كَهَيْئَةِ الطَّيْرِ فَأَنْفُخُ فِيهِ فَيَكُونُ طَيْرًا بِإِذْنِ اللَّهِ[9]; «Ҳароина ман барои шумо аз гил чизе ба шакли паранда месозам ва сипас дар он медамам, пас ба изни Худованд паранда мешавад» Ва ин метавонад намунаи ъайнӣ ва мушоба барои офариниши Одам алайҳи салом бошад.

Аммо ояи ﴿إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَى آدَمَ وَنُوحًا وَآلَ إِبْرَاهِيمَ وَآلَ عِمْرَانَ عَلَى الْعَالَمِينَ[10]; «Ҳароина Худованд Одам ва Нуҳ ва хонадони Иброҳим ва хонадни Имронро бар ҷаҳониён баргузид», мунофоте бо сойири оёт надорад; Зеро мурод аз баргузидагӣ дар он, баргузидагӣ барои хилофати Худованд дар замин аст ки миёни Одам ва Нуҳ ва хонадони Иброҳи ва хонадони Имрон муштарак аст; Чунонки Худованд дар бораи Одам алайҳи салом фармудааст: ﴿وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً[11]; «Ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам» Ва рӯшан аст ки баргузидагии Одам алайҳи салом барои хилофат дар замин, нисбат ба соири махлуқоти Худованд монанди фариштагон буд ки ба саҷда кардан барои ӯ маъмур шуданд ва аз ҳамин рӯ, сабаби ҳасодати иблис шуд.

Албатта ин ба маънои он нест ки пеш аз Одам алайҳи салом ҳайвонотӣ «Инсоннамо» (дорои шабоҳати зоҳири ба инсон) вуҷуд надоштаанд; Чароки вуҷуди чунин ҳайвоноте ақлан мумкин аст ва дар шаръ низ нафй нашудааст, вале вуҷуди онҳо ба маънои ин нест ки Одам алайҳи салом аз насли онҳо падид омадааст; Зеро касе ки Одам алайҳи саломро офарида, хабар дода ки ӯ нахустин «Инсон» буда ва аз хок офарида шуда ва падари инсонҳои кунунӣ аст ва падару модаре надоштааст ва тардиде нест ки офаринандаи ӯ аз дигарон дар бораи ӯ огоҳтар аст; Чунонки фармудааст: ﴿أَلَا يَعْلَمُ مَنْ خَلَقَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ[12]; «Оё касе ки офаридааст намедонад?! Дар ҳоле ки Ӯ борикбини огоҳ аст» Ва фармудааст: ﴿مَا أَشْهَدْتُهُمْ خَلْقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلَا خَلْقَ أَنْفُسِهِمْ وَمَا كُنْتُ مُتَّخِذَ الْمُضِلِّينَ عَضُدًا[13]; «Ман онҳоро ба ҳангоми офариниши осмонҳо ва замин ва ба ҳангоми офариниши худашон ҳозир насохтам ва ҳаргиз гумроҳонро бозуӣ худ қарор Надодам». Бинобарин, пеш аз Одам алайҳи салом инсоне дар замин вуҷуд надошта, вале мумкин аст ки махлуқотӣ «Инсоннамо» вуҷуд дошта бошанд ва пеш аз Одам алайҳи салом ё пас аз ӯ мунқариз шуда бошанд; Чунонки дар ривояте омадааст ки пеш аз ӯ, махлуқотӣ мавсум ба «Наснос» дар замин зиндагӣ мекарданд[14] ва ин номӣ баргирифта аз «Нос» аст ки ба ташобаи онҳо бо инсон ишора дорад; Чунонки дар тавсифи онҳо гуфтаанд: «خَلْقٌ فِي صُورَةِ النّاسِ، أَشْبَهُوهُمْ فِي شَيْءٍ وَخالَفُوهُمْ فِي شَيْءٍ، وَلَيْسُوا مِنْ بَنِي آدَمَ»[15] «Махлуқоте ба шакли мардум ки дар бархӣ чизҳо бо онҳо шабоҳат доранд ва дар бархӣ чизҳо бо онҳо тафовут доранд ва аз фарзандони Одам нестанд». Аммо оё дар сурати инқирози ин махлуқот пас аз Одам алайҳи салом, мумкин аст миёни онҳо ва бархӣ инсонҳо робитаи ҷинсӣ барқарор шуда бошад? Мукин аст; Чароки робитаи ҷинсӣ миёни инсонҳо ва ҳайвоноти ғайри мушоба низ имкон дорад ва аз ин рӯ, ҳаром аст ва бо ин васф, дар сурати вуҷуди ҳайвоноте «Инсоннамо» дар замони инсонҳо, барқарор шудани робитаи ҷинсӣ миёни онҳо бисёр мӯҳтамал буда, аммо оё мумкин аст насле аз ин робитаи ҷинсӣ падид омада бошад? Дар сурати вуҷуди ташобаи кофӣ миёни бадани онҳо мумкин аст, вале на ба андозае ки битавон инсонҳои кунуниро ношӣ аз чунин равобите донист, бал ба андозаи бисёр ночиз ки наметавонад итлоқи «Банӣ Одам» бар инсонҳои кунуниро махдуш кунад; Чунонки дар ривояте омадааст: «النَّاسُ وُلْدُ آدَمَ مَا خَلَا يَأْجُوجَ ومَأْجُوجَ»[16]; «Ҳамаи мардум фарзандони Одам ҳастанд, магар яъҷуҷ ва маъҷуҷ» Ва онҳо ду қабила аз қабоили муғул буданд ки маълум нест чизи чандоне аз онҳо боқӣ монда бошад[17].

↑[1] . Саҷда/ 7
↑[2] . Ҳҷар/ 26
↑[3] . Мӯъминун/ 12
↑[4] . Арраҳман/ 14
↑[5] . Сод/ 71 ва 72
↑[6] . Оли Имрон/ 59
↑[7] . Рум/ 20
↑[8] . Аъроф/ 27
↑[9] . Оли Имрон/ 49
↑[10] . Оли Имрон/ 33
↑[11] . Бақара/ 30
↑[12] . Мулк/ 14
↑[13] . Каҳф/ 51
↑[14] . Ибни Бобувей, Илалул Шаройеъ, ҷ1, с104; Алӣ ибни Иброҳим, Тафсирул Қумӣ, ҷ1, с36
↑[15] . Халил ибни Аҳмад, Ал-ъайн, ҷ7, с200
↑[16] . Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ8, с220
↑[17] . Нигоҳ кунед ба: Гуфтори 43, фақараи 2.