Нависандаи пурсиш: Фарҳоди Гулистон Тарихи пурсиш: 24/5/2016

Се суъол ба шарҳи зер дорам ки хоҳишманд аст дар хусуси онҳо изҳори назар фармойед:

А) Дар ояи «إنّ إلینا إیابهم», замири «نا» ба чи кас ё касоне бар мегардад? Чаро аз замири «ی» истифода нашудааст?

Б) Аз онҷойе ки Худованд дар бархӣ оёти Қуръон аз замири мутакаллими ваҳда истифода кардааст, чи манзури мутафовите аз оёте ки аз замири мутакаллми маъалғайр истифода кардааст, дорад?

В) Дар мавриди ду ояи «الله یتوفّی الأنفس» ва «یتوفّاکم ملک الموت» изҳори назар фармойед.

Муташаккирам

Посух ба пурсиши шумораи: 4 Тарихи посух ба пурсиш: 28/5/2016

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Замири «نا» дар ояи муборакаи ﴿إِنَّ إِلَيْنَا إِيَابَهُمْ[1]; «Бегумон бозгашти онон ба сӯӣ Мост», ба Худованди баландмартаба боз мегардад; Чунонки дар оёти дигаре ба ин маъно тасриҳ шуда ва ба унвони намуна, омадааст: ﴿اللَّهُ يَبْدَأُ الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ ثُمَّ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ[2]; «Худованд офариниширо оғоз мекунад ва сипас бар мегардонад ва сипас ба сӯӣ Ӯ боз мегардед» Ва омадааст: ﴿وَلَهُ أَسْلَمَ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ طَوْعًا وَكَرْهًا وَإِلَيْهِ يُرْجَعُونَ[3]; «Ва ҳар кас дар осмонҳо ва замин аст хоста ва нохоста таслими Ӯ шудааст ва ба сӯӣ Ӯ боз мегарданд» Ва омадааст: ﴿هُوَ يُحْيِي وَيُمِيتُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ[4]; «Ӯст ки зинда мекунад ва мемиронад ва ба сӯи Ӯ боз мегардед» Ва омадааст: ﴿هُوَ رَبُّكُمْ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ[5]; «Ӯ Парвардигори шумост ва ба сӯӣ Ӯ боз мегардед». Бо ин васф, истифода аз замири ҷамъ ба ҷойи муфрад дар ояи мариди суъол, аз боби таъзим аст; Чунонки дар забони Фораӣ низ истифода аз замири ҷамъ ба ҷойи муфрад аз боби таъзим ройиҷ аст; Ба ин сурат ки ба ҷойи «Ман», «Мо» ва ба ҷойи «Ту», «Шумо» ва ба ҷойи «Ӯ», «Эшон» гуфта мешавад.

2 . Мутабодир аз сухани Худованд дар ҳамаи мавориде ки ба ҷойи замири мутакаллими ваҳда аз замири мутакаллими маъалғайр истифода фармуда, таъзим аст, вале бино бар назари бархӣ муфассирон мумкин аст дар бархӣ маворид низ ба Малоъика ба масобаи аёдӣ ва ҷунуди худ назар дошта бошад, дар ҳоле ки ин бар хилофи зоҳири сухани Ӯст ва ниёз ба қарина дорад, балки ҷамъ бастани Худованд ва Малоика бо як замир холӣ аз ишкол нест; Чароки худованд ва Малоика дар як дараҷа нестанд то ҷамъ байни онҳо ҳам саҳиҳ бошад; Чунонки Худованд дар ҳамаи маворид, Малоикаро ҷудо аз Худ ёд карда ва ба унвони намуна фармудааст: ﴿لَكِنِ اللَّهُ يَشْهَدُ بِمَا أَنْزَلَ إِلَيْكَ ۖ أَنْزَلَهُ بِعِلْمِهِ ۖ وَالْمَلَائِكَةُ يَشْهَدُونَ ۚ وَكَفَى بِاللَّهِ شَهِيدًا[6]; «Аммо Худованд ба чизе ки бар ту нозил кардааст шаҳодат медиҳад, онро бо илми худ нозил кардааст ва Малоика низ шаҳодат медиҳанд ва Худованд ба унвони шоҳид кофӣ аст», балки аз шумориши худ дар миёни бандагонаш ибо карда ва фармудааст: ﴿مَا يَكُونُ مِنْ نَجْوَى ثَلَاثَةٍ إِلَّا هُوَ رَابِعُهُمْ وَلَا خَمْسَةٍ إِلَّا هُوَ سَادِسُهُمْ[7]; «Ҳеҷ се нафаре нест ки бо якдигар наҷво мекунанд магар инки Ӯ чаҳорумини онон аст ва на панҷ нафаре магар инки Ӯ шашумини онон аст» Ва нафармудааст: «Севвумини се нафар» ва «Панҷумини панҷ нафар», балки чунин шуморишеро куфр дониста ва фармудааст: ﴿لَقَدْ كَفَرَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ ثَالِثُ ثَلَاثَةٍ[8]; «Ҳароина кофир шуданад касоне ки гуфтанд Худованд севвумини се нафар аст» Ва бо ин васф, ҷамъ байни Ӯ ва бандагонаш бо як замир шойиста нест.

Оре, дар мавориде ки таъкид бар ягонагии Ӯ дар суханаш мавзӯъият дошта, аз замири мутакаллими ваҳда истифода карда ва ба унвони намуна фармудааст: ﴿إِنَّنِي أَنَا اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدْنِي وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي[9]; «Ҳароина Ман Манам Худованд ки ҷуз Ман худойе нест, пас Манро бипараст ва намозро барои ёдам барпо дор», балки замири мутакаллими маъалғайрро ба замири мутакаллими ваҳда табдил карда ва фармудааст: ﴿وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا نُوحِي إِلَيْهِ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدُونِ[10]; «Ва пеш аз ту ҳеҷ паёмбареро Нафиристодем магар онки ба ӯ ваҳй Кардем ки ҳароина ҷуз Ман худойе нест пас Манро парастиш кунед»! Аз инҷо дониста мешавад ки Худованд дар мавориде ки азамати Ӯ мавзӯъияти бештаре дошта, аз замири мутакаллими маъалғайр ва дар мавориде ки ваҳдонияти Ӯ мавзӯъияти бештаре дошта аз замири мутакаллими ваҳда истифода фармудааст.

3 . Дар ояи ﴿اللَّهُ يَتَوَفَّى الْأَنْفُسَ حِينَ مَوْتِهَا[11]; «Худованд ҷонҳоро дар замони маргашон мегирад», гирифтани ҷонҳо ба Худованд нисбат дода шуда ва дар ояти ﴿قُلْ يَتَوَفَّاكُمْ مَلَكُ الْمَوْتِ الَّذِي وُكِّلَ بِكُمْ ثُمَّ إِلَى رَبِّكُمْ تُرْجَعُونَ[12]; «Бигӯ фариштаи марге ки бар шумо гумошта шудааст (ҷонҳои) шуморо мегирад ва он гоҳ ба сӯӣ Парвардигоратон боз мегардед», гирифтани ҷонҳо ба фариштаи марг нисбат дода шуда, ба унвони намуна аз ҷониби Худованд «Гумошта шудааст». Бинобарин, гӯйи дар посух ба ин пурсиш ки «Худованд чигуна ҷонҳоро мегирад?» фармудааст: «Ба василаи фариштаи марг» ва бо ин васф, миёни ду оя таъорузе вуҷуд надорад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки нисбат додани коре ба Худованд, лузуман ба маънои ин нест ки Худованд онро бидуни васила анҷом медиҳад, вале барои огоҳӣ аз вуҷуд ва моҳияти василаи Ӯ низ ба далил аст, монанди ояи ﴿قُلْ يَتَوَفَّاكُمْ مَلَكُ الْمَوْتِ ки далиле бар вуҷуд ва моҳияти василаи Ӯ дар гирифтани ҷонҳо аст.

↑[1] . Ғошия/ 25
↑[2] . Рум/ 11
↑[3] . Оли Имрон/ 83
↑[4] . Юнус/ 56
↑[5] . Ҳуд/ 34
↑[6] . Нисоъ/ 166
↑[7] . Муҷодила/ 7
↑[8] . Моъида/ 73
↑[9] . Тоҳо/ 14
↑[10] . Анбиёъ/ 25
↑[11] . Зумар/ 42
↑[12] . Саҷда/ 11