1 . أَخْبَرَنا حَمْزَةُ بْنُ جَعْفَرٍ الْقُمِّيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِمِيَّ الْخُراسانِيَّ أَيَّدَهُ اللّهُ تَعَالَى يَقُولُ: إِنَّكُمْ لَتُحَرِّمُونَ أَشْياءَ ما جَعَلَهَا اللّهُ إِلّا مَكْرُوهَةً فَكُلُوا مِنْ كُلِّ شَيْءٍ إِلّا ما حَرَّمَ كِتابُ اللّهِ! ثُمَّ قَرَأَ: ﴿قُلْ لَا أَجِدُ فِي مَا أُوحِيَ إِلَيَّ مُحَرَّمًا عَلَى طَاعِمٍ يَطْعَمُهُ إِلَّا أَنْ يَكُونَ مَيْتَةً أَوْ دَمًا مَسْفُوحًا أَوْ لَحْمَ خِنْزِيرٍ فَإِنَّهُ رِجْسٌ أَوْ فِسْقًا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّهِ بِهِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳамза ибни Ҷаъфари Қумӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аядуллоҳ таъоло мефармояд: Ҳароина шумо чизҳойеро ҳаром медонед ки Худованд онҳоро ҷуз макрӯҳ қарор надодааст, пас аз ҳар чизе бихуред магар чизе ки китоби Худованд ҳаром кардааст! Сипас (ин ояро) тиловат фармуд: «Бигӯ дар чизе ки ба ман ваҳй шудааст чизе ки бар хурандаи он ҳаром бошад намеёбам магар инки мурдоре ё хунӣ рехта шуда ё гӯшти хуке бошад ки наҷас аст ё фисқе бошад ки номи Худованд бар он бурда шудааст»[1]!

2 . أَخْبَرَنا عَبْدُ اللّهِ بْنُ حَبِيبٍ الطَّبَرِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْأَرْنَبِ وَ السَّنْجابِ وَ السُّلَحْفاةِ وَ الْحَيْوانِ الَّذِي لَمْ يُحَرِّمْهُ اللّهُ فِي الْقُرآنِ، فَقالَ: كُلٌّ مِنَ الطَّيِّباتِ فَاخْتارُوا الْأَطْيَبَ مِنْها فَالْأَطْيَبَ!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуллоҳ ибни Ҳабиби Табарӣ моро хабар додо, гуфт: Аз ҳазрати Мансур дар бораи харгӯш ва санҷоб ва локпушт ва ҳайвоноти дигар пурсидам ки Худованд дар Қуръон ҳаром накардааст, пас фармуд: Ҳамаи онҳо покизаанд, пас аз миёни онҳо ҳар чи покизатар астро ихтиёр кунед!

3 . أَخْبَرَنا عِيسَى بْنُ عَبْدِ الْحَمِيدِ الْجُوزَجانِيُّ، قالَ: دَخَلَ الْمَنْصُورُ سُوقاً وَ أَنا مَعَهُ فَمَرَّ عَلَى دُكّانٍ فِيهِ الْحِيتانُ فَرَأَى فِيهِ السِّلَوْرَ وَ الْمارْماهِيَ، فَأعْرَضَ عَنْهُ وَ قالَ: أُفٍّ! أُفٍّ! قُلْتُ: أَ حَرامٌ هَذَا؟ قالَ: لا، إِنَّمَا الْحَرامُ ما حَرَّمَ اللّهُ فِي كِتابِهِ وَ لَكِنَّهُمْ كانُوا يَعافُونَ الشَّيْءَ فَنَحْنُ نَعافُهُ!

Тарҷумаи гуфтор:

Исо ибни Абдулҳамиди Ҷавузҷонӣ моро хабар дод, гуфт: Ҳазрати Мансур дар ҳоле ки ман ҳамроҳаш будам ба бозоре дохил шуд бар дӯкконе гузашт ки дар он моҳиҳо буд, пас дар он гурбамоҳӣ ва мормоҳӣ дид, пас рӯйи худро баргардонд ва фармуд: Уф! Уф! Гуфтам: Оё ҳаром аст? Фармуд: На, ҳаром чизе аст ки Худованд дар китобаш ҳаром кардааст, вале онҳо (яъне салафи солеҳ) аз чизе кароҳат доштанд, пас мо низ кароҳат дорем!

Шарҳи гуфтор:

Барои огоҳии бештар дар бораи ин нуктаи муҳим, ба пурсиш ва посухи 107 муроҷиъа кунед.

↑[1] . Анъом/ 145