Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 30/4/2016

Ҳадди ҳиҷобро аз манзари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо назар ба Қуръон ва ахбори мутавотир баён фармойед.

Посух ба пурсиши шумораи: 7 Тарихи посух ба пурсиш: 4/5/2016

Ҳиҷоби воҷиб барои мард дар иртибот бо мардони дигар ва барои зан дар иртибот бо занони дигар, пӯшондани ду фарҷ аст ки аврати онҳо шумурда мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قُلْ لِلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصَارِهِمْ وَيَحْفَظُوا فُرُوجَهُمْ ۚ ذَلِكَ أَزْكَى لَهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا يَصْنَعُونَ ۝ وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ[1]; «Ба мардони мӯъмин бигӯ ки дидагони худро фурӯ пӯшанд ва фарҷҳои худро пос доранд, ин барояшон покизатар аст, ҳароина Худованд ба коре ки мекунанд огоҳ аст ва ба занон бигӯ ки дидагони худро фурӯ пӯшанд ва фарҷҳои худро пос доранд»; Бо таваҷҷуҳ ба инки зоҳири он вуҷуби фурӯ пӯшидани дидагони худ аз назар ба фарҷҳои дигарон ва пос доштани фарҷҳои худ аз назари онон аст ва муъайяди ин, сухани Худованд дар барои Одам ва Ҳаво алайҳи салом аст ки фармудааст: ﴿فَلَمَّا ذَاقَا الشَّجَرَةَ بَدَتْ لَهُمَا سَوْآتُهُمَا وَطَفِقَا يَخْصِفَانِ عَلَيْهِمَا مِنْ وَرَقِ الْجَنَّةِ[2]; «Пас чун аз дарахт чашиданд, авраташон барояшон намоён шуд ва шурӯ карданд ба ниҳодани баргҳои Биҳишт бар рӯйи он ду», Вале ҳиҷоби воҷиб барои мард дар иртибот бо заноне ки ба ӯ маҳрам нестанд, пӯшондани ҳамаи бадан ба ҷуз сар, рӯй, дастҳо то оринҷ ва поҳо то ду баромадагӣ аст ҳиҷоб барои зан дар иртибот бо мардоне ки ба ӯ маҳрам нестанд, пӯшондани ҳамаи бадан ба ҷуз рӯй ва ду кафи даст аст ки одатан дар муъоширатҳо ошкор мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا ۖ وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ ۖ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيْرِ أُولِي الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاءِ ۖ وَلَا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِنْ زِينَتِهِنَّ ۚ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ[3]; «Ва зебойиҳои худ ҷуз чизҳойе аз онҳо ки ошкор мешавадро намоён накунанд ва бояд рӯсариҳояшонро бар рӯйи геребонҳошон бияндозанд ва оройиши худро намоён накунанд магар барои шавҳаронашон ё падаронашон ё падарони шавҳаронашон ё писаронашон ё писарони шавҳаронашон ё бародаронашон ё писарони бародаронашон ё писарони хоҳаронашон ё занони (ҳамдина)шон ё бардагонашон ё бастагоне аз мардон ки гаройиши (ҷинсӣ) надоранд ё кӯдаконе ки аз авратҳои занон огоҳӣ наёфтаанд ва поҳойи худро ба гунае назананд ки зеварҳои пинҳонашон маълум шавад ва ҳамагӣ ба сӯӣ Худованд бозгардед эй мӯъминон бошад ки растгор шавед» Ва фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلَابِيبِهِنَّ ۚ ذَلِكَ أَدْنَى أَنْ يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ ۗ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا[4]; «Эй Паёмбар! Ба ҳамсаронат ва духтаронат ва занони мӯъминон бигӯ ки чодарҳояшонро бар худ фурӯ кашанд, он наздиктар аст ба инки шинохта шаванд ва озор нашаванд ва Худованд омӯрзандаи меҳрубон аст», магар занони солмондае ки умеде ба никоҳ надоранд ва барои онон ҷойиз аст ки бидуни худнамойи бо оройиш, чодарҳо ва рӯсариҳошонро канор гузоранд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَالْقَوَاعِدُ مِنَ النِّسَاءِ اللَّاتِي لَا يَرْجُونَ نِكَاحًا فَلَيْسَ عَلَيْهِنَّ جُنَاحٌ أَنْ يَضَعْنَ ثِيَابَهُنَّ غَيْرَ مُتَبَرِّجَاتٍ بِزِينَةٍ ۖ وَأَنْ يَسْتَعْفِفْنَ خَيْرٌ لَهُنَّ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ[5]; «Ва бар занони аз кор афтодае ки умеде ба никоҳ надоранд гуноҳе нест ки ҷомаҳошонро бидуни худнамойи бо оромиш канор бигзоранд ва агар пӯшидагӣ ҷӯянд барояшон беҳтар аст ва Худованд шунавойи доност».

↑[1] . Нур/ 30-31
↑[2] . Аъроф/ 22
↑[3] . Нур/ 31
↑[4] . Аҳзоб/ 59
↑[5] . Нур/ 60
Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Нарҷис Тарихи таълиқ: 25/1/2017

Бо арзи салом ва хаста набошед, назари ҳазрати алломаро дар бораи ниқоб ва кайфияти он дар ҷомеъаи кунунӣ мехостам.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 29/1/2017

Машҳури олимони мусалмон, пӯшондани рӯйро бар занон воҷиб надонистаанд, балки дар бораи адами вуҷуби пӯшондани он иддаъои иҷмоъ шудааст[1] Ва ин ба сабаби сухани Худованд аст ки фармудааст: ﴿وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا ۖ وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ[2]; «Ва занон зебойиҳои худ ҷуз чизҳойе аз онҳо ки ошкор мешавадро намоён накунанд ва бояд рӯсариҳошонро бар рӯйи геребонҳошон бияндозанд», бо таваҷҷуҳ ба инки аз як сӯ қадри мутаяққин аз ﴿مَا ظَهَرَ مِنْهَا; «Чизҳойе аз онҳо ки ошкор мешавад» дар миёни мусалмонон рӯй буда ва аз сӯйи дигар «Химор» ба маънои рӯсарӣ дар миёнашон сарро мепӯшонда, вале рӯй ва гоҳе геребонро намепӯшонда ва бо ин васф, амр накардан ба пӯшондани рӯй монанди геребон, далили бар адами вуҷуби пӯшондани он аст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки пӯшондани он дар ғолиби маворид монеъ аз шинохтаҳо ва таъомулҳои зарурӣ аст ва ин усру ҳараҷӣ баййин маҳсуб мешавад, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: ﴿يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ[3]; «Худованд барои шумо осонӣ мехоҳад ва барои шумо сахтӣ намехоҳад» Ва фармудааст: ﴿مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ[4]; «Худованд намехоҳад ки барои шумо дар дин тангнойе қарор диҳад».

Бо ин ҳол, пӯшондани рӯй барои занон ба шеваҳои мутаъораф, кори писандидае аст ки дар миёни салафи солеҳ марсум будааст; Чароки мусалламан пӯшидагии бештар барои онон аз пӯшидагии камтар беҳтар аст ва саломати бештаре барои нафси онон ва нафси мардон ба армуғон меоварад; Хусусан барои касоне аз онон ки рӯйи зеботаре доранд ва бидуни пӯшидани он сабаби ҷалби таваҷҷуҳи мардон мешаванд; Бар хилофи занони кофир ва фосиқ ки аз неъмати Ислом бебаҳраанд ва ширинии имонро начашидаанд ва аз ин рӯ, дар ҷалби таваҷҷуҳи мардон мусобиқа медиҳанд ва мекӯшанд ки монанди фурушандагони даврагард маҳосини матоъашонро ба намойиш гузоранд ё монанди мутакаббирони худписанд доштаҳошонро ба рухи гуруснагон ва ниёзмандон бикашанд, дар ҳоле ки бо ин корашон танҳо арзиши худ назди солеҳонро пойин меоваранд ва бадандешон ва фурумоягонро ба тамаъ меандозанд ва ин чизе аст ки ба суди онон нест, балки зиёнҳои бисёре барои онон дорад ва оқибат барои парҳезкорон аст.

↑[1] . Бингаред ба: Ибни Мутаҳҳари Ҳиллӣ, Тазкиратул Фуқаҳоъ [тибъи ҷадид], ҷ2, с446
↑[2] . Нур/ 31
↑[3] . Бақара/ 185
↑[4] . Моъида/ 6
Шумораи таълиқ: 2 Нависандаи таълиқ: Ҷавод Тарихи таълиқ: 14/2/2017

Мехоҳам бидонам доштани ҳиҷоб барои занон дар ҷомеъаи мисли Аврупо ки нигоҳи мардум нисбат ба мусалмонон ва ҳиҷоб бад шуда ва гоҳӣ авқот захми забон ва ё ҳатто хатароти ҷониро метавонад ба ҳамроҳ дошта бошад то чи андоза аз назари Ислом зарурӣ аст?

Ташаккур

Посух ба таълиқи: 2 Тарихи посух ба таълиқ: 22/2/2017

Доштани ҳиҷоб барои занони мусалмон дар ҳадде ки вуҷуби он табйин шуда зарурӣ аст, агарчи муҷиби маломати онон тавассути мардум шавад; Чароки нофармонии Худованд барои хушнуд сохтани мардум раво нест ва ба зиллат дар дунё ва азоб дар охират меанҷомад ва аз ин рӯ, Худованд дар ситойиши некон фармудааст: ﴿وَلَا يَخَافُونَ لَوْمَةَ لَائِمٍ[1]; «Ва аз маломати маломатгаре намеҳаросанд». Бо ин васф, агар занони мусалмон дар сарзамине қодир ба доштани ҳиҷоб нестанд, бар онон воҷиб аст ки ба сарзамини дигаре муҳоҷират кунанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ تَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ قَالُوا فِيمَ كُنْتُمْ ۖ قَالُوا كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الْأَرْضِ ۚ قَالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللَّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُوا فِيهَا ۚ فَأُولَئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۖ وَسَاءَتْ مَصِيرًا[2]; «Ҳароина касоне ки фариштагон ононро дар ҳоле ки ба худашон золим ҳастанд мемиронанд (ба онон) мегӯянд: Дар чи ҳол будед? Мегӯянд: Дар замин (аз амал ба аҳкоми Худованд) нотавон дошта мешудем, (фариштагон) мегӯянд: Оё замини Худованд паҳновар набуд то дар он муҳоҷират кунед?! Пас онон ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва бад бозгаштгоҳе аст»!

Аз инҷо дониста мешавад иқомати мусалмонон дар сарзамине ки қодир ба риъояти аҳкоми Ислом дар он нестанд, ҳаром аст, магар инки ба ҳеҷ ваҷҳ имкони хуруҷ аз онро надошта бошанд ки дар ин сурат умед меравад Худованд ононро бибахшояд; Чунонки фармудааст: ﴿إِلَّا الْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاءِ وَالْوِلْدَانِ لَا يَسْتَطِيعُونَ حِيلَةً وَلَا يَهْتَدُونَ سَبِيلًا ۝ فَأُولَئِكَ عَسَى اللَّهُ أَنْ يَعْفُوَ عَنْهُمْ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَفُوًّا غَفُورًا[3]; «Магар мардон ва занон ва кӯдакони мустазъафе ки ҳеҷ чорае наметавонанд ва ҳеҷ роҳе пайдо намекунанд, пас ононро шояд Худованд бибахшояд ва Худованд бахшояндаи омӯрзгор аст».

↑[1] . Моъида/ 54
↑[2] . Нисоъ/ 97
↑[3] . Нисоъ/ 98 ва 99
Шумораи таълиқ: 3 Нависандаи таълиқ: Отифа Ҳиҷозӣ Тарихи таълиқ: 8/4/2020

Оё бурдани бачаи 6 то 10 сола ба мачлиси занон ки занҳо дар он бидуни ҳиҷоб ҳастанд ва либоси роҳат ба тан доранд, ҷойиз аст?

Посух ба таълиқи: 3 Тарихи посух ба таълиқ: 12/4/2020

Кӯдакон ғолибан аз ҳафт солагӣ хуб ва бадро тамйиз медиҳанд ва ба тадриҷ шаҳватро дар меёбанд. Аз ин рӯ, барои занон бойиста аст ки ҳиҷобро назди онон риъоят кунанд; Зеро Худованд риъояти ҳиҷоб назди кӯдаконро воҷиб надонистааст ки ﴿لَمْ يَظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاءِ[1]; «Аз авратҳои занон огоҳӣ наёфтаанд» ва онон кӯдакони ғайри мумаййиз ҳастанд ки ғолибан камтар аз ҳафт сол доранд. Ҳар чанд шойиста аст ки чизҳойе монанди аврати ҷинсиро аз онон ҳам пинҳон дошт; Чароки мумкин аст бар рӯйи равон ва шахсияти онон асари манфӣ бигзорад; Чунонки ривоёти мутаъаддиде дар наҳй аз ҳамоғӯшӣ дар пеши чашми кӯдак, аъамми аз мумаййиз ё ғайри мумаййиз, расидааст; Монанди ривояте аз Алӣ алайҳи салом ки дар он омадааст: «نَهَى رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ أَنْ يُجامِعَ الرَّجُلُ امْرَأَتَهُ وَالصَّبِيُّ فِي الْمَهْدِ يَنْظُرُ إِلَيْهِما»[2]; «Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам наҳй фармуд аз инки мард бо зани худ наздикии кӯнад, дар ҳоле ки кӯдаке дар гаҳвора ба он ду менигарад» ва ривояте аз имом Ҷаъфари Содиқ алайҳи салом ки дар он омадааст: «إِيَّاكَ أَنْ تُجامِعَ أَهْلَكَ وَصَبِيٌّ يَنْظُرُ إِلَيْكَ، فَإِنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ كانَ يَكْرَهُ ذَلِكَ أَشَدَّ كِراهَةً»[3]; «Бипарҳез аз инки бо ҳамсарат наздикӣ кунӣ, дар ҳоле ки кӯдаке ба сӯят менигарад; Чароки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шадидан аз ин кор кароҳат дошт» ва ривоятӣ дигар аз Ӯ ки дар он омадааст: «قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: والَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ لَوْ أَنَّ رَجُلاً غَشِيَ امْرَأَتَهُ وفِي الْبَيْتِ صَبِيٌّ مُسْتَيْقِظٌ يَرَاهُمَا ويَسْمَعُ كَلَامَهُمَا ونَفَسَهُمَا مَا أَفْلَحَ أَبَداً، إِذَا كَانَ غُلَاماً كَانَ زَانِياً أَوْ جَارِيَةً كَانَتْ زَانِيَةً»[4]; «Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: Ба касе ки ҷонам ба дасти Ӯст савганд ки агар марде бо занаш ҳамоғӯш шавад, дар ҳоле ки дар хона кӯдаке бедор аст ки он дуро мебинад ва суханашон ва нафасашонро мешунавад, ҳаргиз растгор нахоҳад шуд, агар писар бошад мардӣ зинокор ва агар духтар бошад занӣ зинокор хоҳад шуд» ва ривоятӣ дигар аз Ӯ ки дар он омадааст: «لَا يُجَامِعِ الرَّجُلُ امْرَأَتَهُ ولَا جَارِيَتَهُ وفِي الْبَيْتِ صَبِيٌّ، فَإِنَّ ذَلِكَ مِمَّا يُورِثُ الزِّنَا»[5]; «Мард бо зан ё канизи худ наздикӣ накунад, дар ҳоле ки кӯдаке дар утоқ аст; Чароки он боъиси зино мешавад».

↑[1] . Нур/ 31
↑[2] . Ибни Ашъас, Ал-Ҷаъфариёт, ҷ1, с249
↑[3] . Ибни Бастом, Таббул Аъимма, с133
↑[4] . Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ5, с500
↑[5] . Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ2, с317; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ5, с499
Шумораи таълиқ: 4 Нависандаи таълиқ: Ризо Розӣ Тарихи таълиқ: 29/10/2023

Лутфан бифармойед оё ангуштар ё ҳалқаи зинатӣ ки бонувон ба бинии худ меандозанд, ҷузъи зинатҳои «مَا ظَهَرَ مِنْهَا» маҳсуб мешавад ки ошкор карданашон барои номаҳрам ҷойиз аст? Дар маҷмӯъ манзур аз «مَا ظَهَرَ مِنْهَا» дар ояи 31 сураи Нур чист?

Посух ба таълиқи: 4 Тарихи посух ба таълиқ: 14/11/2023

Чунонки пештар гуфта шуд, мурод аз ﴿مَا ظَهَرَ مِنْهَا, қисмате аз бадани занон аст ки одатан дар муъоширатҳо ошкор мешавад ва пӯшонданаш дар таъомулҳои рӯзмара душвор аст ва қадри мутаяққин аз он, рӯй ва ду кафи даст аст; Чунонки ривоят шудааст: «أَنَّ أَسْمَاءَ بِنْتَ أَبِي بَكْرٍ دَخَلَتْ عَلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ وَعَلَيْهَا ثِيَابٌ رِقَاقٌ، فَأَعْرَضَ عَنْهَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ، وَقَالَ: يَا أَسْمَاءُ، إِنَّ الْمَرْأَةَ إِذَا بَلَغَتِ الْمَحِيضَ لَمْ تَصْلُحْ أَنْ يُرَى مِنْهَا إِلَّا هَذَا وَهَذَا، وَأَشَارَ إِلَى وَجْهِهِ وَكَفَّيْهِ»[1]; «Асмоъ духтари Абу Бакр ба назди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам омад, дар ҳоле ки либосӣ нозук бар тан дошт, пас Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ӯ рӯй гирифт ва фармуд: Эй Асмоъ, зан вақте ба сини балоғат расид, дуруст нест ки аз ӯ ҷуз ин ва ин дида шавад ва ба рӯй ва ду кафи дасти худ ишора фармуд» ва аз Масъуд ибни Зиёд ривоят шудааст ки гуфт: «سَمِعْتُ جَعْفَرًا عَلَيْهِ السَّلَامُ وَسُئِلَ عَمَّا تُظْهِرُ الْمَرْأَةُ مِنْ زِينَتِهَا، فَقَالَ: الْوَجْهَ وَالْكَفَّيْنِ»[2]; «Аз имоми Ҷаъфари Содиқ алайҳи салом дар бораи зинатӣ суъол шуд ки зан метавонад ошкор кунад, пас фармуд: Рӯй ва ду кафи даст».

Аммо оё ошкор кардани рӯй ва ду кафи даст дар ҳоле ки бо зеваре монанди ангуштар ва ҳалқа ё маводдӣ рангӣ монанди ҳина ва сурма оройиш шудаанд низ ҷойиз аст? Гурӯҳе монанди ибни Аббос, Абу Ҳурайра, Қатода, Муҷоҳид, Садди, Шӯъба, Акрама, Атоъи, Саъид ибни Ҷубайр ва Масвур ибни Махрама мӯътақид буданд ки ҷойиз аст; Чароки мурод аз ﴿مَا ظَهَرَ مِنْهَا ро ангуштар ва сурма ва монанди он медонистанд ва гурӯҳи дигар монанди ибни Масъуд, ибни Умар, Убайда, Иброҳим, Макҳул, абу Аҳвас ва Ҳасани Басрӣ мӯътақид буданд ки ҷойиз нест; Чароки мурдо аз ﴿مَا ظَهَرَ مِنْهَا ро рӯй ва ду кафи даст ё сирфан либос медонаистанд ва ҳар ду назар аз ҳамсари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аҳли байти Ӯ ривоят шуда, вале ба назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло назари дуввум саҳиҳ аст; Зеро Худованд ҳатто занони пире ки ҳиҷоб бар онон воҷиб нестро аз «Табарруҷ» ба маънои оройиш наҳй карда ва фармудааст: ﴿وَالْقَوَاعِدُ مِنَ النِّسَاءِ اللَّاتِي لَا يَرْجُونَ نِكَاحًا فَلَيْسَ عَلَيْهِنَّ جُنَاحٌ أَنْ يَضَعْنَ ثِيَابَهُنَّ غَيْرَ مُتَبَرِّجَاتٍ بِزِينَةٍ[3]; «Ва бар занони аз кор афтодае ки умеде ба никоҳ надоранд гуноҳе нест ки ҷомаҳошонро канор бигзоранд бидуни инки худро бо зеваре оройиш кунанд» ва ин яъне оройиш кардани қисмате аз бадан ки пӯшондани он воҷиб нест ҳаром аст ва бо ин васф, оройиш кардани рӯй ва ду кафи даст низ ҷойиз нест; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ قَوْلِ اللَّهِ تَعَالَى: ﴿إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا، مَا هُوَ؟ فَقَالَ: هُوَ الْوَجْهُ؛ لِأَنَّهُ يَظْهَرُ فِي الشَّهَادَةِ، وَالْكَفُّ؛ لِأَنَّهَا تَظْهَرُ فِي الْأَخْذِ وَالْإِعْطَاءِ، قُلْتُ: أَلَيْسَ مِنْهُ الْكُحْلُ وَالْخَاتَمُ؟ قَالَ: لَا»; «Аз Мансур дар бораи сухани Худованд пурсидам ки фармудааст: <Ҷуз чизе аз он ки ошкор мешавад>, он чист? Фармуд: Он рӯй аст; Чароки дар шаҳодат ошкор мешавад ва кафи даст; Чароки дар гирифтан ва додан ошкор мешавад, гуфтам: Оё сурма ва ангуштар аз он нест? Фармуд: На».

↑[1] . Сунани Абӣ Доввуд, ҷ4, с62; Муснади Шомиййин, Табаронӣ, ҷ4, с64; Ал-Одоб, Байҳақӣ, с241
↑[2] . Қурбул Иснод, Ҳумайро, с82
↑[3] . Нур/ 60