Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 19/4/2016

Оё эшон шабзиндадорӣ дар шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон ва дуъо ва тазарруъ барои зуҳури ҳазрати Маҳдӣ ва хондани дуъои нудбаро тавсия мекунанд?

Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 24/4/2016

Ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло шабзиндадорӣ дар ҳамаи шабҳоро тавсия мекунад; Чароки Худованд онро дар ҳамаи шабҳо тавсия карда ва дар ситойиши мӯъминон фармудааст: ﴿كَانُوا قَلِيلًا مِنَ اللَّيْلِ مَا يَهْجَعُونَ ۝ وَبِالْأَسْحَارِ هُمْ يَسْتَغْفِرُونَ[1]; «Андаке аз шабро мехобиданд ва дар саҳаргоҳон омӯрзиш металабиданд» Ва шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон низ яке аз шабҳост ки ривоёти фаровоне дар манобеъи шиъа ва аҳли суннат дар бораи фазилати шабзиндадорӣ дар он расидааст ва бо ин васф, умед меравад ки шабзиндадорӣ дар он фазилати бештаре дошта бошад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ لَیْلَةِ النِّصْفِ مِنْ شَعْبانَ، فَقالَ: لَیْلَةٌ مُبارَکَةٌ یَغْفِرُ اللّهُ فِیها لِکُلِّ مَن یَسْتَغْفِرُهُ إِلّا مَنْ کانَ مُشْرِکاً أَوْ عامِلَ سُلْطانٍ»; «Аз ҳазарти Мансур дар бораи шаби нимаи Шаъбон пурсидам, пас фармуд: Шаби мубораке аст ки Худованд дар он ҳар кас ки аз Ӯ омӯрзиш металабадро меомӯрзад магар касе ки мушрик аст ё барои ҳукумат кор мекунад»!

Аммо дуъои маъруф ба «Нудба» ки хондани он дар миёни аҳли ташаюъ марсум аст, аз Паёмбар ё аҳли байт ё саҳобаи ӯ ривоят нашуда, бал ба сурати марсал аз китоби мардӣ маҷҳул ба номи Маҳаммад ибни Ҳусейн ибни Сӯфиёни Базавфарӣ ривоят шудааст ва бо ин васф, хондани он ба унвони дуъоӣ маъсур тавсия намешавад, ҳар чанд бисёрӣ аз фақароти он дар маъно ишколе надорад. Ба ҳар ҳол, барои мӯъминон шойиста аст ки ба хондани адъияи мавҷуд дар китоби мутадовил басанда накунанд ва аз ҳақиқати дуъо ғофил нашаванд; Зеро ҳақиқати дуъо хондани адъияи мавҷуд дар китоби мутадовил нест, бал хондани Худованд бо забони худ ва аз рӯӣ ниёз ва тазарруъ аст ва адъияи мавҷуд дар китоби мутадовил ҳаргоҳ саҳиҳ бошанд, улгуҳои хубе барои ин кор ҳастанд.

↑[1] . Зориёт/ 17 ва 18