Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 19/4/2016

Назари алломаи Хуросонӣ дар мавриди баргузории ҷашнҳои нимаи Шаъбон (Чироғонӣ ва тавзеъи шарбат ва ширинӣ ва итъом ва назр ва ...) ки дар байни шиъаён ба унвони рӯзи таваллуди ҳазарти Маҳдӣ арвоҳуно фидо шинохта мешавад чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 12 Тарихи посух ба пурсиш: 23/4/2016

Барои шиъаён беҳтар аст ба ҷойи баргузор кардани ин ҷашнҳои бебунёд ва пурҳазина ки фоидае барои имом Маҳдӣ алайҳи салом надорад, ба заминасозӣ барои зуҳури он ҳазрат бипардозанд ва ба заминасози зуҳураш ёрӣ расонанд. Ин танҳо истеҳзоъ ба он ҳазрат аст ки касоне ҳукуматашро ғасб намоянд ва ӯро овораи кӯҳу биёбон созанд ва сипас барояш ҷашни таваллуд бигиранд ва пуфак бичаспонанд ва коғази рангӣ биёвезанд! Монанди қотиле ки валии неъмати хешро ба ғайри ҳақ кушта ва амволашро ба тороҷ бурда ва сипас барои ӯ нуҳа ва мотам барпо кардааст ва бар сару сураташ мезанад, то бо ин ҳила мардумро аз шакки ба худ боз дорад ва худро бетақсир ҷилва диҳад! Бегумон агар як садум балки як ҳазоруми ҳазинаҳои газзофе ки ин рӯзҳо сарфи чароғонӣ ва тавзеъи шарбат ва ширинӣ мешавад ба аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло супурда шавад барои ӯ кофӣ аст то ҳамаи мусалмонони ҷаҳонро аз вазифаи худ дар қиболи Маҳдӣ огоҳ кунад ва барои сохтани муқаддамоти зуҳури он ҳазрат ба ҳаракат дароварад, вале афсӯс ки ҷаҳолат амон намедиҳад ва ақлҳоро аз кор андохтааст! Ба унвони намуна, чанде пеш мутталеъ шудем ки марде дар Эрон беш аз як милиорд тумон барои чоппу тавзеъи пустер бо мавзӯъи табарики нимаи Шаъбон ҳазина кардааст! Пас бо ӯ тамос гирифтем ва аз ӯ даъват кардем ки як садуми ин маблағро ба ҷойи чоппу тавзеъи пустери табрикот, барои чоппу тавзеъи китоби «Бозгашт ба Ислом» ё яке аз гуфторҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бо мазӯъи зарурати заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом ҳазина кунад то хидмати бештаре ба он ҳазрат карда бошад, вале ӯ қабул накард! Ин чист ҷуз сафоҳатӣ ошкор ки дӯстони нодони аҳли байтро фаро гирифта ва гоҳе аз душманони донойи онон мухаррибтар сохтааст?! Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«دَخَلْتُ عَلَی الْمَنْصُورِ مَساءَ یَوْمٍ فَسَأَلْتُهُ عَنِ الْمَهْدِيِّ کَیْفَ أَمْسَى؟ فَقالَ: أَلا وَاللّهِ لَقَدْ أَمْسَى وَ ما أَحَدٌ أَعْدَى لَهُ مِمَّنْ يَنْتَحِلُ مَوَدَّتَهُ! ثُمَّ قالَ: إِنَّ مِنَ الْمُتَشَیِّعِینَ لَمَنْ هُوَ شَرٌّ مِنَ الْيَهُودِ وَ النَّصَارَى وَ الْمَجُوسِ وَ الَّذِينَ أَشْرَكُوا! قُلْتُ: وَ الَّذِینَ أَشْرَکُوا؟! قالَ: نَعَمْ وَاللّهِ وَ هُمُ الَّذِینَ یَسُبُّونَ الْمَهْدِيَّ! قُلْتُ: سُبْحانَ اللّهِ وَ مَن یَسُبُّ مِنْهُمُ الْمَهْدِيَّ؟! قالَ: الَّذِینَ یَسُبُّونَنِي وَ هُمْ یَعْلَمُونَ أَنِّي أَدْعُوهُمْ إِلَی الْمَهْدِيِّ فَیَسُبُّونَ بِذَلِكَ الْمَهْدِيَّ!»; «Дар шомгоҳ рӯзе ба назди ҳазрати Мансур омадам, пас аз ӯ дар бораи Маҳдӣ пурсидам ки чигуна шом кардааст? Фармуд: Огоҳ бош ки ба Худо савганд шом кардааст дар ҳоле ки аҳаде бо ӯ душмантар аз касоне нест ки худро дӯстдори ӯ мешуморанд! Сипас фармуд: Ҳароина аз муташаййиъон касоне ҳастанд ки аз яҳуд ва насоро ва маҷус ва касоне ки мушриканд бадтаранд! Гуфтам: Ва касоне ки мушриканд?! Фармуд: Оре ба Худо савганд ва онон касоне ҳастанд ки Маҳдиро саб мекунанд! Гуфтам: Субҳоналлоҳ! Чи касе аз онон Маҳдиро маб мекунад?! Фармуд: Касоне ки манро саб мекунанд дар ҳоле ки медонанд ман ононро ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунам, пас бо ин кор Маҳдиро саб мекунанд»!

Шигифто ки акнун бузургтарин ва шаруртарин душманони ин заминасози зуҳури Маҳдӣ ва даъват кунандае ба сӯӣ хилофати аҳли байт, касоне ҳастанд ки худро дӯстдорони Маҳдӣ ва шиъаёни аҳли байт мешуморанд ва барои халифаи Худованд дар замин монанди кӯдаконашон ҷашни таваллуд мегиранд ва шарбату ширинӣ тавзеъ мекунанд! Дар ҳоле ки ин қабил ҷашнҳои кӯдакона асле дар Ислом надорад ва тавзеъи ҳазорон харвор шарбат ва ширинӣ ҳам наметавонад кӯтоҳӣ ва хиёнати ҳокимон ва олимон ва пайравони мунҳарифу мутаъассиби онон дар ҳаққи имом Маҳдӣ алайҳи саломро бипӯшонад ва татҳир кунад ва онон дер ё зуд бояд посухгӯйи кӯтоҳӣ ва хиёнати худ дар ҳаққи он ҳазрат бошанд: ﴿وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنْقَلَبٍ يَنْقَلِبُونَ[1].

↑[1] . Шуъаро/ 227