أَخْبَرَنا عَبْدُ اللّهِ بْنُ مُحَمَّدٍ الْبَلْخِيُّ، قالَ: كُنْتُ مَعَ الْمَنْصُورِ الْهاشِمِيِّ الْخُراسانِيِّ فِي مَسْجِدٍ فَسَمِعَ رَجُلاً يَدْعُو اللّهَ تَعَالَى فَيَقُولُ: «يا مَنْ يُؤْتِي مَنْ لا يَسْأَلُهُ وَ مَنْ لا يَعْرِفُهُ تَحَنُّناً مِنْهُ وَ رَحْمَةً»، فَأَخَذَهُ الْبُكاءُ ثُمَّ قالَ: كَذَلِكَ اللّهُ رَبُّنا يُؤْتِي مَنْ لا يَسْأَلُهُ وَ مَنْ لا يَعْرِفُهُ وَ مَنْ يَسْأَلُ غَيْرَهُ يَأْتِي إِلَى شَجَرٍ فَيَسْأَلُهُ فَيُؤْتِيهِ اللّهُ تَعَالَى فَيَنْصَرِفُ وَ هُوَ يَقُولُ: «آتانِيَ الشَّجَرُ» وَ أَنَّى لِلشَّجَرِ أَنْ يُؤْتِيَهُ؟! أُولَئِكَ هُمُ الْغَافِلُونَ!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Балхӣ моро хабар дод, гуфт: Ба ҳамроҳи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар масҷиде будам, пас шунидам ки марде ба даргоҳи Худованди баландмартаба дуъо мекунад ва мегӯяд: «Эй касе ки ато мекунад ба касе ки аз Ӯ намехоҳад ва касе ки Ӯро намешиносад аз рӯйи меҳрубонӣ ва раҳмат», пас он ҳазратро гиря гирифт ва сипас фармуд: Ин гуна аст Парвардигори мо, ато мекунад ба касе ки аз Ӯ намехоҳад ва касе ки Ӯро намешиносад ва касе ки аз ғайр Ӯ мехоҳад, меояд ба назди дарахте ва аз он мехоҳад, пас Худованди баландмартаба ба ӯ ато мекунад, пас ӯ боз мегардад дар ҳоле ки мегӯяд: «Дарахт ба ман ато кард» ва куҷо дарахтро мерасад ки ба ӯ ато кунад?! Онон ҳамоно ғофилонанд!

Шарҳи гуфтор:

Ин гуфтори нуронӣ, тавзеҳе барои ин шубҳа аст ки гоҳе бутпарастон пас аз муроҷиъа ба бутҳошон ҳвоъиҷи худро мегиранд ва аз ин рӯ, мепиндоранд ки бутҳошон ҳавоъиҷи ононро бароварда месозанд, дар ҳоле ки ҳавоъиҷи ононро танҳо Худованд бароварда месозад, хоҳ онон аз он огоҳӣ дошта бошанд ва хоҳ аз он ғофил бошанд; Чунонки фармудааст: ﴿كُلًّا نُمِدُّ هَؤُلَاءِ وَهَؤُلَاءِ مِنْ عَطَاءِ رَبِّكَ ۚ وَمَا كَانَ عَطَاءُ رَبِّكَ مَحْظُورًا[1]; «Ҳар як аз инон ва ононро аз атоъи Парвардигорат баҳраманд месозем ва атоъи Парвардигорат маҳдуд нест»! Рӯзии мункиронашро ба сабаби инкорашон қатъ намекунад ва ҳоҷати душманонашро ба сабаби душманишон нодида намегирад; Чароки агар онон Ӯро намешиносанд, Ӯ ононро мешиносад ва агар онон ба Ӯ эътино надоранд, Ӯ ба онон эътино дорад ва ин мазҳари Раҳмонияти Ӯ ва таҷаллии исми Арҳамурроҳимин аст.

↑[1] . Исроъ/ 20