Барои Худованд шарике нагир; Чароки зулмӣ бузургтар аз ин нест. Ӯ офаринанда ва рӯзӣ диҳанда аст ва чархаи ҳаётро мечархонад. Ӯ қонунгузор ва ҳукмрон аст ва касе ҷуз Ӯ ин гуна нест. Танҳо аз Ӯ ҳоҷат бихоҳ ва танҳо ба номи Ӯ савганд бихур. Ба ғойиб истиғоса накун ва ба қабр дахил набанд. Ба дарахт мутавассил нашав ва ба санг паноҳ набар. Танҳо аз Худованд итоъат кун, яъне аз касе ки Ӯ ном бурдааст. Худованд барои ту кофӣ аст ва туро ба дигарӣ ниёзе нест. Аз Ӯ бар ҳазар бош ва эҳтиёт кун; Чароки қодир аст туро нобуд кунад. Дар баробараш ба некӣ сулук кун, мабодо бар ту хашм гирад ва туро бизанад, пас ба қаъри ҷаҳаннам партоб шавӣ. Хушнудиашро биҷӯй то туро бинавозад ва ба чизе ки мехоҳӣ бирасонад; Чароки ҳаргоҳ бо касе дӯстӣ кунад, ӯро ду дунё медиҳад ва ҳаргоҳ бо касе душман шавад, намедонӣ ки бо ӯ чи мекуанд!

Аз Худованд битарс то покиза шавӣ; Зеро тарс аз Ӯ монанди оби гарм аст ки чиркро мезудояд ва лаккаро аз байн мебарад. Ӯро дар танҳоӣ ҳозир ва дар торикӣ нозир бидон, то танҳойи туро нафиребад ва торикӣ туро ҷуръат надиҳад. Ӯ қозӣ, шоҳид ва муддаъӣ аст ва муҷримро мегирад ва кайфар медиҳад. Оё муҷрим аз шоҳид намеандешад ва аз қозӣ парво надорад?! Чун дасиса мекунӣ, дасисаатро медонад ва чун наҷво мекунӣ, наҷвоятро мешунавад; Зеро аз раги гардан ба ту наздиктар аст. Оё ба фикри обурӯят нестӣ ва аз ҳозиру нозир шарм намедорӣ?!

Чи хоҳӣ кард ҳангоме ки марг фаро мерасад ва қиёмат бар мехезад ва тарозу гузошта мешавад ва дӯзах шӯълавар мегардад?! Оё мол наҷотат хоҳад дод ё имон ва мақом ба корат хоҳад омад ё тақво?! Мӯъмин бош то зинда бимонӣ ва тақво пеша кун то ком комёбӣ; Зеро онон ки беимонанд, ҳалок хоҳанд шуд ва онон ки бетақвоянд, бадбахт; Монанди касоне ки аз дин баргузаштаанд, пас мегӯянд: «Худованд мавҷуд нест» ва мегӯянд: «Биҳишт чист ва дӯзах кадом аст?!» Ва бар диндорон ханда мезананд; Зеро рӯзҳои Худовандро аз ёд бурдаанд ва нишонаҳояшро нодида гирифтаанд ва ба донистаҳои худ мағрур шудаанд ва аз аботили касоне пайравӣ кардаанд ки ақлро вониҳодаанд ва монанди ҳайвон зист мекунанд; Ё монанди касоне ки дар дин суст шудаанд, пас намоз намегузоранд ва закот намепардозанд ва рӯза намегиранд ва рибо мехуранд ва дар шаҳват ғӯта мезананд ва дар пайи батолат мераванд, то заминро ба ҳарзагӣ наҷас созанд ва ба фисқ биянборанад, то баракат аз он бардошта шавад ва бало бар он фуруд ояд ва наҷот диҳандае набошад. Зинҳор аз онон набош, балки имонатро нигоҳ дор, агарчи куфр монанди тӯфон бузург ва тақвоят суст нашавад, агарчи гуноҳ монанди зилзила биларзонад; Чароки собирон сутунҳои замин ҳастанд, ё чунон ситорагони осмон. Ба баракати онон неъмат нозил мешавад ва азоб ба таъхир меафтад.