1 . أَخْبَرَنا وَلِیدُ بْنُ مَحْمُودٍ السَّجِسْتانِيُّ وَ عَبْدُ اللّهِ بْنُ حَبِیبٍ الطَّبَرِيُّ جَمِیعاً قالا: أَرادَ رَجُلٌ أَن یُقَبِّلَ یَدَ الْمَنْصُورِ فَأَبْعَدَ یَدَهُ وَ قالَ لَهُ: أَ تُریدُ أَنْ تُغِرَّنِي كَما تُغِرُّ هَؤُلَاءِ الدَّجاجِلَةَ؟! لا یُقَبِّلُ الرَّجُلُ یَدَ الرَّجُلِ إلّا أَن یَكُونَ إِماماً مُفْتَرَضَ الطّاعَةِ! قالَ الرَّجُلُ: وَاللّهِ ما فَعَلْتُ ذَلِكَ إلّا لِأَعْلَمَ أَهُوَ مِنَ الدَّجاجِلَةِ أَمْ لا، فَعَلِمْتُ أَنَّهُ لَیْسَ مِنْهُمْ!

Тарҷумаи гуфтор:

Валид ибни Маҳмуди Саҷистонӣ ва Абдуллоҳ ибни Ҳабиби Табарӣ ҳар ду моро хабар доданд, гуфтанд: Марде хост ки дасти ҳазрати Мансурро бибӯсад, пас он ҳазрат дасти худро дур кард ва ба ӯ фармуд: Оё мехоҳӣ манро фиреб диҳӣ ҳамон гуна ки ин даҷҷолонро фиреб медиҳем?! Касе дасти касеро набӯсид магар онки имомӣ муфтаразуттоҳа бошад! Мард (пас аз он ба мо) гуфт: Ба Худо савганд ин корро накардам магар барои инки бидонам оё ӯ ҳам аз даҷҷолон аст ё на, пас донистам ки ӯ аз онон нест!

Шарҳи гуфтор:

Муроди ин инсони комил аз иборати «Оё мехоҳӣ манро фиреб диҳӣ ҳамон гуна ки ин даҷҷолонро фиреб медиҳӣ?!», он аст ки ту бо бӯсидани дасти ин ҳокимон, олимон ва муддаъиёни гумроҳ, дар воқеъ ононро мефиребӣ; Чароки монанди шайтон, аз як сӯ ононро ба худбузургбинӣ ва истизъофи мардум сувқ медиҳӣ ва аз сӯӣ дигар бо ин чоплусӣ, эътимоди козиби онон ба худро ҷалб мекунӣ то бо эътимоди козиб ба дастбӯсоне монанди ту, бар мардум ситам раво доранд, дар ҳоле ки ман аз ин ҳокимон, олимон ва муддаъиёни гумроҳ нестам то хоми ту шавам ва аз ин рӯ, ба ту иҷоза намедиҳам ки бо ман бозӣ кунӣ! Ин аст тафовути авлиёъи Худо ва авлиёъи шайтон ки аз осмон то замин аст ва бар соҳибони бинишҳо пӯшида намемонад; ﴿فَاعْتَبِرُوا يَا أُولِي الْأَبْصَارِ[1]; «Пас ибрат бигиред эй соҳибони бинишҳо»!

2 . أَخْبَرَنا مُوسَی بْنُ فَرْهادَ الْمَهابادِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ عَبْداً صالِحاً یَقُولُ: مَنْ قَبَّلَ یَدَ ظالِمٍ یُظْهِرُ بِذَلِكَ وَلایَتَهُ فَكَأَنَّما قَبَّلَ اللّاتَ وَ الْعُزَّى!

Тарҷумаи гуфтор:

Мӯсо ибни Фарҳоди Маҳободӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам бандаи солеҳ (яъне ҳазрати Мансур) мефармояд: Ҳар кас дасти золимеро бӯса занад то бо он таволлии ӯро изҳор кунад, монанди ин аст ки бар лот ва уззо бӯса зада бошад!

Шарҳи гуфтор:

«Лот» ва «Уззо» номи ду бут аз бутҳои мушрикон дар замини ҷоҳилият аст ва бӯса задан бар он ду киноя аз парастиши он ду аст ки ширк шумурда мешавад ва бо ин васф, касоне ки бар дасти ҳокими золим ва олими вобаста ба онон бӯса мезананд то таволлии ононро изҳор кунанд, монанди бутпарастон ҳастанд.

3 . أَخْبَرَنا یُونُسُ بْنُ عَبْدِ اللّهِ الْخَتْلانِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْعالِمَ عَنِ الرَّجُلِ یُقَبِّلُ یَدَ والِدَیْهِ، فَقالَ: لا بَأسَ بِهِ، أَما سَمِعْتَ قَولَهُ تَعَالَى: ﴿وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ؟!

Тарҷумаи гуфтор:

Юнус ибни Абдуллоҳи Хатлонӣ моро хабар дод, гуфт: Аз олим дар бораи марде пурсидам ки дасти падар ва модарашро мебӯсад, фармуд: Ишколе надорад, оё сухани Худованди баландмартабаро нашунидаи ки мефармояд: «Ва боли фурутаниро аз меҳрубонӣ барои он ду фурд овар»[2]?!

Шарҳи гуфтор:

Барои хондани шарҳи дигаре барои ин ҳикматҳо, ба пурсиш ва посухи 45 муроҷиъа кунед.

↑[1] . Ҳашр/ 2
↑[2] . Исроъ/ 24