Нависандаи пурсиш: Яъқуби Тарихи пурсиш: 10/3/2016

Ба назари шумо ҳаводиси Ироқ ва Шом ҳамон ҳаводиси пеш аз зуҳури Маҳдӣ ҳастанд?

Дар бархӣ ривоёт омада ки пеш аз зуҳури Маҳдӣ шаҳри Завро дучори зилзила шуда ва нобуд мешавад. Бархӣ Завроро Бағдод ва бархӣ Теҳрон медонанд. Назари шумо чист? Агар ин ривоёт саҳиҳ бошанд оё бояд аз Теҳрон ё Бағдод хориҷ шуд?

Посух ба пурсиши шумораи: 4 Тарихи посух ба пурсиш: 16/3/2016

Ривоёти фаровоне дар дастанд ки аз ҳаводисӣ назири бархӣ ҳаводиси кунунӣ дар Ироқ ва Шом пеш аз зуҳури Маҳдӣ хабар медиҳанд ва бо ин васф, мумкин аст ки бархӣ ҳаводиси кунунӣ дар ин минтақа таъвили бархӣ аз ин ривоёт бошанд, вале таъйини инки кадом ҳодиса таъвили кадом ривоят аст ниёз ба далили қатъӣ дорад ки дар ғолиби маворид мавҷуд нест ва бо ин васф, иқдом ба чунин коре ки дар миёни авом шуюъи бисёре ёфта ва шеваи бархӣ муддаъиёни дурӯғин аст, навъан пайравӣ аз занну тахмин аст ки кори бисёр ғалат ва хатарноке шумурда мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ[1]; «Онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд ва онон ҷуз тахмин намезананд»!

Аммо ривоёти расида дар бораи зилзилаи «Завроъ», хоҳ мурод аз он шаҳри Рей (Теҳрони кунуни) ва хоҳ Бағдод бошад, ривоётӣ воҳид ва заъиф ҳастанд ки чизе бештар аз занн эҷод намекунанд, дар ҳоле ки занн дар Ислом эътиборе надорад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَا يَتَّبِعُ أَكْثَرُهُمْ إِلَّا ظَنًّا ۚ إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ بِمَا يَفْعَلُونَ[2]; «Ва бештари онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд, ҳароина занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад, ҳароина Худованд ба коре ки анҷом медиҳанд доност». Бо ин васф, хуруҷи мӯъминон аз ин ду шаҳр зарурате надорад, балки агар ба таътили амри ба маъруф ва наҳй аз мункар дар ин ду шаҳр биянҷомад, ҷойиз нест ва метавонад заминасози вуқуъи зилзилае дар он ду ё балойи бадтар аз он бошад; Чароки вуҷуди мӯъминон дар ҳар шаҳре дафъ кунандаи бало аз он бо изни Худованд аст; Чунонки Худованд шаҳри Лут алайҳи саломро то ҳангоме ки ӯ дар он буд нобуд накард, бал ҳангоме онро нобуд кард ки ӯро аз он хориҷ сохт ва бо ин васф, воҷиб аст ки бархӣ ёрони аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар ҳар шаҳре балки қарияе бошанд ва ба вазоифи Исломии худ дар он амал кунанд, то ҳангоме ки аҳли онро ба сӯӣ дини холис бозгардонанд ё ба хуруҷ аз он ногузир шаванд ва ин мустафод аз гуфторе аст ки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قالَ لِيَ الْمَنْصُورُ: کَمْ أَنْتُمْ بِهَذِهِ الْقَرْیَةِ؟ قُلْتُ: سَبْعَةٌ -جُعِلْتُ فِداكَ! قالَ: ما عَذَّبَ اللّهُ قَرْیَةً فِیها سَبْعَةٌ مِنَ الْمُؤْمِنینَ»; «Ҳазрати Мансур ба ман фармуд: Шумо дар ин қария чанд нафар ҳастед? Гуфтам: Ҳаят нафар –фидоят шавам! Фармуд: Худованд қарияе ки дар он ҳафт нафар аз мӯъминон ҳастандро азоб намекунад»!

Ҳамчунин, яке дигар аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«دَخَلَ عَلَیْنَا الْمَنْصُورُ فِي بَلْدَتِنا فَقالَ: کَمْ أَنْتُمْ بِهَذِهِ الْبَلْدَةِ؟ قُلْتُ: أَرْبَعُونَ! قالَ: أَنْتُمْ نُورُ اللّهِ فِي ظُلُماتِ الْأَرْضِ»; «Ҳазрати Мансур дар шаҳрамон бар мо ворид шуд ва фармуд: Шумо дар ин шаҳр чанд нафар ҳастед? Гуфтам: Чиҳил нафар! Фармуд: Шумо нури Худованд дар торикиҳои замин ҳастед»!

Худованд моро аз ёрони ин олими бузург дар заминасозӣ барои зуҳури халифааш қарор диҳад то парчами даъват ба сӯӣ Маҳдиро дар ҳамаи шаҳрҳо ва қарияҳои ҷаҳон барафрошта созем.

↑[1] . Анъом/ 116
↑[2] . Юнус/ 36