Ҳокимият дар Ислом аз дидгоҳи аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

Дидгоҳи аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи ҳокимиятро метавон шомили чанд марҳалаи асосӣ донист:

1- Ҳокимият аз они Худованд аст.

Ҳукумат бар мардум деги бесарпӯш ё моли бесоҳибе нест ки ҳар кас ба худ ҷуръат диҳад дасте ба он бирасонад ва тасарруфе дар он бикунад. Ҳукумат танҳо барои Худованд аст ки холиқ, молик ва Парвардигори ин ҷаҳон аст; Зеро танҳо Ӯст ки ба ниёзи офаридаҳо доно ва бар таъмини онҳо тавоност; Чунонки фармудааст: ﴿لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ ۖ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ[1]; «Ҳукумат танҳо барои Ӯст ва ситойиш барои Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност» Ва низ фармудааст: ﴿ذَلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمْ لَهُ الْمُلْكُ ۖ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ ۖ فَأَنَّى تُصْرَفُونَ[2]; «Ин Худованд Парвардигори шумост ки ҳукумат танҳо барои Ӯст, ҷуз Ӯ Худойе нест, пас ба куҷо рӯй мегардонед?!»

2- Ҳеҷ кас дар ҳукумат бо Худованд шарик нест.

Ҳаққи ҳокимият, ҳаққи инҳисории Худованд аст ва касе дар он бо Ӯ шарик нест. Тавҳид дар ҳокимият ҳамчун тавҳид дар таквин ва тавҳид дар ташриъ, мухтасси Худованд аст ва касеро бо Ӯ дар он шарокате нест; Чунонки фармудааст: ﴿مَا لَهُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا يُشْرِكُ فِي حُكْمِهِ أَحَدًا[3]; «Ғайр аз Ӯ барои онҳо валийе нест ва аҳадеро дар ҳукуматаш шарик намекунад». Ҳамчунин фармудааст: ﴿الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلَمْ يَتَّخِذْ وَلَدًا وَلَمْ يَكُنْ لَهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ[4]; «Худойе ки ҳукумати осмонҳо ва замин аз они Ӯст, касеро ба фарзандӣ нагирифта ва шарике барои Ӯ дар ҳукумат нест».

3- Худованд ҳукумати худро ба ҳар касе ки бихоҳад медиҳад.

Худованд ҳукумати бидуни шарик ва мухтасси ба худро ба ҳар касе ки худ бихоҳад ва ташхис диҳад медиҳад то ба изни Ӯ ҳукумат кунад; Чунонки фармудааст: ﴿وَاللَّهُ يُؤْتِي مُلْكَهُ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ[5]; «Ва Худованд ҳукумати худро ба ҳар кас бихоҳад медиҳад ва Худованд гушойишгарӣ доно аст» Ва ҳамчунин фармудааст: ﴿قُلِ اللَّهُمَّ مَالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَنْ تَشَاءُ وَتَنْزِعُ الْمُلْكَ مِمَّنْ تَشَاءُ[6]; «Бигӯ Худовандо! Ту молики ҳукумат ҳастӣ ва онро ба ҳар кас ки мехоҳӣ медиҳӣ ва аз ҳар кас ки мехоҳӣ меситонӣ». Чунонки ба унвони намуна, ҳукумати худро ба Толут дод дар ҳоле ки асҳоби Паёмбараш ба ҳукумати ӯ розӣ набуданд ва худро шойистатар аз ӯ медонистанд; Чунонки фармудааст: ﴿وَقَالَ لَهُمْ نَبِيُّهُمْ إِنَّ اللَّهَ قَدْ بَعَثَ لَكُمْ طَالُوتَ مَلِكًا ۚ قَالُوا أَنَّى يَكُونُ لَهُ الْمُلْكُ عَلَيْنَا وَنَحْنُ أَحَقُّ بِالْمُلْكِ مِنْهُ وَلَمْ يُؤْتَ سَعَةً مِنَ الْمَالِ ۚ قَالَ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَاهُ عَلَيْكُمْ وَزَادَهُ بَسْطَةً فِي الْعِلْمِ وَالْجِسْمِ ۖ وَاللَّهُ يُؤْتِي مُلْكَهُ مَنْ يَشَاءُ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ[7]; «Паёмбарашон ба онҳо гуфт: Худованд Толутро ба унвони ҳоким бар шумо барангехтааст, гуфтанд: Чигуна ӯ бар мо ҳоким бошад дар ҳоле ки мо ба ҳукумат кардан аз ӯ сазовортарем ва ҳол онки ӯ аз вусъатӣ молӣ бархурдор нест. Паёмбарашон гуфт: Худованд ӯро бар шумо баргузида ва ӯро аз тавонмандии илмӣ ва ҷисмии болойе бархурдор карда ва Худованд ҳукуматашро бар ҳар касе ки бихоҳад медиҳад ва Худованд гушойишгарӣ доно аст».

4- Худованд ҳукуматашро танҳо аз тариқи хулафое ки таъйин фармудааст, эъмол мекунад.

Худованди мутаъол ҳокимияти худ дар рӯйи замин ва барои мардумон ва ҷавомеъи инсониро на аз тариқи ҷабр, балки аз тариқи ҷаъл ва насби халифа эъмол мекунад; Чунонки фармудааст: ﴿إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً[8]; «Ман таъйин кунандаи халифа бар рӯйи замин ҳастам» Ва ин эъмоли ҳокимиятро фақат ва фақат аз тариқи ҷонишинон ва баргузидагоне ки худ салоҳият ва шойистагии онҳоро таъйид ва ба мардум муъаррифӣ кардааст анҷом медиҳад, на аз тариқи афроди дигар; Чунонки худ Иброҳим алайҳи саломро баргузид ва ӯро пешво ва имом қарор дод ва фармуд: ﴿قالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا ۖ قَالَ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي ۖ قَالَ لَا يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ[9]; «Парвардигор гуфт ман туро барои мардум имом қарор диҳандаам, гуфт аз фарзандонам низ? Фармуд аҳди ман ба золимин намерасад». Ҳамчунонки Довудро низ баргузид ва ӯро халифаи худ қарор дод ва фармуд: ﴿يَا دَاوُودُ إِنَّا جَعَلْنَاكَ خَلِيفَةً فِي الْأَرْضِ فَاحْكُمْ بَيْنَ النَّاسِ بِالْحَقِّ[10]; «Эй Довуд Мо туро халифа дар рӯйи замин қарор додаем пас миёни мардум ба ҳақ ҳукумат кун». Аз ин ҷо дониста мешавад ки мардум ба далили маҳдудиятҳои бешуморе ки онҳоро иҳота кардааст, ҳеҷ гуна салоҳияте дар таъйин ва ихтиёри халифаи Худованд надоранд ва ин амре аст ки танҳо ба ӯҳдаи Худованд аст.

5- Таъйини халифа суннати ло ятағаяри Илоҳӣ аст.

Эъмоли ҳокимияти Худованд дар рӯйи замин ва ҳукумат бар инсонҳо аз тариқи афроде ки худаш баргузида ва муъаррифӣ карда, аз суннатҳои ло ятағаяри Илоҳӣ аст ки дар гузашта ва дар байни умматҳои пешин эъмол ва ҷорӣ шудааст ва барои ояндагон низ бетардид ҷорӣ хоҳад буд; Чароки суннати Худованд тағйир нопазир аст; Чунонки фармудааст: ﴿سُنَّةَ اللَّهِ فِي الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلُ ۖ وَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلًا[11]; «Ин суннати Худованд дар ақвоми пешин аст ва барои суннати Илоҳӣ ҳеҷ гуна тағйир нахоҳӣ ёфт!»

6- Халифаи ростини Худованд дар ин замон фақат «Маҳдӣ» аст.

Бар асоси суннати ло ятағаяр ва ҷории Худованд дар таъйин ва муъаррифии халифаи худ барои умматҳо, ин амр барои уммати Ислом ва мардумони ин замон низ сурат гирифта ва Худованд баъд аз Паёмбари Ислом хулафо ва ҷонишинони баъд аз Паёмбарашро таъйин ва ба мардум муъаррифӣ кардааст ва онҳо ҳамон касоне ҳастанд ки Худованд аз таҳорати маънавӣ ва ботинии онҳо ва пок буданашон аз ҳаргуна ҷаҳл ва ширк ва зулм ва беимонӣ ва бетақвойи хабар дода ва фармудааст: ﴿إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا[12]; «Худованд ирода фармуда то аз шумо аҳли байт ҳаргуна риҷс ва палидиро бизудояд ва шуморо комилан покиза намояд.» Ҳамчунонки аз забони Паёмбараш ва аз ахбори мутавотир ва яқинӣ, ҳам теъдоди онҳоро мушаххас намуда[13] ва ҳам бар асомӣ ва номҳои онҳо тасриҳ намудааст ки аввалинашон Алӣ ибни Абӣ Толиб аст ва охаринашон марде ҳамонанди Паёмбар аз насли Фотима ва Ҳусейн аст ки ба ӯ «Маҳдӣ» гуфта мешавад ва заминро аз адолат ва қист пур мекунад он чунон ки аз зулм ва ҷавр пур шудааст.

Ановини бар шумурда шудаи фавқ аз мабонии возеҳ ва зарурии Ислом аст ки аз китоби Худо ва суннати мутавотир ва яқинии Паёмбари Худованд ва дар партуви рӯшани ақли салим ба даст меояд ки мутаъассифона ҷаҳл ва ғафлат ва инкор нисбат ба онҳо муҷиби хасороти фаровоне барои Ислом ва мусалимин аз баъди Паёмбар то кунун шудааст ва паёмадҳои бисёр ногувореро ба сари мардумон хусусан мусалмонон овор кардааст; Аз ҷумла дур шудан аз Исломи комил ва холиси мавриди хости Худованд, фирқа фирқа шудани мусалмонон ва ихтилофи шадид байни онҳо, ҳокимияти тавоғит ва золимон бар мусалмонон бо ҳамаи табаъоти фасодовар ва бадбахтизои он, мусаллат шудани куфор ва мушрикин ва мунофиқин бар ҷаҳони Ислом, дур шудан аз маънавият ва ахлоқ, берағбати нисбат ба Ислом ва дар ниҳоят бединӣ ва зиддият бо дин аз шохисҳои ин хасороти бузург аст ки ҳама ношӣ аз адами пазириши ҳокимияти Худованд ва ҳукумати халифаи ростин ва мансуб ва муъаррифӣ шуда аз ҷониби Ӯст.

Бинобарин, бар ҳамаи мардум ба зарурути ақл ва бар мусалмонон ба зарурати ақл ва шаръ лозим ва воҷиб аст ки халифаи ростини Худо ва имоми замони хешро ки дар ҳоли ҳозир «Маҳдӣ» аст бишиносанд ва заминаи зуҳур ва ҳокимияташро фароҳам оваранд ва худро аз шарри тавоғит ва ҳокимони золим ва муддаъиёни дурӯғини хилофат наҷот бахшанд; Чароки танҳо ҳокимияти ӯст ки ҳокимияти Худованд маҳсуб мешавад ва танҳо ҳукумати ӯст ки аз ин тавонойи бархурдор аст ки мусалмонон ва инсонҳои дигарро аз ин зулматҳо ва торикиҳои дарун дар дарун ва барҳам амбошта наҷот диҳад ва ба сӯӣ адолат ва нур ва рӯшанойи ва саъодати воқеъӣ раҳсипор гардонад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿اللَّهُ وَلِيُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا أَوْلِيَاؤُهُمُ الطَّاغُوتُ يُخْرِجُونَهُمْ مِنَ النُّورِ إِلَى الظُّلُمَاتِ[14]; «Худованд волӣ ва сарпарасти касоне аст ки имон оварданд; Онҳоро аз торикиҳо хориҷ мекунад ва ба сӯӣ нур ва рӯшанойи мебарад ва касоне ки куфр варзиданд, волӣ ва сарпарасти онҳо тоғут аст ки онҳоро аз нур хориҷ мекунад ва ба сӯӣ торикиҳо мебарад».

والسلام علی من اتبع الهدی

↑[1] . Тағобун/ 1
↑[2] . Зумар/ 6
↑[3] . Каҳф/ 26
↑[4] . Фурқон/ 2
↑[5] . Бақара/ 247
↑[6] . Оли Имрон/ 26
↑[7] . Бақара/ 247
↑[8] . Бақара/ 30
↑[9] . Бақара/ 124
↑[10] . Сод/ 26
↑[11] . Аҳзоб/ 62
↑[12] . Аҳзоб/ 33
↑[13] . یکونُ مِن بَعْدِي اثْنا عَشَرَ خَلِیفَةً کُلُّهُمْ مِنْ قُرَیْش
↑[14] . Бақара/ 257