1 . أَخْبَرَنَا حَيْدَرُ بْنُ سَعِيدٍ الْمُوسَوِيُّ، قَالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: هَلْ يَحِلُّ لِلْعَذْرَاءِ أَنْ تَتَزَوَّجَ بِغَيْرِ إِذْنِ أَبِيهَا؟ قَالَ: لَا وَلَا كَرَامَةَ، قُلْتُ: وَإِنْ كَانَتْ رَشِيدَةً؟ قَالَ: وَإِنْ كَانَتْ رَشِيدَةً، قُلْتُ: فَإِنْ تَزَوَّجَتْ بِغَيْرِ إِذْنِ أَبِيهَا فَتَرَى أَنَّ زَوَاجَهَا بَاطِلٌ؟ قَالَ: لَا، إِلَّا أَنْ تَزَوَّجَتْ بِغَيْرِ كُفْوٍ وَجَاءَ أَبُوهَا يُخَاصِمُهَا، فَلَهُ أَنْ يَنْقُضَ النِّكَاحَ.

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳайдар ибни Саъиди Мусавӣ моро хабар дод, гуфт: Ба Мансур гуфтам: Оё барои бокира ҳалол аст ки бидуни изни падараш издивоҷ кунад? Фармуд: На ва арзише надорад, гуфтам: Агарчи рашида бошад? Фармуд: Агарчи рашида бошад, гуфтам: Пас агар бидуни изни падараш издивоҷ кунад, издивоҷи ӯро ботил медонед? Фармуд: На, магар онки бо ғайри монанди худ издивоҷ кунад ва падараш биёяд ва бо ӯ мухосима кунад, пас (падараш) метавонад никоҳро нақз кунад.

2 . أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الْهَرَوِيُّ، قَالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْمُؤْمِنَةِ لَهَا أَبٌ فَاجِرٌ أَوْ نَاصِبِيٌّ يَمْنَعُهَا مِنْ نِكَاحِ مُؤْمِنٍ تُحِبُّهُ، وَلَا يَفْعَلُ ذَلِكَ إِلَّا لِأَنَّهُ مُؤْمِنٌ، فَقَالَ: تَنْكَحُهُ وَإِنْ رَغَمَ أَنْفُ أَبِيهَا! قُلْتُ: إِنَّهَا بِكْرٌ فَتَخْشَى أَنْ تَكُونَ عَلَيْهَا مَعَرَّةٌ، قَالَ: أَبُوهَا ظَالِمٌ، وَلَا وِلَايَةَ لِظَالِمٍ، أَلَمْ تَسْمَعْ قَوْلَ اللَّهِ تَعَالَى: ﴿وَقَدْ خَابَ مَنْ حَمَلَ ظُلْمًا[1]؟! فَهَلْ يَخِيبُ إِلَّا إِذَا لَمْ يَنَلْ مَا طَلَبَ؟! ثُمَّ قَالَ: إِنِ امْتَنَعَتْ مِنْ نِكَاحِ الْمُؤْمِنِ طَاعَةً لِأَبِيهَا فَقَدْ عَصَتْ رَبَّهَا، لِأَنَّهُ قَدْ نَهَى عَنْ طَاعَةِ كُلِّ ﴿مَنَّاعٍ لِلْخَيْرِ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ[2] كَائِنًا مَنْ كَانَ.

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи занӣ мӯъмин пурсидам ки падарӣ фоҷир ё носибӣ дорад ки ӯро аз издивоҷ бо марди мӯъмин ки дӯстдори ӯст боз медорад ва ин корро намекунад магар барои инки ӯ мӯъмин аст, пас фармуд: Бо ӯ издивоҷ мекунад агарчи бинии падараш ба хок молида шавад! Гуфтам: Ӯ бокира аст ва аз ин рӯ, метарсад ки бар ӯ гуноҳе бошад, фармуд: Падараш золим аст ва золимро вилояте нест, оё сухани Худованди баландмартабаро нашунида ки фармудааст: «Ва ноком шуд ҳар кас ки зулмеро баргирифт»?! Пас оё ноком мешавад ҷуз ҳангоме ки ба ончи мехоҳад даст наёбад?! Сипас фармуд: Агар барои итоъат аз падараш, аз издивоҷ бо мӯъмин худдорӣ кунад, Парвардигорашро нофармонӣ кардааст; Чароки Худованди баландмартаба аз итоъати ҳар «Касе ки боздоранда аз кори хайр ва ситампешае гуноҳкор аст» наҳй фармудааст, ҳар кас ки мехоҳад бошад.

↑[1] . Тоҳо/ 111
↑[2] . Қалам/ 12