Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 7/3/2016

Дар Наҳҷул Балоға омада ки Набийи мукаррам фармуд ба рӯзгор дашном надиҳед ки рӯзгор ҳамон Худост: «لا تسبّوا الدّهر فإنّ الله هو الدّهر». Пас читавр имом Ҳусейн дар шаби Ошуро фармуд: «یا دهر افّ لک من خلیل/ کم لک بالاشراق و الأصیل»?

Посух ба пурсиши шумораи: 5 Тарихи посух ба пурсиш: 11/3/2016

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Ривояти Абу Ҳурайра аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ривояти расида аз имом Ҳусейн ҳар ду ривоётӣ воҳид ҳастанд ва бо ин васф, на собит аст ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуда бошад: «Рӯзгор ҳамон Худост» ва на собит аст ки имом Ҳусейн фармуда бошад: «Эй рӯзгор! Уф бар ту»! Бо ин ҳол, иборати «Рӯзгор ҳамон Худост» агср аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам содир шуда бошад, иборатӣ муҷозӣ аст; Ба ин маъно ки рӯзгор ба касе суд ва зиён намерасонад, бар ин Худованд аст ки маншаъи суд ва зиён аст; Чунонки фармудааст: ﴿وَقَالُوا مَا هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا الدُّنْيَا نَمُوتُ وَنَحْيَا وَمَا يُهْلِكُنَا إِلَّا الدَّهْرُ ۚ وَمَا لَهُمْ بِذَلِكَ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ[1]; «Ва гуфтанд он ҷуз зиндагии мо дар дунё нест ки мемирем ва зиндагӣ мекунем ва ҷуз рӯзгор моро ҳалок намекунад, дар ҳоле ки ононро ба он илме нест ва онон танҳо гумон мебаранд» Ва ин сариҳи дар он аст ки рӯзгор ҳамон Худо нест ва эътиқод ба чунин нақше барои он ақидаи кофирон аст; Ҳамчунонки шеъри мансуб ба имом Ҳусейн низ агар собит бошад, эҳтимолан сурудаи он ҳазрат нест, бал сурудаи бархӣ шоъирон аст ки он ҳазрат ба он тамассул ҷустааст то бадии «Аҳли рӯзгори худ» ро ёдоварӣ кунад.

↑[1] . Ҷосия/ 24