Нависандаи пурсиш: Яъқуби Тарихи пурсиш: 5/3/2016

Маҳдӣ чанд сол ҳукумат мекунад ва баъд аз Маҳдӣ зиндагӣ чигуна поён мепазирад? Чун Маҳдӣ охарин мунҷӣ аст ва баъд аз он дигар имом ё халифае таъйин нашуда. Маҳдӣ чигуна бо шамшер ба ҷанг бо силоҳҳои рӯз меравад?

Посух ба пурсиши шумораи: 13 Тарихи посух ба пурсиш: 5/3/2016

Ривоёти фариқайн дар бораи муддати ҳокимияти Маҳдӣ ихтилоф доранд ва аз ҳафт ё ҳашт ё нӯҳ сол низди аҳли суннат[1] то ҳудуди бист сол назди аҳли ташаюъ[2] ро пешбинӣ мекунанд, вале аз онҷо ки ривоётӣ воҳид ва заннӣ ҳастанд, қобили иттико маҳсуб намешаванд. Ҳамчунин, ривоёте дар дастанд ки аз тадовуми хилофат пас аз Маҳдӣ ва интиқоли он ба ёздаҳ ё дувоздаҳ Маҳдии дигар аз фарзандони Ҳусейн хабар медиҳанд[3] ки нахустини онон мардӣ Хуросонӣ[4] ба номи Мансур аст[5].

Аммо инки «Маҳдӣ бо шамшер ба ҷанг бо силоҳҳои рӯз меравад» маҳзи иддаъост ки далиле барои он вуҷуд надорад.

↑[1] . Ибни абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ8, с678; Аҳмад ибни Ҳанбал, Ал-Муснад, ҷ3, с27 ва 37
↑[2] . Нӯъмонӣ, Ал-Ғайба, с353
↑[3] . Тувсӣ, Ал-Ғайба, с478; Ибни Бобувей, Камоли дин ва тамомул неъма, с338
↑[4] . Заҳабӣ, Мизонул Эътидол, ҷ3, с128; Муқризӣ, Имтоъул асмоъ, ҷ12, с296
↑[5] . Ибни Ҳаммод, Китобул Фитан, с64 ва 247; Ибни Ҳайюн, Шарҳул Ахбор, ҷ3, с400; Байҳақӣ, Далоъилул Набувва, ҷ6, с513
Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Асад Асадӣ Тарихи таълиқ: 21/10/2019

Дар ҳейни мутолеъа, матлабе зеҳни манро ба худ машғул кард ки бо шумо дар миён мегузорам. Лутфан раҳнамойи бифармойед.

Дар робита бо пурсиши боло ки Маҳдӣ чанд сол ҳукумат мекунад ва баъд аз Маҳдӣ зиндагӣ чигуна поён мепазирад, назари банда ин аст ки бо таваҷҷуҳ ба ояи шарифаи «إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً», замин ҳеҷ гоҳ аз халифаи Худованд холӣ намемонад ва бо таваҷҷуҳ ба ахбори мутавотир, халифаи Худованд баъд аз Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дувоздаҳ нафар ҳастанд. Аз ин лозим меояд ки ё имом Маҳдӣ алайҳи салом то рӯзи қиёмат ба унвони халифаи Худованд дар замин боқӣ бимонад ва ё дар сурате ки хости Худованд ин бошад ки умри мубораки ӯ қабл аз рӯзи қиёмат поён пазирад ва ба раҳмати Илоҳӣ равад, сойири дувоздаҳ халифаи Худованд ба амри Ӯ раҷъат кунанд то халифаи Худованд дар замин бошанд; Валлоҳу аълам.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 24/10/2019

Дар бораи инки пас аз имом Маҳдӣ алайҳи салом чи рӯй медиҳад, чаҳор ривоят расидааст:

1 . Қиёмат барпо мешавад.

2 . Ҳама ё бархӣ хулафоъи пешин раҷъат мекунанд.

3 . Ёздаҳ ё дувоздаҳ марди ҳидоятёфта –яке пас аз дигарӣ– ҳукумат мекунанд.

4 . Масеҳ алайҳи салом ҳукумат мекунад.

Бидуни шак ҳолати якум ва дуввум мумкин аст, вале ҳолати севвум низ ғайри мумкин нест; Чароки аз як сӯ ин ёздаҳ ё дувоздаҳ марди ҳидоятёфта, имом нестанд, балки пайравони имом ҳастанд ва ба итоъат аз ӯ ва на итоъат аз худ даъват мекунанд; Чунонки аз абу Басир ривоят шудааст: «قُلْتُ لِلصّادِقِ جَعْفَرِ بْنِ مُحَمَّدٍ عَلَيْهِمَا السَّلامُ: يَا ابْنَ رَسُولِ اللّهِ! إِنِّي سَمِعْتُ مِنْ أَبِيكَ عَلَيْهِ السَّلامُ أَنَّهُ قالَ: يَكُونُ بَعْدَ الْقائِمِ اثْنا عَشَرَ مَهْدِيًّا، فَقالَ: إِنَّما قالَ: إثْنا عَشَرَ مَهْدِيًّا وَلَمْ يَقُلْ: إثْنا عَشَرَ إِمامًا وَلَكِنَّهُمْ قَوْمٌ مِنْ شيعَتِنا يَدْعُونَ النّاسَ إِلَى مُوالاتِنا وَمَعْرِفَةِ حَقِّنا»[1]; «Ба имом Содиқ Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳи салом гуфтам: Эй писари Расули Худо! Ман аз падарат шунидам ки фармуд: Пас аз қоъим (яъне имом Маҳдӣ алайҳи салом) дувоздаҳ ҳидоятёфта хоҳанд буд, фармуд: Ӯ танҳо фармуд: Дувоздаҳ ҳидоятёфта ва нафармуд: Дувоздаҳ имом; Онҳо сирфан гурӯҳе аз пайравони мо ҳастанд ки мардумро ба дӯстии мо ва шинохти ҳаққамон даъват мекунанд» Ва аз сӯӣ дигар, ин ёздаҳ ё дувоздаҳ марди ҳидоятёфта, «Халифаи халифаи Худованд дар замин» ҳастанд ва ба ниёбат аз ҷониби Ӯ ҳукумат мекунанд ва аз ин рӯ, метавон гуфт ки бо вуҷуди онон, замин аз халифаи Худованд холӣ нест; Хусусан агар осор ва мавориси илмии вежае аз халифаи Худованд дар ихтиёри онон бошад. Бо ин ҳол, инсоф он аст ки мӯҳтамалтарин ҳолат, ҳукумати Масеҳ алайҳи салом аст; Чароки нузули ӯ дар замони имом Маҳдӣ алайҳи салом қатъӣ аст ва ривоёте бар бақоъи ӯ пас аз он ҳазрат далолат доранд; Монанди ривояте аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки дар он омадааст: «أَنَا أَوَّلُ هَذِهِ الْأُمَّةِ وَالْمَهْدِيُّ أَوْسَطُها وَعِيسَى آخِرُها»[2]; «Ман аввали ин уммат ҳастам ва Маҳдӣ васати он аст ва Исо охари он аст» Ва ин ба маънои насхи Ислом нест; Чароки Масеҳ алайҳи салом монанди Маҳдӣ алайҳи салом бар пояи Қуръон ва бар пояи суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳукумат мекунад; Чунонки дар ривояте омадааст: «يَنْزِلُ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ، فَيَقْتُلُ الْخِنْزِيرَ، وَيَمْحُو الصَّلِيبَ، وَتُجْمَعُ لَهُ الصَّلَاةُ، وَيُعْطِي الْمَالَ حَتَّى لَا يُقْبَلَ، وَيَضَعُ الْخَرَاجَ، وَيَنْزِلُ الرَّوْحَاءَ، فَيَحُجُّ مِنْهَا أَوْ يَعْتَمِرُ، أَوْ يَجْمَعُهُمَا»[3]; «Исо ибни Марям нозил мешавад, пас хукро мекушад ва салибро аз байн мебарад ва намози ҷамоъат барои ӯ бар по мешавад ва молро ато мекунад то ҳадде ки касе онро намепазирад ва хароҷ мегузорад ва дар Руҳоъи фуруд меояд ва аз онҷо ба ҳаҷ ё умра меравад ё миёни ҳар ду ҷамъ мекунад» Ва дар ривоятӣ дигар омадааст: «فَيَكْسِرُ الصَّلِيبَ، وَيَقْتُلُ الْخِنْزِيرَ، وَيَضَعُ الْجِزْيَةَ، وَيُعَطِّلُ الْمِلَلَ، حَتَّى يُهْلِكَ اللَّهُ فِي زَمَانِهِ الْمِلَلَ كُلَّهَا غَيْرَ الْإِسْلَامِ»[4]; «Пас салибро мешиканад ва хукро мекушад ва (аз аҳли китоб) ҷизя мегирад ва ҳамаи адёнро таътил мекунад, то инки Худованд дар замони ӯ ҳамаи адён ба ҷуз Исломро аз байн мебарад».

Ба ҳар ҳол, ҳар як аз ин чаҳор ҳолат мӯҳтамал аст, вале тардиде нест ки акнун мо ба донистани ин мавзӯъ мукаллаф нестем; Чароки ин мавзӯъ марбут ба оянда аст ва тариқе барои илм ба он вуҷуд надорад. Чизе ки акнун таклифи мо маҳсуб мешавад, заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом аст ва зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом ҳаргоҳ воқеъ шавад, ба ҳамаи пурсишҳои мо аз ҷумла дар бораи ин мавзӯъ посух медиҳад Ин Шоъ Аллоҳ. Пас биёйед акнун бар рӯйи заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом мутамаркиз шавем.

↑[1] . Ибни Бобувей, Камолуддин ва тамомул неъма, с358
↑[2] . Ибни Бобувей, Ал-Хисол, с476; Ҳаму, Уюнул ахборил Ризо, ҷ1, с66; Тувсӣ, Ал-Ғайба, с185; Ибни Батриқ, Умдатул уюни саҳоҳул ахбор, с432; Табрезӣ, Мишкотул Масобеҳ, ҷ3, с770
↑[3] . Муснади Аҳмад, ҷ2, с290
↑[4] . Муснади Аҳмад, ҷ2, с437