1 . أَخْبَرَنَا صَالِحُ بْنُ مُحَمَّدٍ السَّبْزَوَارِيُّ، قَالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ الْهَاشِمِيِّ الْخُرَاسَانِيِّ: هَلْ بَلَغَكَ فِي الْعَمَلِيَّةِ الْإِسْتِشْهَادِيَّةِ شَيْءٌ؟ قَالَ: وَمَا هِيَ؟ قُلْتُ: مُؤْمِنٌ يَقْتُلُ كَافِرًا بِقَتْلِ نَفْسِهِ، قَالَ: لَا، وَهَلْ يَقْتُلُ مُؤْمِنٌ نَفْسَهُ؟!

Тарҷумаи гуфтор:

Солеҳ ибни Муҳаммади Сабзаворӣ моро хабар дод, гуфт: Ба Мансури Ҳошимии Хуросонӣ гуфтам: Оё чизе (аз шаръ) дар бораи (ҷавози) амалиёти истишҳодӣ ба ту расидааст? Фармуд: Он чигуна аст? Гуфтам: Мӯъмине кофиреро бо куштани худ мекушад, фармуд: На, магар мӯъмине ҳам худро мекушад?!

2 . أَخْبَرَنَا أَبُو بَكْرِ بْنُ عَبْدِ الْبَارِي الْقَنْدَهَارِيُّ، قَالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْمُسْلِمِ يَحْمِلُ فِي جَيْبِهِ قُنْبُلَةً، فَيَرْمِي حَتَّى إِذَا نَفِدَتْ سِهَامُهُ وَقَرُبَ مِنْهُ الْكَافِرُ فَجَّرَهَا، فَقَتَلَهُ وَقَتَلَ نَفْسَهُ، قَالَ: هَذَا مِنْ عَمَلِ الْجَاهِلِيَّةِ، كَانَ إِذَا أُحِيطَ بِأَحَدِهِمْ فِي الْحَرْبِ يُنَادِي: «اقْتُلُونِي وَفُلَانًا»، فَيَقْتُلُهُ وَيَقْتُلُ نَفْسَهُ! فَمَكَثَ هُنَيَّةً ثُمَّ قَالَ: مَا أَلْفٌ مِنَ الْكُفَّارِ بِرَجُلٍ مِنَ الْمُسْلِمِينَ، فَلَا تَفْعَلُوا.

Тарҷумаи гуфтор:

Абу Бакр ибни Абдулбории Қандаҳорӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансури дар бораи мусалмоне пурсидам ки дар геребони худ бамбе ҳамл мекунад, пас тир меандозад то он гоҳ ки тирҳояш ба поён мерасад ва кофир ба ӯ наздик мешавад, пас бамбро мунфаҷир мекунад ва ӯро мекушад ва худро низ (бо ӯ) мекушад, фармуд: Ин аз аъмоли ҷоҳилият аст, ҳангоме ки ба яке аз онон дар ҷанг иҳота мешуд овоз медод: «Манро бо фалонӣ бикушед», пас ӯ ва худро бо ҳам мекушт! Дар ин ҳангом каме даранг кард ва сипас фармуд: Ҳазор тан аз кофирон ба як тан аз мусалмонон намеарзад, пас ин корро накунед.