Нависандаи пурсиш: Абулфазли Вафоён Тарихи пурсиш: 26/2/2016

Дар гуфторе [аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ] ки дар васфи аҳли биҳишт омада, зикр шудааст ки вақте мӯъминеро ба биҳишт мебаранд муддате раҳояш мекунанд то худро боз ёбад ва мегӯянд тоза аз дунё омада ва иддае ба истиқболи ӯ меоянд. Оё манзур биҳишти барзахӣ аст ё ҳамон биҳишти абадӣ? Ва оё даранге ки дар қабр дорем ва гурезе аз он нест барзахи мост?

Рӯзи маҳшар ва қиёмат ва дамида шудан дар сур чигуна аст?

Бо сипоси фаровон аз таваҷҷуҳ ва иноёти шумо

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 1/3/2016

Дар китоби Худованд аз ду биҳишти ҷудогона бо унвони биҳишти барзахӣ ва биҳишти абадӣ ёд нашуда, бал аз биҳиштӣ воҳид сухан ба миён омада ва он биҳиште аст ки руҳи мӯъми пас аз марг бо лаббайк гуфтан ба нидои ﴿يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ ۝ ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَرْضِيَّةً ۝ فَادْخُلِي فِي عِبَادِي ۝ وَادْخُلِي جَنَّتِي ۝[1]; «Ҳон эй руҳи оромиш ёфта! Ба сӯӣ Парвардигорат бозгард дар ҳоле ки розӣ ва мавриди ризоят ҳастӣ; Пас ба миёни бандагонам дохил шав ва ба биҳиштам дохил шав», ба он дохил мешавад ва ﴿مَا دَامَتِ السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ[2]; «То ҳангоме ки осмонҳо ва замин боқӣ аст» дар он боқӣ мемонад ва сипас дар рӯзи қиёмат, пас аз дар ҳам печида шудани осмон ﴿كَطَيِّ السِّجِلِّ لِلْكُتُبِ[3]; «Монанди дар ҳам печида шудани тӯмор барои номаҳо» ва пас аз онки ﴿تُبَدَّلُ الْأَرْضُ غَيْرَ الْأَرْضِ[4]; «Замин ба ғайри замин мубаддал мешавад», барои муҳосибаи тафсилӣ ﴿لِيَوْمِ الْحِسَابِ[5] ба ҷисмаш боз мегардад ва сипас ба ҳамроҳи ҷисмаш, ба дараҷаи волотар ﴿الدَّرَجَاتُ الْعُلَى[6] аз ҳамон биҳишт суъуд мекунад ва аз ин рӯ, ҳар бор ки дар он ризқе дода мешавад мегӯяд ин чизе аст ки аз қабл ба ман дода шуд ва чизҳойе монанди қабл ба ӯ дода мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿كُلَّمَا رُزِقُوا مِنْهَا مِنْ ثَمَرَةٍ رِزْقًا ۙ قَالُوا هَذَا الَّذِي رُزِقْنَا مِنْ قَبْلُ ۖ وَأُتُوا بِهِ مُتَشَابِهًا ۖ وَلَهُمْ فِيهَا أَزْوَاجٌ مُطَهَّرَةٌ ۖ وَهُمْ فِيهَا خَالِدُونَ[7]; «Ҳар бор ки аз он ризқе аз баҳрае дода мешаванд мегӯянд: Ин чизе аст ки аз қабл ба мо дода шуд ва он монанди (қабл) ба онон дода мешавад ва барои онон дар он ҳамсаронӣ покиза аст ва онон дар он ҷовидон хоҳанд буд» Ва ин нуктаи бадеъӣ аст ки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْعالِمَ عَنْ قَوْلِ اللّهِ تَعَالَى: ﴿كُلَّمَا رُزِقُوا مِنْهَا مِنْ ثَمَرَةٍ رِزْقًا ۙ قَالُوا هَذَا الَّذِي رُزِقْنَا مِنْ قَبْلُ! قالَ: رُزِقُوا فِي قُبُورِهِمْ قَبْلَ یَوْمِ الْقِیامَةِ، أَما سَمِعْتَ قَوْلَهُ تَعَالَى فِي الَّذِینَ قُتِلُوا فِي سَبِیلِهِ أَنَّهُمْ ﴿أَحْيَاءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ؟! قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ ذَلِكَ ما رُزِقُوا فِي الْحَیاةِ الدُّنْیا! قالَ: کَیْفَ یَکُونُ ذَلِكَ وَ ما رُزِقَ أَکْثَرُهُمْ فِي الْحَیاةِ الدُّنْیا إِلّا الْماءَ الْکَدِرَ وَ الطَّعامَ الْجَشِبَ وَ اللِّباسَ الْخَشِنَ؟! لا وَاللّهِ ذَلِكَ ما رُزِقُوا فِي الْبَرْزَخِ إِلَى یَوْمِ یُبْعَثُونَ»; «Аз олим дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: <Ҳар бор ки аз он ризқе аз баҳрае дода мешаванд мегӯянд: Ин чизе аст ки аз қабл ба мо дода шуд>[8]! Фармуд: Дар қабрҳошон қабл аз рӯзи қиёмат! Оё сухани Худованди баландмартаба дар бораи касоне ки дар роҳаш кушта шудандро нашнидаи ки мефармояд: <Онон зиндагоне ҳастанд назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд>[9]?! Гуфтам: Инҳо мегӯянд: Он чизе аст ки дар зиндагии дунё рӯзӣ дода шуданд! Фармуд: Чигуна он бошад?! Дар ҳоле ки бештари онон дар зиндагии дунё ҷуз оби кадир ва ғазои ногувор ва либоси хашен рӯзӣ дода нашуданд! На ба Худо савганд, он чизе аст ки дар барзах рӯзӣ дода шуданд то рӯзе ки мабъус мешаванд»!

Аз инҷо дониста мешавад ки биҳиши мӯъин бо марги ӯ оғоз мешавад, ҷуз онки пеш аз рӯзи қиёмат сирфан руҳонӣ аст, ба ин маъно ки танҳо руҳи ӯ дар он мутанаъим аст ва пас аз рӯзи қиёмат руҳонӣ ва ҷисмонӣ мешаванд, ба ин маъно ки ҷисми ӯ низ дар он танаъим пайдо мекунад; Ҳамчунонки пеш аз рӯзи қиёмат подоше барои ӯ ва пас аз рӯзи қиёмат подоше барои имон ва амали солеҳи уст ва бо ин васф, биҳишти барзахӣ ҷудо аз биҳишти абадӣ нест, бал дараҷае аз он аст ки дар рӯзи қиёмат ба иқтизои таҷассуми ӯ ва мутаносиб бо аъмоли солеҳаш улув ва вусъат пайдо мекунад; Чунонки Худованд бо ишора ба он фармудааст: ﴿وَلِكُلٍّ دَرَجَاتٌ مِمَّا عَمِلُوا ۖ وَلِيُوَفِّيَهُمْ أَعْمَالَهُمْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ[10]; «Ва барои ҳама дараҷаӣ мутаносиб бо чизе аст ки амал карданд ва ҳатман аъмолашонро бидуни костӣ ба онон мепардозад ва ба онон ситам намешавад» Ва ин нуктаӣ бадеъӣ аст ки яке аз ёронамон моро аз он хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُهُ عَنْ سُؤالِ الْقَبْرِ أَحَقٌّ هُوَ؟ قالَ: نَعَمْ، قُلْتُ: فَیُسْئَلُ یَوْمَ الْقِیامَةِ مَرَّةً أُخْرَى؟! قالَ: إِنَّما یُسْئَلُ فِي الْقَبْرِ عَنْ تِلْكَ الْأُمُورِ الْعِظامِ وَ یُسْئَلُ یَوْمَ الْقِیامَةِ عَنْ کُلِّ صَغِیرٍ وَ کَبِیرٍ حَتَّى یُسْئَلُ عَنِ الْلَّقْمَةِ وَ النَّظْرَةِ وَ اللَّفْظَةِ وَ الْجَلْسَةِ»; «Аз он ҳазрат дар бораи пурсиш дар қабр пурсидам ки оё ҳақ аст? Фармуд: Оре, гуфтам: Пас дар рӯзи қиёмат дубора пурсиш мешавад? Фармуд: Ҷуз ин нест ки дар қабр аз он чизҳои бузург пурсиш мешавад ва дар рӯзи қиёмат аз ҳар хурд ва калоне пурсиш мешавад, то инки аз як луқма ва як нигоҳ ва як калима ва як нишастан пурсиш мешавад»!

Бо ин васф, метавон «Даранге ки аз он гузире нест» дар гуфтори зебо ва нуронии аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолоро бар даранги мӯъмин дар қабр барои пурсиш дар бораи «تِلْكَ الْأُمُورِ الْعِظامِ»; «Он чизҳои бузург» ҳамл намуд.

Аммо чигунагии қиёмат ва ҳаводиси ҳувлангези он дар даҳҳо оя аз китоби Худованд хусусан сураҳои Маккӣ ки дар аҷзоъи вопасин мусҳафи шариф қарор гирифтаанд, тавсиф шудааст ва ҳеҷ тавсифе дар бораи он беҳтар аз тавсифи китоби Худованд нест ва «Сур» низ мутобиқ бо тавсифи китоби Худованд, шипуре аст ки ду бор дар он дамида мешавад: Яке барои мурдани зиндагон дар поёни зиндагии дунё ва дигарӣ барои зинда шудани мурдагон дар рӯзи қиёмат; Чунонки фармудааст: ﴿وَنُفِخَ فِي الصُّورِ فَصَعِقَ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَمَنْ فِي الْأَرْضِ إِلَّا مَنْ شَاءَ اللَّهُ ۖ ثُمَّ نُفِخَ فِيهِ أُخْرَى فَإِذَا هُمْ قِيَامٌ يَنْظُرُونَ[11]; «Ва дар сур дамида мешавад, пас ҳар кас дар осмонҳо ва ҳар кас дар замин аст ҷуз касе ки Худованд хоҳад мемирад, сипас бори дигар дар он дамида мешавад, пас ногоҳ онон бархоста менигаранд»!

Худованд моро аз ваҳшати он рӯз ки ﴿الْفَزَعُ الْأَكْبَرُ[12]; «Бузургтарин ваҳшат» аст ҳифз фармояд ва бо марг дар роҳи иқомаи динаш ба биҳишти ҷовидон ки ﴿دَارُ السَّلَامِ[13]; «Саройи саломатӣ» аст дохил кунад то аз ин зиндагии мароратбор дар миёни кофирон ва золимон ва фосиқон раҳойи ёбем ва дар ҷавори Паёмбарон ва сиддиқон ва шаҳидон манзил кунем ва шодмона нидо сар диҳем: ﴿الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي أَذْهَبَ عَنَّا الْحَزَنَ ۖ إِنَّ رَبَّنَا لَغَفُورٌ شَكُورٌ[14]; «Ситойиш Худойеро ки андӯҳро аз мо бурд; Ҳароина Парвардигорамон бисёр омӯрзанда ва қадршинос аст».

↑[1] . Фаҷр/ 27-30
↑[2] . Ҳуд/ 108
↑[3] . Анбиёъ/ 104
↑[4] . Иброҳим/ 48
↑[5] . Сод/ 53
↑[6] . Тоҳа/ 75
↑[7] . Бақара/ 25
↑[8] . Бақара/ 25
↑[9] . Оли Имрон/ 169
↑[10] . Аҳқоф/ 19
↑[11] . Зумар/ 68
↑[12] . Анбиёъ/ 103
↑[13] . Анъом/ 127
↑[14] . Фотир/ 34
Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Самадиён Тарихи таълиқ: 18/3/2016

Дар посух ба яке аз пурсишҳо дар бораи барзах сӯҳбат кардед ва фармудед ки биҳишти барзах ҳамон биҳишти абадӣ аст, бо ин тафовут ки сирфан руҳонӣ аст ва ҳанӯз ҷисмонӣ нашудааст. Ин дар ҳоле аст ки ман аз устодам ки исломшиноси бисёр бузурге аст шунидам ки дар бархӣ ривоёт омадааст ки мӯъмин дар қабр баъд аз посух додан ба суъолоти Накир ва Мункар, ба хобӣ амиқ монанди хоби арӯс дар ҳиҷла фурӯ меравад то дар рӯзи қиёмат аз хоб бархезад ва вориди биҳишт шавад ва аз инҷо маълум мешавад ки биҳишти барзахӣ вуҷуд надорад ва биҳишт танҳо дар рӯзи қиёмат аст ва инсонҳо пас аз марг то он рӯз дар хобӣ амиқ ба сар мебаранд. Лутфан дар ин бора тавзиҳ диҳед.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 19/3/2016

Чизе ки дар қабр пас аз посух додан ба пурсишҳои фариштагон дар бораи «Он чизҳои бузур», ба хобӣ амиқ фуру меравад, ҷисми мӯъмин аст, вале руҳи ӯ ки дар китоби Худованд ﴿النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ номида шудааст намехобад, бал дар ҳоле ки розӣ ва мавриди ризоят аст, ба сӯйи Парвардигораш боз мегардад ва ба миёни бандагони шойистаи Ӯ ки пештар аз дунё рафтаанд ва ба биҳишти Ӯ ворид мешавад; Чунонки фармудааст: ﴿فَادْخُلِي فِي عِبَادِي ۝ وَادْخُلِي جَنَّتِي[1]. Бо ин васф, тардиде нест ки биҳишти мӯъмин пеш аз рӯзи қиёмат вуҷуд дорад ва руҳи онон дар барзах ба он дохил мешавад ва ин чизе аст ки Худованд ба рӯшанӣ аз он хабар дода ва ба унвони намуна, дар бораи мӯъмини сураи Ёсин фармудааст: ﴿قِيلَ ادْخُلِ الْجَنَّةَ ۖ قَالَ يَا لَيْتَ قَوْمِي يَعْلَمُونَ ۝ بِمَا غَفَرَ لِي رَبِّي وَجَعَلَنِي مِنَ الْمُكْرَمِينَ[2]; «Гуфта шуд ки ба бҳишт дохил шав! Гуфт: Эй кош қавми ман медонистанд ки Парвардигорам манро омӯрзид ва аз гиромӣ дошта шудагон қарор дод» Ва ин дар ҳоле буд ки ҳанӯз қиёмат барпо нашуда буд ва қавми ӯ дар дунё зиндагӣ мекарданд; Ҳамчунонки дӯзахи кофирон пеш аз рӯзи қиёмат вуҷуд дорад ва руҳи онон дар барзах ба он дохил мешавад ва ин чизе аст ки Худованд ба рӯшанӣ аз он хабар дода ва ба унвони намуна, дар бораи ҳамсари Нуҳ алайҳи салом ва ҳамсари Лут алайҳи салом фармудааст: ﴿فَخَانَتَاهُمَا فَلَمْ يُغْنِيَا عَنْهُمَا مِنَ اللَّهِ شَيْئًا وَقِيلَ ادْخُلَا النَّارَ مَعَ الدَّاخِلِينَ[3]; «Пас ба он ду (Паёмбар) хиёнат карданд, пас он ду чизеро барояшон аз Худованд кифоят накарданд ва ба он ду (зан) гуфта шуд ки ҳамвора бо дохил шудагон ба оташ дохил шавед» Ва ин дар ҳоле буд ки ҳанӯз қиёмат барпо нашуда буд, балки бо сароҳати бештаре дар бораи оли фиръавн фармудааст: ﴿وَحَاقَ بِآلِ فِرْعَوْنَ سُوءُ الْعَذَابِ ۝ النَّارُ يُعْرَضُونَ عَلَيْهَا غُدُوًّا وَعَشِيًّا ۖ وَيَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ أَدْخِلُوا آلَ فِرْعَوْنَ أَشَدَّ الْعَذَابِ[4]; «Ва ба оли фиръавн азобӣ бад расид; Оташ ки ҳар субҳ ва шом бар он арза мешаванд ва рӯзе ки қиёмат барпо мешавад оли фиръавнро ба азобӣ шадидтар дохил кунед» Ва ин сариҳи дар он аст ки дӯзахи онон пеш аз барпо шудани қиёмат вуҷуд дорад ва онон ҳар субҳ ва шом –ки аз авқоти махсус ба дунёст– бар он арза мешаванд, ҷуз инки дар рӯзи қиёмат барои онон шиддати бештаре пайдо мекунад; Ҳамон тавр ки мутақобилан биҳиши мӯъминон дар рӯзи қиёмат барои онон вусъати бештаре меёбад.

Аз инҷо дониста мешавад ки устоди мӯҳтарами шумо –агар ба ростӣ чунин боваре дорад– «Исломшиноси бисёр бузурге» нест; Зеро «Исломшиноси бисёр бузург» касе аст ки бар хилофи китоби Худованд таълим намедиҳад ва бардошти нодурусти худ аз ривоятӣ воҳидро ҷойгузини нусуси он намекунад, монанди аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ки гоме аз китоби Худованд пеш намеафтад ва пас намемонад ва танҳо дар рӯшанойии баййинот ҳаракат мекунад ва аз ин рӯ, ҷойи басо шигифте дорад ки касоне чунин олими ростин ва бемонандеро во мегузоранд ва ба олимонӣ дурӯғин дар ин сӯ ва он сӯ рӯй меоваранд; Олимоне ки бо таъолими нодурусти худ вақт ва неруйи ононро талаф мекунанд ва ҷуз бар хасороти онон дар дунё ва охират намеафзоянд.

↑[1] . Фаҷр/ 29 ва 30
↑[2] . Ёсин/ 26 ва 27
↑[3] . Таҳрим/ 10
↑[4] . Ғофир/ 35 ва 36
Шумораи таълиқ: 2 Нависандаи таълиқ: Ризо Ғафурӣ Тарихи таълиқ: 1/8/2018

Дар посухи боло гуфта шуда дар олами қабр аз чизҳои муҳим ки ҳамон ақойид аст суъол мешавад ва мӯъмин дар биҳишт ҷой мегирад ва дар қиёмат аз ҳар хурд ва калон суъол хоҳад шуд. Ҳол агар мӯъмине гуноҳ карда бошад ва ё ҳаққул нос бар ӯҳдаи ӯ бошад ва ё аъмоли воҷибе ки аз вай фавт шуда ва марг мӯҳлати ҷуброни гузаштаро ба ӯ надода, дар қиёмат чи мешавад? Барои муддате ба ҷаҳаннам меравад?

Посух ба таълиқи: 2 Тарихи посух ба таълиқ: 7/8/2018

Чунонки дар боло гуфта шуд, биҳишти мӯъмин пеш аз рӯзи қиёмат подоше барои «Имони» ӯст, вале имон танҳо дар баробари «Куфр» қарор надорад то маҳдуд ба ақойиди ҳақ бошад, балки дар баробари «Фисқ» низ қарор дорад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿أَفَمَنْ كَانَ مُؤْمِنًا كَمَنْ كَانَ فَاسِقًا ۚ لَا يَسْتَوُونَ[1]; «Оё касе ки мӯъмин аст монанди касе аст ки фосиқ аст?! Яксон нестанд» Ва фармудааст: ﴿بِئْسَ الِاسْمُ الْفُسُوقُ بَعْدَ الْإِيمَانِ[2]; «Бад номе аст фосиқ баъд аз имон» Ва бо ин васф, танҳо касе баъд аз марг вориди биҳишт мешавад ки аҳли ақойиди ботил ё гуноҳи кабира набошад; Зеро касе ки аҳли гуноҳони кабира аст монанди касе ки аҳли ақойиди ботил аст, «Мӯъмин» маҳсуб намешавад ва шойистаи дӯзах аст.

Бинобарин, «تِلْكَ الْأُمُورِ الْعِظامِ»; «Он чизҳои бузург» дар гуфтори аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, танҳо усули ақойид нестанд, бал афзун бар онҳо усули аъмол низ ҳастанд ки шомили иҷтиноб аз гуноҳони кабира ва илтизом ба мабнойи амалӣ монанди намоз, закот, рӯзаи моҳи рамазон ва ҳаҷ мешаванд. Ин ба маънои он аст ки агар касе дар усули ақойид ва аъмоли худ кӯтоҳӣ накарда бошад, кӯтоҳиҳои ӯ дар фуруъи ақойид ва аъмол бахшида мешавад ва дар рӯзи қиёмат ба дӯзах намеравад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنْ تَجْتَنِبُوا كَبَائِرَ مَا تُنْهَوْنَ عَنْهُ نُكَفِّرْ عَنْكُمْ سَيِّئَاتِكُمْ وَنُدْخِلْكُمْ مُدْخَلًا كَرِيمًا[3]; «Агар аз чизҳои бузурге ки аз онҳо наҳй мешавед иҷтиноб кунед, гуноҳонатонро мепӯшонем ва шуморо ба ҷойи хубе дохил мекунем» Ва фармудааст: ﴿الَّذِينَ يَجْتَنِبُونَ كَبَائِرَ الْإِثْمِ وَالْفَوَاحِشَ إِلَّا اللَّمَمَ ۚ إِنَّ رَبَّكَ وَاسِعُ الْمَغْفِرَةِ[4]; «Касоне ки аз гуноҳони бузург ва корҳои бисёр зишт мепарҳезанд магар чизҳои кӯчак, ҳароина Парвардигорат дорои мағфирати густарда аст».

↑[1] . Саҷда/ 18
↑[2] . Ҳуҷарот/ 11
↑[3] . Нисоъ/ 31
↑[4] . Наҷм/ 32