أَخْبَرَنَا الْحَسَنُ بْنُ الْقاسِمِ الطِّهْرانِيُّ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الصَّلاةِ فِي الطَّيّارَةِ، فَقَالَ: اسْتَقْبِلِ الْقِبْلَةَ وَ كَبِّرْ ثُمَّ اسْتَقْبِلْ حَيْثُ تَسْتَقْبِلُ الطَّيّارَةُ وَ لا تُصَلِّ فِيها مَكْتُوبَةً إِلّا وَ أَنْتَ خائِفٌ! قُلْتُ: أُصَلِّي فِيها جالِساً؟ قالَ: تُصَلِّي قائِماً أَبَداً، فَإِنْ لَمْ تَسْتَطِعْ فَقاعِداً، فَإِنْ لَمْ تَسْتَطِعْ فَعَلَى جَنْبِكَ، فَإِنْ لَمْ تَسْتَطِعْ فَبِالْإِيماءِ، فَإِنْ لَمْ تَسْتَطِعْ فَبِالنِّيَّةِ وَ هَذَا كَقَولِ الْحَدّادِ لِفَتاهُ: مُتْ وَ أَنْتَ نافِخٌ!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳасан ибни Қосими Теҳронӣ моро хабар дод, гуфт: Аз ҳазрати Мансур дар бораи намоз гузордан дар ҳавопаймо пурсидам, пас фармуд: Рӯй ба қибла кун ва такбир бигӯй, сипас рӯй ба ҳар сӯйе ки ҳавопаймо рӯй мекунад ва дар он намози фаризаеро нагзор магар дар ҳоле ки бимнок ҳастӣ! Гуфтам: Дар он нишаста намоз мегузорам? Фармуд: Ҳамеша истода намоз мегузорӣ, пас агар натавонистӣ нишаста, пас агар натавонистӣ бар паҳлӯят, пас агар натавонистӣ бо ишора, пас агар натавонистӣ бо ният ва ин монанди сухани оҳангар (дар масали машҳур) аст ки ба шогирдаш гуфт: Бимиру бидам!

Шарҳи гуфтор:

Аз ин гуфтори он ҳазрат дониста мешавад ки намоз гузордан дар ҳоли ҳаракат, танҳо барои касе ҷойиз аст ки аз хатаре ё зараре ё аз фавт шудани намоз бимнок аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَإِنْ خِفْتُمْ فَرِجَالًا أَوْ رُكْبَانًا[1]; «Пас агар бимнок шудед дар ҳолати пиёда ё савора намоз бигзоред» Ва дар ин сурат, ҳар миқдор аз намоз ки метавонедро рӯй ба қибла ва дар ҳолати одди мегузорад ва ҳар миқдор аз он ки наметавонадро ба ҳар рӯй ва ҳолат ки метавонад мегузорад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا[2]; «Худованд касеро ҷуз ба миқдори тавонаш таклиф намекунад» Ва фармудааст: ﴿وَمَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ[3]; «Ва бар шумо дар дин ҳеҷ сахтӣ қарор надод»; Ҷуз онки дар ҳар сурат воҷиб аст такбиратул эҳромро рӯй ба қибла гӯйед.

↑[1] . Бақара/ 239
↑[2] . Бақара/ 286
↑[3] . Ҳаҷ/ 78