Яке аз ёронамон моро хубур дод, гуфт: Назди ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло будем ки яке аз ёронамон ворид шуд, дар ҳоле ки коғазе дар даст дошт. Пас чун нишаст, рӯй ба он ҳазрат кард ва гуфт: «Фидоят шавам! Ин аризае аст ки зане аз дӯстдорони шумо навишта ва бо чанд восита ба ман расонидааст то ба шумо бирасонам. Пас оё ба шумо бидиҳам то бихонед?». Фармуд: «На, балки баланд бихон то ҳамагон бишнаванд»! Пас ӯ онро баланд хонд ва дар он омада буд: «Салом бар шумо бандаи холис ва мухлиси Худованд! Суъоле дорам ки аз гуфтанаш шарм дорам, вале дигар чорае бароям намондааст; Зеро дигар таҳаммул надорам ки дар ин ҳол бимонам ва рӯзе ба хотири ин мушкили хеш афсӯс бихурам. Ман муддате аст ки намоз намегузорам, бо вуҷуди инки ҳамаи динро қабул дорам ва як зани муҳаҷҷаба дар ҳадди пӯшия ҳастам ва аҳли мусиқӣ нестам. Бо ин ҳол муддате аст ки намоз намегузорам ва ин мушкиламро ҳеҷ кас намедонад ҷуз Худованд; Чароки нагузоштаам касе бифаҳмад. Ман аз ин мавзӯъ бисёр нороҳат ҳастам, вале ингор дасти худам нест! Дигар хаста шудаам ва аз шумо кӯмак мехоҳам ки бигӯйед чи кунам бо ин дард ки рӯзе нест ки ба он фикр накунам. Намехоҳам ба хотири бенамозиям оқоям Маҳдӣ манро фаромӯш кунад ва аз сафи ёрони шумо дур бимонам. Аз ҷаҳаннам наметарсам, вале агар оқоям Маҳдӣ бигӯяд наё барои ман ҷаҳаннам аст! Мехоҳам аз шумо бипурсам чи кунам ва хоҳиши ман ин аст ки бароям дуъо кунед ки аз ҷо мондаҳо ва аз ғофилон набошам. Бароям дуъо кунед ки рӯзе аз хидматгузорони бо вафои ин роҳ бошам. Умедворам ки ҳар чи зудтар ба номаам посух диҳед; Чароки медонам ҳар лаҳза барои ман дертар мешавад. Ба умеди мувафақиятатон дар ин роҳ»! Пас ҳамаи ёрон аз шунидани ин калимот таъаҷҷуб карданд ва ба ҳамҳама ва гуфтугӯ бо якдигар пардохтанд ки чигуна чунин чизе мумкин аст! Пас он ҳазрат рӯй ба онон кард ва фармуд:

«Оё аз ин ба шигифт омадаед? Дар ҳоле ки дар ҳар як аз шумо чизҳойе ҳаст бисёр шигифттар аз ин! Мегӯйед мо ёрони Мансур ҳастем, дар ҳоле ки дунёро во намегузоред барои аҳлаш ва аз зану фарзанд ва падару модари худ дил намеканед барои Худованд ва гуноҳ мекунед дар хилват, чунонки гӯйи ба Худованд ва рӯзи доварӣ бовар надоред! Ҳароина ҷаҳл, қалби одамиро бемор мекунад ва ғафлат, онро заъиф месозад ва гуноҳ, онро мемиронад ва гузари замон, онро ба ганд мекашад, чунонки мурдорро ба ганд мекашад ва сипас ҳар беморӣ ва заъф ва марг ва ганде ки дар он аст, ба сойири аъзои ӯ сароят меёбад ва ҳамаро як сара табоҳ менамояд. Пас ҳар чи зудтар ҷаҳли худро бо илм ва ғафлати худро бо зикр ва гуноҳи худро бо тавба тадорук кунед, пеш аз онки замоне бар шумо бигзарад ва дигар натавонед. Акнун ин кист ки ғуборро аз остини худ медамад то ӯро ғуборолуда насозад, вале наҷосатро аз бадани худ намешӯяд ки то гардани ӯро мулаввас сохтааст?! Оё намеднад ки миёни шумо ва осмон ҳафт дарвоза аст ки ҳар як вароъи дигарӣ қарор дорад ва ҳеҷ як аз шумо ба осмон роҳ намеёбад магар инки аз ҳар ҳафт дарвоза бигзарад ва калиди дарвозаи нахуст намоз аст?! Пас намоз бигзоред ва нагӯйед ки намоз намегузорам; Зеро касе ки намоз намегузорад ба осмон роҳ намеёбад, агарчи рӯза бигирад ва садақа бидиҳад ва ҳаҷ кунад ва бисёрӣ корҳои шойиста анҷом диҳад, балки Худованд –Парвардигори мо– дар зӯзи ҷазо ба ӯ назаре намекунад ва бо ӯ сухане намегӯяд ва барои ӯ азобӣ дарднок аст. Шигифто аз касе ки аз итоби Маҳдӣ метарсад, валекин парво надорад аз азоби ҷаҳаннам! Оё метарсад аз халифаи Худо ва наметарсад аз худи Ӯ?! Бегумон агар Худоро мешинохт ҳароина аз Ӯ метарсид, балки агар халифаи Ӯро мешинохт низ ҳароина метарсид аз чизе ки Ӯ аз он тарсон аст; Зеро Маҳдӣ худ аз азоби ҷаҳаннам метарсад ва аз тарси он ба худ меларзад ва ба намоз мепардозад; Бал фариштагоне ки дар осмонанд ва Ҷабраъил ки амини Парвардигори мост, аз азоби ҷаҳаннам метарсанд ва аз тарси он ба худ меларзанд ва ба намоз мепардозанд; Зеро ҳеҷ шарру фитна ва ранҷу ҳалокате нест магар инки дар азоби ҷаҳаннам ҳаст ва ҳеҷ хайр ва офият ва осойиш ва раҳмате нест магар инки дар он ёфт намешавад ва бо ин васф, ҳар кас аз ақл баҳраманд аст ҳароина аз он метарсад ва ҷуз касе ки беақл аст аз он бепарво нест ва танҳо ҳамуст ки ба сабаби бепарвойии худ, намоз намегузорад. Дар ҳоле ки агар мепиндорад аз он парвойе надорад, боз ҳам шойиста аст ки барои шукри неъматҳои Худованд ва итоъат аз фармони Ӯ намоз бигзорад ва ба роҳи душмани Ӯ шайтон наравад ки аз фармони Ӯ сар печид ва аз саҷда кардан сар боз зад ва бо ин сабаб бадбахт ва малъун шуд. Бегумон ҳар кас ба роҳи шайтон биравад ва аз саҷда кардан сар боз занад, ба сарнавишти ӯ дучор мешавад ва дар ҷаҳаннам ҳамроҳи ӯст; Ҷуз инки ӯ дар онҷо вайро сарзаниш хоҳанд кард ва хоҳад гуфт: <Вой бар ту; Чароки ман саҷда накардам бар Одам ва ту саҷда накарди барои Худованд!>. Ба шумо рост мегӯям: Бегумон касе ки намоз намегузорад, аз шайтон бадтар аст; Зеро шайтон маъмур шуд ки барои ӯ саҷда кунад, дар ҳоле ки ӯ саҷда мекунад барои шайтон! Магар инки тавба кунад ва намозро барпо дорад; Чароки Худованд тавбапазир ва меҳрубон аст».

Дар ин ҳангом яке аз ёрони он ҳазрат гуфт: «Эй устод! Барои ӯ дуъо кунед; Чароки аз дӯстдорони шумост»! Пас он ҳазрат даст ба дуъо бардошт ва фармуд:

«Эй Худои меҳрубон ки бар ҷаҳли бандагонат шакибойи ва дар азоби онон намешитобӣ ва ба ҳидояти онон тавонойи! Бар ин бандаи хеш раҳм овар ва ӯро ба намоз муваффақ кун; Чароки дӯст медорад покиза шавад ва дӯстдори халифаи ту Маҳдӣ аст»!

Пас ҳамаи ёрон гуфтанд: «Иҷобат фармо эй Парвардигори ҷаҳониён»!