Нависандаи пурсиш: Илоҳа Мусаффо Тарихи пурсиш: 14/2/2016

Оё кӯмак ба гадоёне ки дар кӯча ва хиёбон мебинем ҷойиз аст? Ба чи касоне бояд садақа дод?

Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 21/2/2016

Инфоқ ба ниёзмандон, аз бузургтарин ибодот дар Ислом аст ки дар китоби Худованд қарини намоз зикр шуда, бал метавон гуфт ки пас аз намоз ба ҳеҷ ибодате монанди он суфориш нашуда ва он бар ду гуна аст: Инфоқи воҷиб ки шомили закот, хумс ва мавориди назр аст ва тарки он маъсият шумурда мешавад ва инфоқи ғайри воҷиб ки ба он «Садақа» мегӯянд ва тарки он маъсият шумурда намешавад, магар ҳангоме ки мусалмонӣ музтар онро масъалат мекунад; Чароки инфоқ ба ӯ дар ҳоли изтирор, воҷиб аст, агарчи дар қолиби закот, хумс ва назр набошад, бал агарчи итминон ба изтирори ӯ вуҷуд надошта бошад; Чароки Худованд аз рондани соъил мутлақан наҳй карда ва фармудааст: ﴿وَأَمَّا السَّائِلَ فَلَا تَنْهَرْ[1] «Ва аммо соъилро нарон» Ва мурод аз изтирори ӯ нотавониаш аз таъмини ниёзҳои аввалияи зиндагӣ монанди ғазо, пӯшок, сарпаноҳ, озодӣ ва дармон аст. Бинобарин, инфоқ ба мусалмоне ки аз изтирори худ хабар медиҳад, ҳаргоҳ эҳтимоли сидқи ӯ вуҷуд дошта бошад, воҷиб аст, агарчи дар воқеъ содиқ набошад; Чароки ӯ мукаллаф ба сидқ ва дигарон мукаллаф ба инфоқанд ва ҳар кадом дар бораи таклифи худ бозхост мешаванд; Фориғ аз онки асл, сидқи ӯ дар хабар аз аҳволи худаш аст ва инфоқ ба ӯ мувофиқ бо эҳтиёт аст ва аз ин рӯ, Худованд бахшидани мол ба «Соъилон» ро дар канори бахшидани он ба «Наздикон», «Ятимон», «Мискинон», «Дар роҳ мондагон» ва «Бардагон» ёд карда ва фармудааст: ﴿وَآتَى الْمَالَ عَلَى حُبِّهِ ذَوِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ وَالسَّائِلِينَ وَفِي الرِّقَابِ[2]; «Ва молро бо вуҷуди ниёзаш ба наздикон ва ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагон ва соъилон ва бардагон бидиҳад» Ва аз ин дониста мешавад ки додани мол ба «Соъилон», агарчи аз «Наздикон», «Ятимон», «Мискинон», «Дар роҳ мондагон» ва «Бардагон» набошанд, шойиста аст.

Оре, дар сурате ки итминон ба кизби онон вуҷуд дошта бошад, инфоқ ба онон шойиста нест; Зеро касоне ки бо вуҷуди тавони таъмини ниёзҳои аввалияи зиндагии худ гадойи мекунанд, ё касоне ки барои таъмини ҳазинаҳои корҳои номашруъи худ аз қибали истеъмоли алкол ва маводди мухаддир гадойи мекунанд, «Сафиҳо» шумурда мешаванд ва додани мол ба «Сафиҳо» ҷуз дар ҳадди ғазо додан ва пӯшонидани онон ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَا تُؤْتُوا السُّفَهَاءَ أَمْوَالَكُمُ الَّتِي جَعَلَ اللَّهُ لَكُمْ قِيَامًا وَارْزُقُوهُمْ فِيهَا وَاكْسُوهُمْ وَقُولُوا لَهُمْ قَوْلًا مَعْرُوفًا[3]; «Ва амволатон ки Худованд бароятон пуштивонае қарор додаастро ба сафиҳо надиҳед ва ононро аз он бихуронед ва бипӯшонед ва ба онон суханӣ шойиста бигӯйед»; Ҳамчунонки додани мол ба касоне ки барои таъмини ҳазинаҳои корҳои номашруъи худ гадойи мекунанд, иъонат бар гуноҳ ва таъаддӣ аст, дар ҳоле ки Худованд аз иъонат бар гуноҳ ва таъаддӣ наҳй карда ва фармудааст: ﴿وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ[4]; «Ва ба якдигар дар гуноҳ ва таъаддӣ ёрӣ нарасонед ва аз Худованд битарсед; Чароки иқоби Худованд шадид аст»!

Бо ин ҳол, беҳтарин инфоқ, инфоқ ба мусалмоне аст ки бо вуҷуди изтирорашон ба гадойи рӯй намеоваранд, балки ба корҳоӣ бисёр нохушоянд ва тоқатфарсо ва дар ъайни ҳол камдаромад рӯй меоваранд ва аз тариқи чунин корҳойе ва аз тариқи зоҳирашон шинохта мешаванд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿لِلْفُقَرَاءِ الَّذِينَ أُحْصِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ لَا يَسْتَطِيعُونَ ضَرْبًا فِي الْأَرْضِ يَحْسَبُهُمُ الْجَاهِلُ أَغْنِيَاءَ مِنَ التَّعَفُّفِ تَعْرِفُهُمْ بِسِيمَاهُمْ لَا يَسْأَلُونَ النَّاسَ إِلْحَافًا ۗ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ بِهِ عَلِيمٌ[5]; «Барои ниёзмандоне ки дар роҳи Худованд дармонда шудаанд ва тавонойии сафаре дар заминро надоранд, ноогоҳ ононро ба хотири хештандорӣ бениёз мепиндорид, ононро бо зоҳирашон мешиносӣ, аз мардум ба исрор чизе намехоҳанд ва ҳар хайре ки инфоқ кунед ҳароина Худованд ба он огоҳ аст».

Аз Худованди меҳрубон масъалат дорем ки ба фазли азими худ ҳамаи ниёзмандонро бениёз кунад ва он ҳангоме мумкин аст ки халифааш дар замин ба ҳукумат даст ёбад ва адолатро бар он ҷорӣ созад ва табъизро аз миён бардорад ва ҳар касро ба коре гуморад ки шойистаи он аст ва аз коре ки шойистаи он нест баргирад ва ин бо заминасозӣ барои зуҳури ӯ имкон меёбад ки таклифи ҳамаи мусалмонон хусусан ниёзмандон аст; Чароки ниёзмандон ба таъмини ниёзи худ аз дигарон сазовортаранд, то ҳадде ки агар худашон барои он иқдоме накунанд, таваққуъашон аз дигарон оқилона нест ва беҳтарин иқдомашон, заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки бештарин суд аз зуҳури ӯ ба онон мерасад на ба бениёзон ва бо ин васф, онон ба заминасозӣ барои зуҳури ӯ сазовортаранд; Ҳамчунонки бештарин ёрони Паёмбарон аз миёни ниёзмандон будаанд, на аз миёни бениёзон ва ҳар кас зули бештаре ба ӯ расида, ба талош барои таҳаққуқи адолат бо заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ сазовортар аст.

↑[1] . Зуҳо/ 10
↑[2] . Бақара/ 177
↑[3] . Нисоъ/ 5
↑[4] . Моъида/ 2
↑[5] . Бақара/ 273