Нависандаи пурсиш: Абулфазли Вафоён Тарихи пурсиш: 13/2/2016

Ба назари ҷаноби аллома ҳукми ранг кардани мӯй ва бардоштани абруҳ чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 17/2/2016

Ранг кардани мӯй ва абруҳ ҳаргоҳ тағйирӣ доъимӣ дар бадан эҷод кунад, ба наҳве ки ранги мӯй ҳаргоҳ боз нагардад ва абруҳ ҳаргиз наравад, ҷойиз нест; Чароки чунин тағйиреро хостаи шайтон дониста ва аз қавли ӯ фармудааст: ﴿وَلَآمُرَنَّهُمْ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللَّهِ[1]; «Ва ҳароина ононро амр мекунам, пас офариниши Худовандро тағйир медиҳанд»[2], вале ҳаргоҳ тағйирӣ доъимӣ дар бадан эҷод кунанд, машрут ба инки осибе ба он нарасонад ва бо ангезаҳои ақлонӣ ва мақосиди шаръи монанди оромиши завҷайн барои якдигар бошад, ишколе надорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْمَرْأَةِ تُزِيلُ الشَّعْرَ مِنْ وَجْهِهَا، فَقَالَ: لَا بَأْسَ بِهِ، أَتَذَرُهُ حَتَّى تَشَبَّهَ بِالرِّجَالِ؟! قُلْتُ: إِنَّهُمْ يَقُولُونَ ذَلِكَ تَغْيِيرُ خَلْقِ اللَّهِ! قَالَ: سُبْحَانَ اللَّهِ! أَلَا يَنْتِفُونَ هَؤُلَاءِ إِبْطَهُمْ وَلَا يَحْلِقُونَ عَانَتَهُمْ؟! إِنَّمَا يُغَيِّرُ خَلْقَ اللَّهِ مَنْ يُفْسِدُهُ، ثُمَّ قَالَ: تَحْلِقُ الشَّعْرَ، وَلَا تَنْتِفُهُ فَتُؤْذِي بِذَلِكَ نَفْسَهَا»; «Аз ҳазрати Мансур дар бораи зане пурсидам ки мӯйро аз рӯйи худ мезудояд, пас фармуд: Ишколе надорад, оё онро ӯ гузорад то инки ба мардҳо шабоҳат ёбад?! Гуфтам: Инҳо мегӯянд ки он тағйири офариниши Худованд аст! Фармуд: Субҳоналлоҳ! Оё инҳо мӯйи бағалашонро намекананд ва мӯйи заҳорашонро наметарошанд?! Ҳароина офариниши Худовандро касе тағйир медиҳад ки онро фосид мекунад! Сипас фармуд: (Зан) мӯйро битарошад ва онро наканад ки худро бо ин кор озор медиҳад»!

↑[1] . Нисоъ/ 119
↑[2] . Дар ин бора, бингаред ба: Пурсиш ва посухи 299.