Нависандаи пурсиш: Алӣ Тарихи пурсиш: 22/1/2016

Чаро ҳазрати Алӣ қотилони Усмонро муҳокима накард?

Посух ба пурсиши шумораи: 0 Тарихи посух ба пурсиш: 29/1/2016

Қотилони Усмон тафсилан барои Алӣ шинохта шуда набуданд то ононро муҷозот кунад ва иҷмолан низ бештари муҳоҷирон ва ансор аз асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муттаҳам ба мушорикати мустақим ё ғайри мустақим дар қатли ӯ буданд; То ҷойе ки аз Абу Саъиди Худрӣ нақл шудааст ки ҳаштсад нафар аз ононро дар қатли ӯ ҳозир медонист[1] Ва аз Ҳошим ибни Утба ибни Абӣ Ваққос нақл шудааст ки дар муъаррифии қотилони ӯ мегӯяд: «إِنَّما قَتَلَهُ أَصْحابُ مُحَمَّدٍ وَ أَبْناءُ أَصْحابِهِ وَ قُرّاءُ النَّاسِ حِينَ أَحْدَثَ الْأَحْداثَ وَ خالَفَ حُكْمَ الْكِتابَ»[2]; «Ҷуз ин нест ки асҳоби Муҳаммад ва фарзандони асҳобаш ва қориёни мардум ӯро куштанд, ҳангоме ки бидъатҳо барсохта ва бо ҳукми Қуръон ба мухолифат пардохт». Ба илова садҳо нафар аз мусалмонони хашмгин ки ба даъвати бархӣ саҳоба ва тобеъин аз шаҳрҳои мухталиф хусусан Куфа ва Миср ба Мадина омада буданд, дар қатли ӯ мушорикат доштанд[3] Ва рӯшан аст ки муҳокимаи ҳамаи ин шумори касир барои Алӣ мақдур набуд ва муҷиби фитна мешуд, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: ﴿لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۚ[4]; «Худованд касеро ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунад» Ва фармудааст: ﴿وَالْفِتْنَةُ أَشَدُّ مِنَ الْقَتْلِ ۚ[5]; «Ва фитна бадтар аз қатл аст».

Барои дарки душвории ин кор барои Алӣ кофӣ аст бидонед ки Оиша ҳамсари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва модари мӯъминон, яке аз муттаҳамонӣ аслии мушорикат дар қатли Усмон буд ки дар Макка мардумро бар зидди ӯ таҳрик мекард ва сариҳан ба қатли ӯ фатво медод ва мегуфт: «أُقْتُلُوا نَعْثَلاً فَقَدْ کَفَرَ»; «Наъсалро бикушед; Чароки кофир шудааст»[6] Ва муттаҳами дигар Талҳа буд ки душмантарин саҳобӣ бо Усмон маҳсуб мешуд, то ҷойе ки пас аз муҳосира обро ба рӯйи ӯ баст[7]. Ба ҳамин далил, Марвон ибни Ҳакам муншии Усмон, ӯро дар ҷанги Ҷамал бо тире кушт ва муддаъӣ шуд ки интиқоми Усмонро гирифтааст[8]. Бо ин васф, метавон гуфт ки Алӣ дар ҷанги Ҷамал, амалан бо қотилони Усмон ҷангид ва бисёрӣ аз ононро ба сазои аъмолашон расонид, ҳар чанд бисёрӣ низ аз дасти ӯ гурехтанд ва дар шаҳрҳо пароканда гардиданд.

Аз инҷо дониста мешавад ки Алӣ дар иқомаи ҳудуи Худованд ҳеҷ тақсире накард ва агар ҳаддеро иқома надошт, ба сабаби нотавонӣ аз иқомаи он дар асари фиқдони ёрони кофӣ, бими фитна ва мумоеъати золимон буд ва ин ҳақиқате аст ки дар бораи он ихтилофе вуҷуд надорад.

↑[1] . Ибни Шейба, Торихул Мадина, ҷ4, с1175
↑[2] . Ибни Музоҳим, Воқеъату Сиффийн, с354; Табарӣ, Торихул умами вал мулук, ҷ4, с30
↑[3] . Нигоҳ кунед ба: Ибни Қутайба, Ал-имомату вал сиёса, ҷ1, с40.
↑[4] . Бақара/ 286
↑[5] . Бақара/ 191
↑[6] . Нигоҳ кунед ба: Ибни Осим, Ал-футуҳ, ҷ2, с437; Табари, Торихул умами вал мулук, ҷ3, с477; Ибни Маскавия, Таҷорибул умам, ҷ1, с469; Ибни Асир, Ал-комил фил торих, ҷ3, с206; Ибни Қутайба, Ал-имомату вал сиёса, ҷ1, с51.
↑[7] . Ибни Қутайба, Ал-маъориф, с228; Ибни Шейба, Торихул Мадина, ҷ4, с1169
↑[8] . Ҳокими Нешобурӣ, Ал-мустадрак, ҷ3, с370; Ибни Абдулбир, Ал-истиъоб, ҷ2, с766; Ибни Асир, Усдул ғоба, ҷ3, с60; Торихи Яъқубӣ, ҷ2, с182; Сафдӣ, Ал-вофӣ билвафаёт, ҷ16, с272