Нависандаи пурсиш: Муҳаммад Ҷавод Тарихи пурсиш: 18/1/2016

Чанде пеш дидам арабе аз идрори (пешоб) шутур нӯши ҷон мекунад барои шифо ва онро суннати Паёмбар ва амри Паёмбар медонист ва истинод ба китоби аҳли суннат ва шиъа мекард ва боъиси таъаҷҷуби ман шуд ки чи тавр ҳам дар китоби аҳли суннат ва ҳам китоби шиъа, идрори шутур пок аст ва шифои беморӣ?!!

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 22/1/2016

Нӯшидани бувли (яъне пешоби) шутур, суннат шумурда намешавад; Зеро чизе нест ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онро ташриъ карда бошад. Бал як равиши дармонии биёбонӣ дар тибби қадим аст ки атиббоъи араб барои бархӣ беморон таҷвиз мекарданд ва Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онро барои онон –ҳаргоҳ ба он зарурат дошта бошанд– иҷоза фармуда ва рӯшан аст ки нӯшидани ҳар чизе дар вақти зарурат ҷойиз аст, беонки суннат шумурда шавад; Чунонки Худованди аззаваҷал фармудааст: ﴿فَمَنِ اضْطُرَّ فِي مَخْمَصَةٍ غَيْرَ مُتَجَانِفٍ لِإِثْمٍ ۙ فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ[1]; «Ҳар кас дар тангнойе ногузир шуд беонки дар пайи гуноҳе бошад, Худованд омӯрзандаи меҳрубон аст».

Аммо инки Худованд дар бувли шутур шифое барои бархӣ дардҳо қарор дода бошад, аҷиб нест; Чароки дар чизҳои ба маротиб нохушояндтар аз он монанди заҳри мор ва неши ақраб шифое барои бархӣ дардҳо қарор додааст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки шутур дар биёбон аз обҳои мамлу аз амлоҳи маъданӣ ва гиёҳонӣ покиза ва судманд тағзия мекунад ва бо ин васф, вуҷуди шифо дар бувли он баъид нест, бал чи басо аз вуҷуди шифо дар бархӣ доруҳои шимёвии ҷадид ва мутадовил бо бастабандиҳои зебо ва фиребанда ки сирфан бо ангезаҳои иқтисодӣ ва судҷӯёна тавлид шуда, муҳтамалтар аст ва шифо ҷуз аз ҷониби Парвардигор нест.

↑[1] . Моъида/ 3