Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 5/1/2016

Ба каррот дида ва шунида шудааст ки афроди ҳатто бедин ё будойи ё говпараст, бо муроҷиъа ба маъобид ва амокини муқаддаси худашон шифо гирифтаанд. Ин мавзӯъро тавзеҳ бифармойед ки чигуна иттифоқ меафтад?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 13/1/2016

Шифойи бандагон аз ҷониби Худованд аст ва Ӯст ки ҳоҷати ононро бароварда месозад, хоҳ онон аз он огоҳӣ дошта бошанд ва хоҳ аз он ғофил бошанд; Чунонки фармудааст: ﴿كُلًّا نُمِدُّ هَؤُلَاءِ وَهَؤُلَاءِ مِنْ عَطَاءِ رَبِّكَ ۚ وَمَا كَانَ عَطَاءُ رَبِّكَ مَحْظُورًا[1]; «Ҳар як аз инон ва ононро аз атоъи Парвардигорат баҳраманд месозем ва атоъи Парвардигорат маҳдуд нест»! Рӯзии мункаронашро ба сабаби инкорашон қатъ намекунад ва ҳоҷати душманонашро ба сабаби душманишон нодида намегирад; Чароки агар онон Ӯро намешиносанд, Ӯ ононро мешиносад ва агар онон ба Ӯ эътино надоранд, Ӯ ба онон эътино дорад ва ин мазҳури Раҳмонияти Ӯ ва таҷаллии исми Арҳамурроҳимин аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«کُنْتُ مَعَ الْمَنْصُورِ فِي مَسْجِدٍ فَسَمِعَ رَجُلاً یَدْعُو اللّهَ تَعَالَى فَیَقُولُ: ﴿یا مَنْ یُؤْتِي مَنْ لا یَسْأَلُهُ وَ مَنْ لا یَعْرِفُهُ تَحَنُّناً مِنْهُ وَ رَحْمَةً، فَأَخَذَهُ الْبُکاءُ ثُمَّ قالَ: کَذَلِكَ اللّهُ رَبُّنا یُؤْتِي مَنْ لا یَسْأَلُهُ وَ مَنْ لا یَعْرِفُهُ وَ مَنْ یَسْأَلُ غَیْرَهُ یَأْتِي إِلَى شَجَرٍ فَیَسْأَلُهُ فَیُؤْتِیهِ اللّهُ تَعَالَى فَیَنْصَرِفُ وَ هُوَ یَقُولُ: آتانِيَ الشَّجَرُ وَ أَنَّى لِلشَّجَرِ أَنْ یُؤْتِیَهُ؟! أُولَئِكَ هُمُ الْغَافِلُونَ»; «Ба ҳамроҳи ҳазрати Мансур дар масҷиде будам, пас шунид ки марде ба даргоҳи Худованди баландмартаба дуъо мекунад ва мегӯяд: <Эй касе ки ато мекунад ба касе ки аз Ӯ намехоҳад ва касе ки Ӯро намешиносад аз рӯӣ меҳрубонӣ ва раҳмат>, пас он ҳазратро гирия гирифт ва сипас фармуд: Ин гуна аст Парвардигори мо, ато мекунад ба касе ки аз Ӯ намехоҳад ва касе ки Ӯро намешиносад ва касе ки аз ғайри Ӯ мехоҳад, меояд ба назди дарахте ва аз он мехоҳад, пас Худованди баландмартаба ба ӯ ато мекунад, пас ӯ боз мегардад дар ҳоле ки мегӯяд: Дархт ба ман ато кард ва куҷо дарахтро мерасад ки ба ӯ ато кунад?! Онон ҳамон ғофилонанд»!

↑[1] . Исроъ/ 20