Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 7/12/2015

Чигуна метавонам аз фатовои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи мавзӯъоти мухталиф монанд намозу рӯза ва ғайра мутталеъ шавам?

Оё эшон рисолаи тавзеҳул масоъил надоранд?

Посух ба пурсиши шумораи: 6 Тарихи посух ба пурсиш: 17/12/2015

Бино бар назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, табаъият аз фатвои фақиҳ бидуни огоҳӣ аз далили ӯ тақлиди кӯр кӯрона маҳсуб мешавад ки ҷойиз нест ва аз ин рӯ, амал ба рисолаи тавзеҳул масоъил ки маҷмӯъае аз фатовои фақиҳ бидуни зикри далоили ӯст, кифоят намекунад ва барои мукаллаф чорае нест ҷуз инки барои огоҳӣ аз ҳукми дин, мустақиман ба Қуръон ва суннат муроҷиъа кунад то бо чашми худ бубинад ки дар он ду чи ҳукме омадааст ва агар мепиндорад ки вақт ё тавони ин корро надорад, дасти кам қабули заҳмат фармояд ва аз фақиҳӣ одил мутолиба кунад ки ҳукми динро бо далил барои ӯ тавзиҳ диҳад, то агар далилаш кофӣ буд, ба он амал кунад ва агар далилаш кофӣ набуд, ба талош барои дастрасӣ ба халифаи Худованд аз як сӯ ва ахзи ба усули аввалия ва амалӣ аз сӯӣ дигар рӯй оварад.

Аз инҷо дониста мешавад ки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло рисолаи тавзеҳул масоъил надорад ва дар шаъни ӯ нест ки чунин рисолае дошта бошад. Доштани чунин рисолае вежагии олимони дурӯғин аст ки ҳанӯз надонистаанд тақлиди кӯр кӯрона ҷойиз нест, дар ҳоле ки адами ҷавози он аз бадеҳиёт маҳсуб мешавад! Бар ҳамин асос, фатовои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло танҳо бо зикри далили кофӣ аз Қуръон ва суннат мунташир мешавад ва касе мойил аст аз фатвои ӯ дар бораи як мавзӯъ огоҳ шавад, бояд ба бахши «Пурсишҳо ва посухҳо» дар пойгоҳи иттилоърасонии ӯ муроҷиъа кунад ва он мавзӯъро дар «Феҳрести мавзӯъот» биёбад, ё аз имкони «Ҷустуҷӯ дар пойгоҳ» истифода кунад ва дар сурате ки аз ин ду тариқ мувафақ ба ёфтани он нашуд, пурсиши худро аз тариқи «Эмейли пойгоҳ» ё «Форми навиштани пурсиш» дар бахши «Пурсишҳо ва посухҳо» барои мо ирсол кунад то ӯро роҳнамойи кунем. Возеҳ аст ки ин камтарин заҳмат барои касби илм аст ва касе ки инро душвор медонад, шойистагии илмро надорад, дар ҳоле ки ҳар кас шийистагии илмро надошта бошад, шойистагии Биҳиштро надорад; Чароки Биҳишт, сарои ҷоҳилҳо ва танбалҳо нест.