Нависандаи пурсиш: Баётӣ Тарихи пурсиш: 15/6/2016

Тоъат ва ибототатон мақбул ин шоъ Аллоҳ. Чизе дар бозор ривоҷ дорад ба унвони хариду фурӯши пул; Яъне шахсе сомони медиҳад ва долар мехарад ва баъд долар медиҳад ва йевро мехарад ва ба ҳамин шакл бо тағйири қимати пулҳои ройиҷи кишварҳои мухталиф суде ба даст меварад. Оё ин суд ҳалол аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 9 Тарихи посух ба пурсиш: 22/6/2016

Муъовизаи пулҳо, ба ду сурат анҷом мешавад:

1 . Муъовизаи ду пул аз як воҳиди пулӣ, монанди сомони ба сомони ё долар ба долар бо тафосули яке бар дигарӣ ки хӯрдани мол ба ботил маҳсуб мешавад ва ҷойиз нест; Чунонки фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَأْكُلُوا أَمْوَالَكُمْ بَيْنَكُمْ بِالْبَاطِلِ[1]; «Эй касоне ки имон овардед! Амволатонро миёнатон ба ботил нахуред» Ва ҳақ он аст ки дар ин замина фарқе миёни хурд будан ё кӯҳна будани яке ва дурушт будан ё набудани дигарӣ вуҷуд надорад; Зеро мақсуди уқало аз пул қудрати харид аст ки дар хурд ва дуршт ва нав ва кӯҳнаи он яке аст. Фориғ аз онки муъовизаи ду пул аз як воҳиди пулӣ бо тафозули яке бар дигарӣ, агар ба сурати насия анҷом шавад ба ин тартиб ки масалан сад ҳазор сомони нақдро ба саду бист ҳазор сомони як моҳа бифурӯшад, дар ҳукми рибо аст ва дар ҳурмати он баҳсе нест.

2 . Муъовизаи ду пул аз ду воҳиди пулӣ монанди сомони ба долар ё долар ба йевро бо тафозули яке бар дигарӣ ки дар ҷавози он, ду ваҷҳ аст:

Яккум инки ҷойиз аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки аввалан дар он манфиъат болки заруратӣ уқалойи вуҷуд дорад ва бо ин васф, хӯрдани мол ба ботил маҳсуб намешавад; Сониян пул ба зоти худ молиёт дорад ва аз чизҳойе ки бо вазн ё паймона санҷида мешаванд нест то тафозул дар муъовизаи он рибо маҳсуб шавад; Солисан ду пул аз ду воҳиди пулӣ, ду ҷинс маҳсуб мешаванд ва бо ин васф, тафозул дар муъовизаи он ду рибо маҳсуб намешавад.

Дуввум инки ҷойиз нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки аввалан манфиъат ва зарурати уқалоӣ дар мутлақи муъовизаи ду пул собит аст, вале дар муъовизаи ду пул бо тафозул собит нест ва бо ин васф, муъовизаи ду пул бо тафозул хӯрдани мол ба ботил маҳсуб мешавад; Сониян ду пул аз ду воҳиди пулӣ, ду ҷинс маҳсуб намешаванд, балки як ҷинс маҳсуб мешаванд; Чароки асл, фоида, модда ва унвони кллӣ ҳар ду яке аст ва бо ин васф, тафосули ду муъовизаи он ду рибо маҳсуб мешавад; Солисан пул агарчи қатъаи коғазӣ ё флезӣ аст ва табъан бо вазн ё паймона санҷида намешавад, вале ба эътибори коғаз ё филезаш муъовиза намешавад; Зеро аз ин ҷиҳот арзише надорад ва мақсуди уқало нест, бал дар асл аз тилло намояндагӣ мекунад ки пуштивонаи ғолиби он аст ва барои ҳамаи воҳидҳои пулӣ муштарак аст, дар ҳоле ки тилло бо вазн санҷида мешавад ва бо ин васф, муъовизаи ду пул –ҳар чанд аз ду воҳиди пулӣ– дар ҳукми муъовизаи тилло аст ки бо вуҷуди тафозул рибо маҳсуб мешавад. Албатта мурод аз тафозул, тафозули рақами он ду нест, балки тафозули арзиши он ду дар бозор аст; Ба ин тартиб ки агар арзиши сад ҳазор сомони дар бозор бо арзиши як долар баробар аст, муъовизаи сад ҳазор сомони бо камтар ё бештар аз як долар, хӯрдани мол ба ноҳақ аст ва ин ваҷҳе аст ки ба назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло наздиктар аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«نَهَی الْمَنْصُورُ عَنْ بَیْعِ الْأَثْمانِ إِلّا مِثْلاً بِمِثْلٍ لا یُزادُ واحِدٌ عَلَی الْآخَرِ وَ قالَ: الصَّیارِفَةُ عَلَى شَفا حُفْرَةٍ مِنَ النَّارِ»; «Ҳазрати Мунсур аз хариду фурӯши пулҳо наҳй фармуд магар дар баробари мисл (аз ҳайси арзиш) ба сурате ки (арзиши) ҳеҷ як бештар аз (арзиши) дигарӣ набошад ва фармуд: Саррофҳо бар лабаи партгоҳе аз оташанд».

Бинобарин, хариду фурӯши пул бо арзиши камтар ё бештар ҷойиз нест, вале хариду фурӯши он бо арзиши баробар ба умиди тағйири арзиш ва судоварии он дар оянда ҷойиз аст, ҳар чанд кароҳати шадиде дорад; Чароки пул ба зоти худ матлуб нест, балки барои хариду фурӯши чизҳо ва хадамоти мавриди назар аст ва бо ин васф, нигоҳ доштани он ба ҷойи гардондани он барои рушди иқтисоди ҷомеъа, корӣ нописанд шумрда мешавад ки аворизи суъе барои мусалмонон дорад.

Оре, дар сурате ки табдили пул аз як воҳид ба воҳиди дигар аз боби байъ (хариду фурӯш) набошад, балки аз боби иҷораи аъмол (ироъаи хадамот) бошад ва барои табдил кунанда ҳазинае ва барои тарафи дигар манфиъатӣ уқалойи дошта бошад, монанди табдили он аз воҳиди хориҷӣ ба воҳиди дохилӣ барои мусофирони хориҷӣ ва табдили он аз воҳиди дохилӣ ба воҳиди хориҷӣ барои касоне ки қасди сафар ба хориҷ доранд, табдил кунанда мустаҳаққи уҷрат (музди кор) аст. Бинобарин, сарроф метавонад дар изои табдили пул аз як воҳид ба воҳиди дигар дар ин қабил маворид уҷрат бигирад, ҳар чанд мустаҳаб аст ки ба ин манзур шарт накунад ва аз асли пул накоҳад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلَهُ صَیْرَفِيٌّ عَنْ کَسْبِهِ فَقالَ: إِنِّي أَسْتَبْدِلُ الْکَلْدارَ بِالْأَفْغانِيِّ فَآخُذُ عَلَى ذَلِكَ الْأَجْرَ! قالَ: أَلَیْسَ النَّاسُ یَأتُونَكَ؟ قالَ: بَلَى، قالَ: أَلَیْسَ لَكَ مَؤُونَةٌ؟ قالَ: بَلَى، قالَ: فَلا بَأسَ بِهِ! ثُمَّ قالَ: أَتَقْبَلُ مِنِّي إِنْ أُوصِيَكَ؟ قالَ الرَّجُلُ: وَاللّهِ إِنْ أَوْصَیْتَنِي بِتَرْكِ مَکْسَبِي لَتَرَکْتُهُ! قالَ: خُذْ سَواءً وَ لا تُشارِطْ»; «Мардӣ сарроф аз он ҳазрат дар бораи касби худ пурсид ва гуфт: Ман калдорро ба афғонӣ табдил мекунам ва дар изои ин кор уҷрат мегирам! Фармуд: Оё на ин аст ки мардум ба наздат меоянд? Гуфт: Оре, фармуд: Оё на ин аст ки барои ту ҳазинае дорад? Гуфт: Оре, фармуд: Пас ишколе надорад! Сипас фармуд: Оё аз ман мепазирӣ агар туро васияте кунам? Мард гуфт: Ба Худо савганд агар манро амр кунӣ ки касбу корамро тарк кунам онро тарк мекунам! Фармуд: Мусовӣ бигир ва шарт накун»!

↑[1] . Нисоъ/ 29
Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Қобил Тарихи таълиқ: 12/7/2018

Оё хариду фурӯши пул бо барномаҳои интернети яъне кириптовалюта (пулҳои диҷетолии рамзгузорӣ шуда), дар нигоҳи Ислом ҷойиз аст?

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 18/7/2018

Хариду фурӯши пулҳои эътиборӣ монанди сомони, долар ва йевро ки ба василаи пулҳои ҳақиқӣ монанди тилло ва нуқра пуштибонӣ мешаванд ва тавассути умуми уқало пазируфта шудаанд, бидуни тафозули яке бар дигарӣ ҷойиз аст (нигоҳ кунед ба тавзиҳоти боло), вале хариду фурӯши пулҳои эътиборӣ монанди биткойнт ки ба василаи пулҳои ҳақиқӣ пуштибонӣ намешаванд ва тавассути умуми уқало пазируфта нашудаанд, ишкол дорад; Чароки мисдоқи ғарра (ҳалокат ё хатар) аст ва он хариду фурӯши чизе аст ки кунҳи он маълум нест ва барояш пуштивонае вуҷуд надорад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ҳадаф аз он давр задани ҳукумат ва фирор аз назорат ва посухгӯйи аст ва ин агарчи дар ҳукумати золим қобили тавҷиҳ аст, дар ҳукумати Исломӣ қобили тавҷиҳ нест ва ба сӯъи истифодаҳои фаровоне мунҷар мешавад. Фориғ аз ин авсоф, хариду фурӯши пулҳое монанди биткойнт ки маълум нест аз куҷо пайдо шудаанд ва тавассути чи касоне мудирият ва барноманависӣ мешаванд ва манофеъи чи гурӯҳҳоеро таъмин мекунанд, дасти кам мисдоқи боррзи «Шубҳа» аст, дар ҳоле ки аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст: «الحَلاَلُ بَیّنٌ و الحَرامُ بَیّنٌ و بَینَهُما مُشْتَبِهاتٌ لا یَعلَمُها کَثِیرٌ مِنَ النّاسِ فَمَنِ اتَّقَی الشُّبَهاتِ اسْتَبرَأَ لِدینِه وَ عِرضِهِ وَ مَن وَقَعَ في الشُّبَهاتِ وَقَعَ في الحَرامِ کَالرّاعي يَرْعَى حَولَ الْحِمَى فَیُوشِكُ أَنْ یُواقِعَهُ وَ إنَّ لِکُلِّ مَلِكٍ حِمیً وَ إِنَّ حِمَی اللّهِ مَحارِمُهُ»[1]; «Ҳалол рӯшан аст ва ҳаром рӯшан аст ва миёни он ду чизҳои муштабаҳе ҳастанд ки бисёрӣ аз мардум (кунҳи) онҳоро намедонанд, пас ҳар кас аз чизҳои муштабаҳ бипарҳезед, обурӯйи худ ва дини худро пос медорад ва ҳар кас дар чизҳои муштабаҳ бияфтад, дар ҳаром воқеъ мешавад, монанди чӯппоне ки (гӯсфандони худро) дар ҳарими макони мамнӯъ мечаронад, пас зуд бошад ки дар он воқеъ шавад ва ҳароина барои ҳар подшоҳе макои мамнӯъе вуҷуд дорад ва макони мамнӯъи Худованд муҳаррамоти Ӯ ҳастанд».

↑[1] . Муснади Аҳмад, ҷ4, с270; Сунанул Дорамӣ, ҷ2, с249; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ1, с19; Саҳиҳул Муслим, ҷ5, с50; Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с1318; Сунани Тирмизӣ, ҷ2, с340; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ1, с68; Ибни Бобувей, Ман ло яҳзарул фақиҳ, ҷ3, с10; Тувсӣ, Таҳзибул аҳком, ҷ6, с302 бо алфози мутафовит