1 . أَخْبَرَنَا وَلِيدُ بْنُ مَحْمُودٍ، قَالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ رَجُلٍ مِنَ الْمُسْلِمِينَ يُنْكِرُ الْمَهْدِيَّ وَيَقُولُ إِنَّهُ مِنَ الْخُرَافَاتِ! قَالَ: أَفَيُنْكِرُهُ رَجُلٌ مِنَ الْمُسْلِمِينَ؟! كَالْمُسْتَبْعِدِ لِذَلِكَ! قُلْتُ: نَعَمْ، قَالَ: سَوْفَ يَتَبَيَّنُ لَهُ أَنَّهُ الْحَقُّ، قُلْتُ: أَفَلَمْ يَكْفُرْ بِذَلِكَ؟! قَالَ: لَا، وَلَكِنْ ضَلَّ ضَلَالًا مُبِينًا، ثُمَّ قَالَ: لَا يَكْفُرُونَ حَتَّى يَجْحَدُوا آيَةً مِنَ الْقُرْآنِ.

Тарҷумаи гуфтор:

Валид ибни Маҳмуд моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи марде аз мусалмонон пурсидам ки мункири Маҳдӣ аст ва мегӯяд ки ӯ аз хурофот аст! Фармуд: Оё марде аз мусалмонон ӯро инкор мекунад?! –Монанди касе ки онро истибъод кунад!– Гуфтам: Бале, фармуд: Ба зудӣ барои ӯ рӯшан хоҳад шуд ки ӯ ҳақ аст! Гуфтам: Оё бо ин инкор, кофир нашудааст?! Фармуд: На, вале ба гумроҳии ошкоре дучор шудааст. Сипас фармуд: Кофир намешаванд то он гоҳ ки ояте аз Қуръонро инкор кунанд.

2 . أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ إِبْرَاهِيمَ الشِّيرَازِيُّ، قَالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: رِوَايَةٌ يَرْوُونَهَا عَنْ جَعْفَرِ بْنِ مُحَمَّدٍ، عَنْ أَبِيهِ، عَنْ آبَائِهِ، عَنْ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ أَنَّهُ قَالَ: مَنْ أَنْكَرَ الْقَائِمَ مِنْ وُلْدِي يَعْنِي الْمَهْدِيَّ فَقَدْ أَنْكَرَنِي، فَقَالَ: هُوَ كَذَلِكَ إِذَا أَنْكَرَهُ بَعْدَ أَنْ سَمِعَ النِّدَاءَ بِاسْمِهِ، ثُمَّ قَالَ: إِذَا سَمِعْتُمُ النِّدَاءَ بِاسْمِهِ فَقَدْ رَدِفَ لَكُمْ بَعْضُ الِّذِي تَسْتَعْجِلُونَ.

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Иброҳими Шерозӣ моро хабар дод, гуфт: Ба Мансур гуфтам: Ривояте аст ки аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад, аз падараш, аз падаронаш, аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл мекунанд ки фармуда: Ҳар кас қоъими аз фарзандони ман яъне Маҳдиро инкор кунад, манро инкор кардааст, пас фармуд: Ҳамин тавр аст ҳаргоҳ ӯро пас аз шунидани нидо ба номаш инкор кунад, сипас фармуд: Ҳангоме ки нидо ба номи ӯро бишнавед, бархӣ аз чизҳое ки барои онҳо аҷала доред, пай дар пай ба шумо мерасанд.

3 . أَخْبَرَنَا أَحْمَدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الطَّالَقَانِيُّ، قَالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: لَقَدْ حَيَّرَتْنِي آيَةٌ فِي الْقُرْآنِ! قَالَ: وَمَا هِيَ؟ قُلْتُ: قَوْلُ اللَّهِ تَعَالَى: ﴿فَمِنْكُمْ كَافِرٌ وَمِنْكُمْ مُؤْمِنٌ[1]، فَأَيْنَ الضَّالُّ الَّذِي لَيْسَ بِكَافِرٍ وَلَا مُؤْمِنٍ؟! قَالَ: يَا أَحْمَدُ! إِنَّ النَّاسَ كَانُوا أُمَّتَيْنِ مَا دَامَ فِيهِمْ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: أُمَّةً كَافِرَةً وَأُمَّةً مُؤْمِنَةً، فَلَمَّا تُوُفِّيَ أَصْبَحُوا ثَلَاثَ أُمَمٍ: أُمَّةً كَافِرَةً وَأُمَّةً ضَالَّةً وَأُمَّةً مُؤْمِنَةً، وَلَا يَزَالُونَ كَذَلِكَ حَتَّى يَأْتِيَهُمُ الْمَهْدِيُّ، فَإِذَا أَتَاهُمُ الْمَهْدِيُّ أَصْبَحُوا أُمَّتَيْنِ كَمَا كَانُوا مَعَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: أُمَّةً كَافِرَةً وَأُمَّةً مُؤْمِنَةً، قُلْتُ: لِمَ ذَلِكَ؟ قَالَ: لِأَنَّهُ يَأْتِيهِمْ بِآيَةٍ مِنَ اللَّهِ كَمَا أَتَاهُمْ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ، فَمَنْ صَدَّقَهُ فَهُوَ مُؤْمِنٌ وَمَنْ كَذَّبَهُ فَهُوَ كَافِرٌ، قُلْتُ: جُعِلْتُ فِدَاكَ، فَرَّجْتَ عَنِّي فَرَّجَ اللَّهُ عَنْكَ!

Тарҷумаи гуфтор:

Аҳмад ибни Абдурраҳмони Толиқонӣ моро хабар дод, гуфт: Ба Мансур гуфтам: Ояе дар Қуръон манро мутаҳаййир сохтааст! Фармуд: Он чист? Гуфтам: Сухани Худованди баландмартаба ки фармудааст: «Бархӣ аз шумо кофир ва бархӣ аз шумо мӯъмин ҳастед», пас гумроҳоне ки на кофир ва на мӯъмин ҳастанд куҷоянд?! Фармуд: Эй Аҳмад! Мардум то ҳангоме ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар миёнашон буд, ду гурӯҳ буданд: Гурӯҳе кофир ва гурӯҳе мӯъмин, пас чун аз дунё рафт, се гурӯҳ шуданд: Гурӯҳе кофир ва гурӯҳе гумроҳ ва гурӯҳе мӯъмин ва ҳамвора ин гуна хоҳад буд то он гоҳ ки Маҳдӣ ба наздашон биёяд, пас чун Маҳдӣ ба наздашон биёяд, ду гурӯҳ хоҳанд шуд ҳамон тавр ки бо Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буданд: Гурӯҳе кофир ва гурӯҳе мӯъмин, гуфтам: Аз чи рӯ? Фармуд: Аз он рӯ ки ӯ бо ояте аз ҷониби Худованд ба наздашон хоҳад омад ҳамон тавр ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба наздашон омад, пас ҳар кас ӯро тасдиқ кунад мӯъмин ва ҳар кас ӯро такзиб кунад кофир хоҳад буд, гуфтам: Фидоят шавам, манро осуда кардӣ, Худованд туро осуда гардонад!

Шарҳи гуфтор:

Аз ин ҳикматҳои гаронбаҳо дониста мешавад ки ҳар кас Маҳдиро пеш аз зуҳураш инкор кунад, кофир нест; Чароки ӯ ояте аз ҷониби Худовандро инкор накарда, бал хабареро инкор карда ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ӯ расида бо ин тасввур ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салллам онро нафармудааст, ҳар чанд бо таваҷҷуҳ ба тавотури он аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, дар гумроҳии ошкоре аст, вале ҳар кас Маҳдиро пас аз зуҳураш инкор кунад, кофир аст; Чароки Маҳдӣ ҳаргоҳ зуҳур кунад, ба ҳамроҳаш оёти ошкоре зуҳур мекунанд, монанди нидойе аз осмон ба номи ӯ ва тардиде нест ки ҳар кас оятӣ ошкореро инкор кунад, кофир аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَا يَجْحَدُ بِآيَاتِنَا إِلَّا الْكَافِرُونَ﴾[2]; «Ва оёти Моро ҷуз кофирон инкор намекунанд». Ба илова, дониста мешавад ки мардум дар замони Маҳдӣ, ба ҳолате боз хоҳанд гашт ки дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам доштанд ва мардум дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ду даста буданд: Дастае ки халифаи Худованд дар заминро мешинохтанд ва ба вуҷуби итоъати ӯ иқрор доштанд ва онон мӯъминон буданд ва дастае ки халифаи Худованд дар заминро намешинохтанд ва ба вуҷуби итоъати ӯ иқрор надоштанд ва онон кофирон буданд ва дар ин миён, ҳеч мусалмоне вуҷуд надошт ки халифаи Худованд дар заминро нашиносад ва ба вуҷуби итоъати ӯ иқрор надошта бошад то гумроҳ дониста шавад бидуни инки кофир бошад. Ин ҳолати ҷадиде буд ки пас аз даргузашти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пайдо шуд, ҳангоме ки мардум дар бораи хилофат ихтилоф карданд ва бештарашон, бо вуҷуди инки мусалмон буданд, дар бораи халифаи Худованд дар замин гумроҳ шуданд. Албатта рӯшан аст ки мурод аз имон дар инҷо эътиқоди саҳиҳ аст, сарфи назар аз чигунагии амал; Зеро дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам касоне вуҷуд доштанд ки муртакиби зино, сирқат ва шурби хамр мешуданд ва табъан аз ҳайси амалӣ мӯъмин набуданд, вале онон вилояти Худованд ва Паёмбарашро пазируфта буданд ва аз ин рӯ, Худованд ононро ба хотири дурустии эътиқодашон ба мӯъминон мулҳақ фармуд; Чунонки ривоят шудааст марде аз ансор аз шурби хамр худдорӣ намекард, пас ӯро борҳо ба назди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам оварданд ва ҳар бор он Ҳазрат ӯро мезад. Пас чун ин кор зиёд шуд яке аз мардум гуфт: «Худо ӯро лаънат кунад! Чиқадр шароб менӯшад ва чиқадр шатта мехурад!» Пас Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: «لَا تَلْعَنْهُ، فَإِنَّهُ يُحِبُّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ»[3]; «Ӯро лаънат накун; Чароки Худованд ва Паёмбарашро дӯст медорад». Ҳамчунин, ривоят шудааст ки марде аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи расидани қиёмат пурсид, пас он Ҳазрат ба ӯ фармуд: «مَا أَعْدَدْتَ لَهَا؟»; «Барои он чи чизе омода кардаи?» Мард гуфт: «مَا أَعْدَدْتُ لَهَا مِنْ كَثِيرِ عَمَلٍ، لَا صَلَاةٍ وَلَا صَوْمٍ، إِلَّا أَنِّي أُحِبُّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ»; «Амали чандоне барои он омода накардаам, на намозе ва на рӯзае, ҷуз инки Худованд ва Паёмбарашро дӯст медорам». Пас Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ӯ фармуд: «أَنْتَ مَعَ مَنْ أَحْبَبْتَ»; «Ту ба ҳамроҳи касе хоҳӣ буд ки дӯсташ медорӣ» ё фармуд: «الْمَرْءُ مَعَ مَنْ أَحَبَّ»; «Инсон бо касе хоҳад буд ки дӯсташ медорад»[4]. Ҳамчунин, ривоят шудааст ки марде Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро бисёр дӯст медошт. Пас он Ҳазрат чанд рӯз ӯро надид ва суроғашро гирифт. Пас ба он Ҳазрат гуфтанд: «Эй Расули Худо! Ӯ аз дунё рафт ва назди мо шахсе амин ва ростгӯй буд, вале айбе дошт». Он Ҳазрат фармуд: «Чи айбе?» гуфтанд: «Дунболи занон роҳ меафтод!» пас Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: «رَحِمَهُ اللَّهُ، وَاللَّهِ لَقَدْ كَانَ يُحِبُّنِي حُبًّا لَوْ كَانَ نَخَّاسًا لَغَفَرَ اللَّهُ لَهُ»[5]; «Худованд ӯро биёмӯрзад! Ба Худо савганд манро чунон дӯст медошт ки агар бардафурӯш буд низ Худованд ӯро меомӯрзид!». Инҳо ҳама далили бар он аст ки ҳар кас халифаи Худованд дар заминро бишиносад ва вилоятро барояш холис гардонад, аз дастаи мӯъминон шумурда мешавад, агар чи дар аъмоли худ гуноҳкор бошад. Аз ин рӯ, мусалонони фосиқ, ҳаргоҳ аз ҷиҳати эътиқодӣ гумроҳ набошанд, ба мӯъминон мулҳақ мешаванд, ҳар чанд аз онон набошанд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ривоят шудааст ки ба онон пеш аз маргашон тавфиқи тавба дода хоҳад шуд; Чунонки Абулфараҷи Исфаҳонӣ ба санади хуб аз Уббод ибни Суҳайб ривоят кардааст: «كُنْتُ عِنْدَ جَعْفَرِ بْنِ مُحَمَّدٍ، فَأَتَاهُ نَعْيُ السَّيِّدِ -يَعْنِي الْحِمْيَرِيَّ-، فَدَعَا لَهُ وَتَرَحَّمَ عَلَيْهِ، فَقَالَ رَجُلٌ: يَابْنَ رَسُولِ اللَّهِ، تَدْعُو لَهُ وَهُوَ يَشْرَبُ الْخَمْرَ وَيُؤْمِنُ بِالرَّجْعَةِ؟! فَقَالَ: حَدَّثَنِي أَبِي، عَنْ جَدِّي، أَنَّ مُحِبِّي آلِ مُحَمَّدٍ لَا يَمُوتُونَ إِلَّا تَائِبِينَ وَقَدْ تَابَ، وَرَفَعَ مُصَلًّى كَانَتْ تَحْتَهُ، فَأَخْرَجَ كِتَابًا مِنَ السَّيِّدِ يُعَرِّفُهُ فِيهِ أَنَّهُ قَدْ تَابَ وَيَسْأَلُهُ الدُّعَاءَ لَهُ»[6]; «Назди Ҷаъфар ибни Муҳаммад будам ки хабари даргузашти Саййид Ҳумайро ба ӯ расид, пас барояш дуъо ва талаби раҳмат кард. Пас мард гуфт: Эй писари Расули Худо! Оё барои ӯ дуъо мекунӣ, дар ҳоле ки шароб менӯшид ва ба раҷъат эътиқод дошт?! Пас он Ҳазрат фармуд: Падарам манро аз ҷаддам ҳадис кард ки дӯстдорони (мухлиси) Оли Муҳаммад ҷуз баъд аз тавба намемиранд. Ӯ низ тавба кард. Дар ин ҳангом он Ҳазрат ҷонамозе ки рӯяш нишаста будро баланд кард ва номе аз Саййидро даровард ки дар он аз тавбаи худ хабар дода буд ва аз он Ҳазрат хоста буд ки барояш дуъо кунад». Бо ин ҳол, баъид нест ки мурод аз мардум дар инҷо навъи онон бошад; Чароки аксари онон дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё кофир ва ё мӯъмин буданд, ҳар чанд дар миёнашон шумори андаке вуҷуд доштанд ки на кофир ва на мӯъмин буданд; Монанди фосиқони саҳоба ва бодеянишиноне ки мегуфтанд имон овардем, дар ҳоле ки имон ҳанӯз ба дилҳошон дохил нашуда буд, вале чун Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз дунё рафт, навъи мардум ё кофир ё гумроҳ ё мӯъмин шуданд ва мӯъминон дар ақаллият қарор гирифтанд пас аз инки дар аксарият буданд ва онон ҳамвора бар ин ҳолат хоҳанд буд то он гоҳ ки Маҳдӣ барояшон зуҳур кунад, пас чун Маҳдӣ барояшон зуҳур кард, навъи онон як бори дигар ё кофир ё мӯъмин хоҳад шуд ва мӯъминон дар аксарият қарор хоҳанд гирифт пас аз инки дар ақаллият буданд ва мусалмони гумроҳе дар миёнашон боқӣ нахоҳад монд, агарчи мусалмононӣ фосиқ дар миёнашон ёфт шаванд.

↑[1] . Тағобун/ 2
↑[2] . Анкабут/ 47
↑[3] . Мағозии Воқидӣ, ҷ2, с665; Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ7, с380, ҷ9, с245; Табақоту Кубро ибни Саъд, ҷ3, с493; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ8, с158; Муснади Баззор, ҷ1, с393; Муснади Аби Яъло, ҷ1, с161;Маърифату Саҳоба Абӣ Наъими Исфаҳонӣ, ҷ3, с1626; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ8, с542, ҷ9, с176; Ал-Истиъоб фий Маърифату Асҳоб ибни Абдулбир, ҷ4, с529
↑[4] . Ҷомеъ Муъаммар ибни Рошид, ҷ11, с199; Аҳодиси Исмоъил ибни Ҷаъфар, с192; Муснади Абдуллоҳ ибни Муборак, ҷ1, с8; Ҳадиси Сӯфиён ибни Уяйна (Ривояту Аль-Марвваз), ҷ1, с45; Муснади Абӣ Довуд Ат-Таёлусӣ, ҷ3, с594; Муснади Ҳамидӣ, ҷ2, с305; Муснади ибни Ҷаъд, с463; Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ7, с503; Муснади Аҳмад, ҷ20, с135, ҷ21, с254; Мунтахаб мин Муснад Абд ибни Ҳамид, ҷ2, с282; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ8, с39; Саҳеҳул Муслим, ҷ4, с2032; Сунани Тирмизӣ, ҷ4, с173; Муснади Баззор, ҷ5, с161, ҷ14, с107; Муснади Абӣ Яъло, ҷ6, с313; Ҳадуси Шӯъба ибни Ҳаҷҷоҷ ибни Музаффар, с54; Мӯъҷам ибни Муқриъи, с350; Сунани Доруқутнӣ, ҷ1, с240; Ал-Имон ибни Мунда, ҷ1, с437
↑[5] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ, ҷ8, с78
↑[6] . Ал-Ағонӣ Абӣ Фараҷи Исфаҳонӣ, ҷ8, с201