Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 6/12/2015
Назари аллома Хуросонӣ дар мавриди намоз хондан дар ҳавопаймо чист?
Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 9/12/2015

Намоз гузоридан дар ҳоли ҳаракат, танҳо барои касоне ҷойиз аст ки аз хатаре ё зараре ё аз фавт шудани намоз бимнок аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَإِنْ خِفْتُمْ فَرِجَالًا أَوْ رُكْبَانًا[1]; «Пас агар бимнок шудед дар ҳолати пиёда ё савора (намоз бигзоред)» Ва дар ин сурат, ҳар миқдор аз намоз ки метавонадро рӯй ба қибла ва дар ҳолати оддӣ мегузорад ва ҳар миқдор аз он ки наметавонадро ба ҳар рӯй ва ҳолат ки метавонад мегузорад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا[2]; «Худованд касеро ҷуз ба миқдори тавонаш таклиф намекунад» Ва фармудааст: ﴿وَمَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ[3]; «Ва бар шумо дар дин ҳеҷ сахтӣ қарор надод»; Чуз онки дар ҳар сурат воҷиб аст такбиратул эҳромро рӯй ба қибла гӯяд; Чунонки яке аз ёронамон моро хабат дод, гуфт:

«سَأَلْتُهُ عَنِ الصَّلاةِ فِي الطَّیّارَةِ، فَقَالَ: اسْتَقْبِلِ الْقِبْلَةَ وَ کَبِّرْ ثُمَّ اسْتَقْبِلْ حَیْثُ تَسْتَقْبِلُ الطَّیّارَةُ وَ لا تُصَلِّ فِیها مَکْتُوبَةً إِلّا وَ أَنْتَ خائِفٌ! قُلْتُ: أُصَلِّي فِیها جالِساً؟ قالَ: تُصَلِّي قائِماً أَبَداً، فَإِنْ لَمْ تَسْتَطِعْ فَقاعِداً، فَإِنْ لَمْ تَسْتَطِعْ فَعَلَى جَنْبِکَ، فَإِنْ لَمْ تَسْتَطِعْ فَبِالْإِیماءِ، فَإِنْ لَمْ تَسْتَطِعْ فَبِالنِّیَّةِ وَ هَذَا کَقَولِ الْحَدّادِ لِفَتاهُ: مُتْ وَ أَنْتَ نافِخٌ»; «Аз он ҳазрат дар бораи намоз гузордан дар ҳавопаймо пурсидам, пас фармуд: Рӯй ба қибла кун ва такбир бигӯй, сипас рӯй ба ҳар сӯйе кун ки ҳавопаймо рӯй мекунад ва дар он намози фарзияро нагузор магар дар ҳоле ки бимнок ҳастӣ! Гуфтам: Дар он нишаста намоз мегузорам? Фармуд: Ҳамеша истода намоз мегузорӣ, пас агар натавонистӣ нишаста, пас агар натавонистӣ бар паҳлӯят, пас агар натавонистӣ бо ишора, пас агар натавонистӣ бо ният ва ин монанди сухани оҳангар (дар масали машҳур) аст ки ба шогирдаш гуфт: Бимир ва бидам»!

↑[1] . Бақара/ 239
↑[2] . Бақара/ 286
↑[3] . Ҳаҷ/ 78