Нависандаи нақд: Маҳдии Торамӣ Тарихи нақд: 31/7/2017

Ҳазрати Мансури Ҳошимӣ, тақлид аз муҷтаҳидро ба ин иллат ки ӯро мутахассис намедонад, ҷойиз намедонад. Аммо ин дар хусуси худи иҷтиҳод ҳам мушкил эҷод мекунад; Чун агар [муҷтаҳид] мутахассис нест ки дигарон аз ӯ тақлид кунанд, пас барои худаш ҳам мутахассис нахоҳад буд. Пас чигуна аст ки иҷтиҳодро воҷиб аммо тақлидро ҳаром медонанд?

Посух ба нақди шумораи: 6 Тарихи посух ба нақд: 3/8/2017

Бародари гиромӣ!

Тақлид ба маънои пайравӣ аз фатвои муҷтаҳид бидуни илм ба далили ӯст ва ин аз он ҷиҳат ҷойиз нест ки муҷиби занн ба ҳукми шаръи мешавад, дар ҳоле ки занн ба ҳукми шаръи кофӣ нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ ۖ وَإِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[1]; «Ононро ба он илме нест, онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд, дар ҳоле ки занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад», вале иҷтиҳод ба маънои муроҷиъа ба китоби Худованд ва халифаи Ӯ дар замин аст ва ин аз он ҷиҳат ҷойиз бал воҷиб аст ки муҷиби илм ба ҳукми шаръи мешавад ва возеҳ аст ки илм ба ҳукми шаръи бо занни ба он баробар нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ ۗ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ[2]; «Бигӯ оё касоне ки илм доранд ва касоне ки илм надоранд баробаранд?! Танҳо соҳибони хирад панд мегиранд» Ва фармудааст: ﴿قُلْ هَلْ عِنْدَكُمْ مِنْ عِلْمٍ فَتُخْرِجُوهُ لَنَا ۖ إِنْ تَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ أَنْتُمْ إِلَّا تَخْرُصُونَ[3]; «Бигӯ оё шуморо ҳеҷ илме ҳаст ки онро барои мо берун оваред?! Шумо ҷуз аз занн пайравӣ намекунед ва ҷуз ҳадс намезанед» Ва фармудааст: ﴿نَبِّئُونِي بِعِلْمٍ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ[4]; «Манро аз рӯӣ илм хабар диҳеҳ агар рост мегӯйед»! Бинобарин, тақлид аз он ҷиҳат ки муҷиби занн ба ҳукми шаръи аст, ҷойиз нест ва иҷтиҳод аз он ҷиҳат ки муҷиби илм ба ҳукми шаръи аст, ҷойиз, балки воҷиб аст.

Бале, иҷтиҳод агар мубтанӣ бар муроҷиъа ба яқиниёт набошад, балки мубтанӣ бар муроҷиъа ба занниётӣ монанди иҷмо ва хабари воҳид бошад, монанди тақлид муҷиби занн ба ҳукми шаръи мешавад ва аз ин ҷиҳат, кофӣ нест; Чунонки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ин нуктаро табйин карда ва фармудааст:

«Аз инҷо дониста мешавад ки тақлид аз олимон, ба ҳеҷ рӯй муҷзӣ нест ва иҷтиҳод бар умуми мусалмонон воҷиб аст; Албатта дар сурате ки мурод аз иҷтиҳод, шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми Ислом бошад; Чароки агар мурод аз он, шинохти заннӣ аз онҳо ҳар чанд бо итикоъ ба ахбори оҳод ва мавҳумотӣ назири иҷмоъ бошад, тафовути чандоне бо тақлид надорад ва ба табаъи он муҷзӣ нест; Чароки иллати муҷзӣ набудани тақлид, муҷзӣ набудани итикоъ ба ғайри яқиниёт дар ақойид ва аҳкоми шаръӣ аст ва ин иллат миёни тақлид ва иҷтиҳод муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муштарак аст ва бо ин васф, иҷтиҳоди муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муҷзӣ нест, ҳар чанд аз тақлид беҳтар бошад; Бал ҳар коре ки барои шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми шаръӣ лозим аст, ҳамон бар умуми мусалмонон воҷиб аст.»[5]

↑[1] . Наҷм/ 28
↑[2] . Зумар/ 9
↑[3] . Анъом/ 148
↑[4] . Анъом/ 143
↑[5] . Бозгашт ба Ислом, с 58