Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 6/12/2015

Кадом як аз тафосири Қуръонро барои мутолеъаи бештари ҷавонон тавсия мекунед?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 9/12/2015

Муҳкамоти Қуръон ниёзе ба тафсир надоранд; Зеро агар ниёзе ба тафсир дошта бошанд давр ё таслисил лозим меояд ки муҳол аст, вале муташобеҳоти он ба маънои мафоҳими саноъот ва масодиқи умумоти он, ниёз ба тафсир доранд ва барои огоҳӣ аз он бояд ба Худованд ва росихони дар илм руҷӯъ кард; Чунонки фармудааст: ﴿هُوَ الَّذِي أَنْزَلَ عَلَيْكَ الْكِتَابَ مِنْهُ آيَاتٌ مُحْكَمَاتٌ هُنَّ أُمُّ الْكِتَابِ وَأُخَرُ مُتَشَابِهَاتٌ ۖ فَأَمَّا الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ زَيْغٌ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَابَهَ مِنْهُ ابْتِغَاءَ الْفِتْنَةِ وَابْتِغَاءَ تَأْوِيلِهِ ۗ وَمَا يَعْلَمُ تَأْوِيلَهُ إِلَّا اللَّهُ ۗ وَالرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ[1]; «Ӯ касе аст ки китобро бар ту нозил кард, аз он оёте муҳкам ҳастанд ки асли китоб шумурда мешаванд ва оётӣ дигар муташобеҳанд, аммо касоне ки дар дилҳошон инҳирофе вуҷуд дорад аз муташобеҳоти он ба дунболи фитна ва ба дунболи таъвили онҳо пайравӣ мекунанд, дар ҳоле ки таъвили онҳоро ҷуз Худованд ва росихони дар илм намедонанд» Ва бо ин васф, барои огоҳӣ аз таъвилоти онҳо, бояд ба Худованд ва росихони дар илм руҷӯъ кард ва руҷӯъ ба Худованд бо руҷӯъ ба муҳкамоти китоби Ӯ ва руҷӯъ ба росихони дар илм бо руҷӯъ ба хулафоъи Ӯ дар замин анҷом мешавад ки қадри мутаяққан аз росихон дар илм ҳастанд.

Аз инҷо дониста мешавад ки руҷӯъ ба ҳеҷ як аз тафосири муфассирон дар бораи китоби Худованд воҷиб нест ва аз руҷӯъ ба Худованд ва халифаи Ӯ дар замин бениёз намекунад, вале руҷӯъ ба бархӣ аз онҳо бо вуҷуди ҳамаи костиҳо ва ишколотҳое ки доранд метавонад бисёр судманд бошад; Монанди «Ал-тибёнӣ фиттафсирул Қуръон» нафиштаи Муҳаммад ибни Ҷаъфари Тувсӣ (д.460қ), «Маҷмаъул баёни фиттафсирул Қуръон» навиштаи Фазл ибни Ҳасани Табарӣ (д.548қ), «Тафсири ғарибул Қуръон» навиштаи Фахруддини Табарӣ (д.1085қ), «Ал-мизон фиттасирул Қуръон» навиштаи Муҳаммад Ҳусейн Таботабоӣ (д.1403қ) ва «Ал-баён фиттафсирул Қуръон» навиштаи Абул Қосим Хӯйи (д.1413қ) аз шиъа ва «Ҷомеъул баён антаъвилул оял Қуръон» навиштаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (д.310қ), «Тафсирул Қуръонул азим» навиштаи Ибни Абӣ Ҳотами Розӣ (д.327қ), «Муфрадотул фозул Қуръон» навиштаи Роғиби Исфаҳонӣ (д.425қ), «Ал-кашшоф ан ҳақоиъқи ғавомизул танзил ва Уюнул ақволи фиваҷҳил таъвил» навиштаи Маҳмуд ибни Амр Земахшарӣ (д.538қ), «Зодул масир фиилмил тафсир» навиштаи Ибни Ҷувзии Бағдодӣ (д.597қ), «Ал-тафсирул кабир» навиштаи Фахруддини Розӣ (д.606қ), «Ал-ҷомеъул аҳкомил Қуръон» навиштаи Муҳаммад ибни Аҳмади Қуртубӣ (д.671қ) ва «Ал-итқон фиилмул Қуръон» навиштаи Ҷалолуддини Суютӣ (д.911қ) аз аҳли суннат.

↑[1] . Оли Имрон/ 7