Нависандаи пурсиш: Карим Тарихи пурсиш: 2/12/2015

Бо арзи салом ва таҳиёт хидмати шумо; Суъоле доштам ки мухтасар аз маҳзаратон мепурсам.

Банда дар яке аз шаҳрҳои Инглистон сокин ҳастам ва бино бар зарурат барои адоъи намози зуҳр ва аср аз маҳалли корам ба масҷиде ки наздики маҳали корам воқеъ шудааст меравам. Мутаъссифона дар ин масҷид бародарони ба шиддат мутаъассиби суннӣ ҳузур доранд ки бо шеваи намоз хондани як шиъаи инсо ашарӣ яъне бо дасти боз ва истифода аз мӯҳр мушкил доранд ва ба ҳамин далил то кунун бархурдҳое бо ман доштаанд. Суъоли банда ин аст ки дар сурате ки эҳтимоли бархӯрди шадид ҳатто дар ҳадди зарбу ҷаҳр дар миён бошад, оё метавон ба унвони тақия бо дасти баста ва бидуни мӯҳр намоз хонад?

Аз вақте ки барои посух ба суъолам сарф мекунед бисёр муташаккирам.

Посух ба пурсиши шумораи: 0 Тарихи посух ба пурсиш: 3/12/2015

Бино бар назари саҳиҳтар, ниҳодани дасти рост бар рӯйи дасти чап дар намоз, суннат нест; Зеро бештари ривоёте ки намози Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро васф кардаанд, аз зикри он холӣ ҳастанд, балки дар ҳеҷ ривояти саҳиҳе зикре аз он наёмада ва ривоёти расида дар бораи он заъиф ё мурсал ё мавқуфанд ва ин назари аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва назари Абдуллоҳ ибни Зубайр, Саъйид ибни Мусаяб, Саъйид ибни Ҷубайр, Атоъ, ибни Ҷурайҷ, Иброҳими Нахаъӣ, Ҳасани Басрӣ, Молик ибни Анас, Лайс ибни Саъд, Муҳаммад ибни Сирин ва бархи дигар аз тобеъин ва фақиҳон аст ва бо ин васф, касоне ки шуморо ба сабаби намоз гузордан бо дасти боз меозоранд, дар воқе ҳамаи ин гурӯҳ аз салафро озор медиҳанд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ниҳодани дасти рост бар рӯйи дасти чап дар намоз, дар ҳеҷ як аз мазоҳиби Исломӣ воҷиб нест ва ҳар кас бидуни он намоз бигзорад, намози ӯ бино бар ҳамаи мазоҳиби Исломӣ саҳиҳ аст. Ҳамчунонки миёни онҳо ихтилофе нест ки саҷда бар хок ва сангреза суннат аст ва бо ин васф, саҷда бар гилҳои пухтае ки аҳли ташаюъ аз хок месозанд ва онро «Мӯҳр» меноманд, ишколе надорад, ҳар чанд беҳтарин саҷдагош хок ва сангрезае аст ки дар макони намоз мавҷуд аст; Чароки бар суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам интибоқи бештаре дорад.

Аз нҷо дониста мешавад ки озор диҳандагони шумо дар ҳақиқат «Алҳи суннат» нестанд; Чароки на танҳо бо суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, балки бо мазоҳиби аъиммаи худ монанди Абу Ҳанифа, Молик, Шофеъӣ ва ибни Ҳанбал низ ошноӣ надорад.

Бо ин авсоф, агар барои шумо мумкин аст ки онон ё имоми онон дар масҷидро аз нукоти фавқ огоҳ кунед, воҷиб аст ки аз боби амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ин корро анҷом диҳед то аз ҷаҳолат раҳойи ёбанд ва дигар музоҳими шумо нашаванд, вале агар барои шумо мумкин нест ё хатари қобили таваҷҷуҳе дорад, метавонед дар миёни онон бо дасти баста намоз бигзоред ва бар ғуборе ки одатан рӯйи фаршҳо нишастааст саҷда кунед; Чароки намоз гузордан бо дасти баста ҳаром нест ва мубтили намоз шумурда намешавад ва саҷда дар фаршҳо ба эътибори ғуборе ки рӯйи онҳо нишаста, кофӣ аст ва дар ҳар сурат, беҳтар аст ки намозро ба ҳамроҳи онон бигзоред; Чароки намоз бо ҷамоъат ба таълифи қулуби мусалмонон кӯмак мекунад ва аз бадгумонии онон ба якдигар мекоҳад ва Худованд ба ҳар чи дар синаҳост огоҳ аст.