Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 21/11/2015

Суъолоти дигаре тақдим мегардад:

1- Оё куштани аносури доъиш бидуни изни шаръӣ ҷойиз аст?

2- Оё анҷоми амалиёти истишҳодӣ ҷиҳати муқобила бо амалиёти интиҳории доъиш ҷойиз аст?

3- Назари аллома Хуросонӣ дар мавриди ҳамалоти ахири доъиш ба кишварҳои ғайри мусалмон назири Фронса чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 23/11/2015

Посухи пурсишҳои шумо ба тартиби зер аст:

1 . Куштани ҳеҷ кас бидуни изни шаръӣ ҷойиз нест ва мурод аз изни шаръӣ, изни халифаи Худованд дар замин аст. Оре, дар срате ки золиме –хоҳ аз доъиш бошад ва хоҳ аз ғайри доъиш– ба милки мусалмоне дарояд то ҷон ё номуси ӯро бигирад, барои ӯ ҷойиз аст ки ба ҳар наҳви мумкин дифоъ кунад ва агар худаш ба танҳойи мутамаккин аз дифоъи вай набошад, барои соири мусалмонон ҷойиз аст ки ӯро дар ин кор ёрӣ кунанд, вале дар сурате ки золиме бар золимӣ дигар хуруҷ кунад то ҳукумати ӯро барандозад ва ҳукумати худро ҷойгузини он созад, барои мусалмонон ҷойиз нест ки якеро бар дигарӣ ёрӣ кунанд, магар онки ҳокими золим, мусалмон ва хуруҷ кунандаи бар ӯ ғайри мусалмон бошад; Чароки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: إِذا رَأَیْتُمْ جَبّارَیْنِ یَقْتَتِلانِ بِرَمْلٍ فَذَرُوهُما یَحْثُو أَحَدُهُما عَلَی الْآخَرَ حَتَّى یَهْلِکَ الْأَعْجَز! قُلْتُ: أَرَأَیْتَ إِنْ کانَ أَحَدُهُما مِنَ الشِّیعَةِ وَ الْآخَرُ مِنَ السُّنَّة؟ قالَ: ذَرُوهُما! قُلْتُ: أَرَأَیْتَ إِنْ کانَ أَحَدُهُما مُسْلِماً وَ الْآخَرُ یَهُودِیّاً؟ قالَ: إِذا کانَ ذَلِكَ فَأَعِینُوا الْمُسْلِمَ لِکَیْلا یَغْلِبَ عَلَیْکُمْ الْیَهُودِيُّ فَیَسُبَّ نَبِیَّکُمْ وَ یُحْرِقَ کِتابَکُمْ وَ یَهْدِمَ مَساجِدَکُمْ»; «Шунидам ҳазарти Мансур мефармояд: Ҳаргоҳ ду ҷабборро дидед ки рӯйи регҳо бо ҳам меситезанд раҳошон кунед ки бар рӯйи ҳам хок бипошанд то он гоҳ ки нотавонтар нобуд шавад! (Яъне дахолат накунед;) Гуфтам: Назаратон чист агар яке аз он ду шиъа ва дигарӣ суннӣ бошад? Фармуд: Раҳошон кунед, гуфтам: Назаратон чист агар яке аз он ду мусалмон ва дигарӣ яҳудӣ бошад? Фармуд: Агар ин гуна буд мусалмонро ёрӣ кунед то яҳудӣ бар шумо чира нашавад ки ба паёмбаратон иҳонат кунад ва китобатонро оташ занад ва масоҷидатонро вайрон намояд»!

2 . Кушати худ ба ҳамроҳи куштани душман, амалӣ ҷоҳилӣ ва ғайри Исломӣ аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُهُ عَنِ الْمُسْلِمِ یَحْمِلُ فِي جَیْبِهِ ناسِفَةً فَیَرْمِي حَتَّى إِذا نَفِدَتْ سِهامُهُ وَ قَرَبَ مِنْهُ الْکافِرُ فَجَّرَها فَقَتَلَهُ وَ قَتَلَ نَفْسَهُ، قالَ: هَذَا مِنْ عَمَلِ الْجاهِلِیَّةِ کانَ إِذا أُحِیطَ بِأَحَدِهِمْ فِي الْحَرْبِ یُنادِي: اقْتُلُونِي وَ فُلاناً فَیَقْتُلُهُ وَ یَقْتُلُ نَفْسَهُ! فَمَکَثَ هُنَیْئَةً ثُمَّ قالَ: ما أَلْفٌ مِنَ الْکُفّارِ بِرَجُلٍ مِنَ الْمُسْلِمینَ فَلا تَفْعَلُوا»; «Аз он ҳазрат дар бораи мусалмоне пурсидам ки дар геребони худ бамбе ҳамл мекунад, пас тир меандозад то он гоҳ ки тирҳояш ба поён мерасад ва кофир ба ӯ наздик мешавад, пас бамбро мунфаҷир мекунад ва ӯро мекушад ва худро низ (бо ӯ) мекушад, фармуд: Ин аз аъмоли ҷоҳилият аст, ҳангоме ки ба яке аз онон дар ҷанг иҳота мешавад овоз медод: Манро бо фалонӣ бикушед, пас ӯ ва худро бо ҳам мекушад! Дар ин ҳангом каме даранг кард ва сипас фармуд: Ҳазор тан аз кофирон ба як тан аз мусалмонон намеарзад, пас ин корро накунед»!

3 . Ибтидо ба ҷиҳод ҷуз бо изни халифаи Худованд дар замин ҷойиз нест.