Оё касоне ки аз бодаи шаҳавот сармастанд ва дар ботлоқи лаззот ғӯта мехуранд, аз саргузашти Помпей ибрат намегиранд? Гӯйи хандаҳои мастонаи аҳлашро мешунавем ҳангоме ки ҷомҳои шаробро ба ҳам мезананд ва аз фарти тараб рақс мекарданд ва занони зеборо дар бар мегирифтанд ва овоз медонанд ки бинӯшед ва хуш бошед ва марг аз шумо дур бод! Пас ногоҳ дар рӯзӣ тобистонӣ, ҳангоме ки дар савоҳили Нопул истироҳат мекарданд, аз ҷониби кӯҳи Визуви бонгеро шуниданд ва оташеро диданд ки ба сӯяшон забона мекашид; Бо гармое ки гӯштро мепухт ва дуде ки нафасро мебурид ва оворе ки устухонро мешикаст ва зулмате ки рӯзро шаб менамуд! Пас фурсат наёфтанд ки бигурезанд; Бал фурсат наёфтанд ки бархезанд; Чароки ҳамагӣ дар ҷоҳои худ ба хиштҳои пухта табдил шуданд ва дар хокистари доғ фуру рафтанд ва инки шумо ононро мебинед ки чунон муҷассамаҳоӣ атиқа сар аз хок баровардаанд ва чунон кӯзаҳойи шикаста бар сари роҳ афтодаанд!

 

Шарҳи нома:

Помпей номи шаҳре дар наздикии халиҷи Нопул дар Итолиё аст ки рӯзгоре маҳалли тафрруҷ ва ишрати румиён буд ва дар соли 79 мелодӣ ба дунболи фаварони оташфишони Визуви аз рӯӣ замин маҳв шуд ва 1500 сол баъд дар соли 1599 милодӣ сар аз хок баровард, дар ҳоле ки аҷсоди аҳлаш ба сурати солим ва бо ҳолати сангвора мушоҳида мешуд ва нишон медод ки онон фурсате барои гурез, балки маҷоле барои бархостан пайдо накардаанд. Он ҳазрат дар ин фароз аз номаи омӯзандаи худ, аз саргузашти онон ёд мекунад ва аз касоне ки монанди онон таслими шаҳватҳо ва дар пайи лаззатҳои номашруъ ҳастанд мехоҳад ки аз оқибати онон ибрат бигиранд ва худро аз азоби ногаҳонӣ ва саҳмгини Худованд эмин надонанд.

Дар зер, тасовире аз аҷсодӣ сокинони шаҳри Помпей ва намунаҳои қолибгирӣ шуда аз онҳо мушоҳида мешавад:

аҷсодӣ сокинони Помпей