Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 14/11/2015

Назари ҳазрати алломаи Хуросонӣ дар мавриди даст баста намоз хондан чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 17/11/2015

Инсоф он аст ки ниҳодани дасти рост бар рӯӣ дасти чап дар намоз, суннат нест; Зеро бештари ривоёте ки намози Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро васф кардаанд, аз зикри он холӣ ҳастанд, балки дар ҳеҷ ривояти саҳиҳе зикре аз он наёмада ва ривоёти расида дар бораи он заиъф ё мурсал ё мавқуфанд ва назари аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва назари Абдулло ибни Зубайр, Саъйид ибни Мусаяб, Саъйид ибни Ҷубайр, Атоъ, Ибни Ҷурайҷ, Иброҳими Нахаъӣ, Ҳасани Басрӣ, Молик ибни Анас, Лайс ибни Саъд, Муҳаммад ибни Сирин ва бархӣ дигар аз тобеъон ва фақиҳон аст; Бал дар миёни мусалмонон ихтилофе нест ки ниҳодани дасти рост бар рӯӣ дасти чап дар намоз, воҷиб нест, ҷуз инки бархӣ аз онон монанди Ҳанафиҳо, Шофеъиҳо ва Ҳанбалиҳо онро мандуб ва бархӣ аз онон монанди Моликиҳо ва шуморе аз шиъа онро макрӯҳ ва бархӣ аз онон монанди бештари шиъа онро ҳаром ва мубтили намоз мешуморанд ва аз бархӣ дигар монанди Увзоъӣ қавли ба тахйир нақл шуда ва бо ин васф, тарки он мувофиқи эҳтиёт ва муҷиби яқин ба сиҳҳати намоз аст. Оре, ҳақ он аст ки наметавон ин корро ҳаром ва мубтили намоз донист; Чароки мунофӣ бо қиём ё туманина ва бар ҳам занандаи сурати намоз нест ва аз ин ҷиҳат, амали шумурда намешавад ва бо ин васф, назари Молик ибни Анас аз аҳли суннат ва назари Абуссалоҳи Ҳалабӣ аз шиъа соъиб аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُهُ عَنِ الْقَبْضِ فِي الصَّلاةِ، فَکَرِهَهُ وَ قالَ: أَقُولُ فِیهِ بِقَولِ فُقَهاءِ الْمَدِینَةِ! قُلْتُ: تُریدُ مالِکاً؟ قالَ: مالِکاً وَ خَیْراً مِنْ مالِکٍ»; «Аз он ҳазрат дар бораи қабзи (ядайн) дар намоз пурсидам, пас онро макрӯҳ шумурд ва фармуд; Дар бораи он ба қавли фуқаҳоъи Мадина фатво медиҳам, гуфтам: Манзуратон Молик аст? Фармуд: Молик ва беҳтар аз Молик»!