Нависандаи нақд: Муҳаммад Юсуф Тарихи нақд: 6/11/2016

Ҳама нукот ва суханон дуруст, аммо роҳи ҳалли амалӣ чист? Аз куҷо шурӯъ шавад ва чигуна? Касе бидуни зӯр ва иқтидор мавъеза гӯш намекунад. Мантиқ ва истидлол дар канори зӯзу иқтидор қобили таъаммул аст на фақат бо даъват кардан.

Посух ба нақди шумораи: 8 Тарихи посух ба нақд: 8/11/2016

Бародари мусалмон!

Худованд дар китоби худ фармудааст: ﴿وَلْتَكُنْ مِنْكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ[1]; «Бояд аз шумо гурӯҳе бошанд ки ба сӯӣ хайр даъват мекунанд ва ба маърифат амр ва аз мункар наҳй менамоянд ва онон ҳамоно растгоронанд» Ва умедворем ки чунин гурӯҳе бошем; Зеро ба сӯӣ бузургтарин хайр яъне «Бозгашт ба Ислом» дар партуви китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбараш даъват мекунем ва ба бузургтарин маърифат яъне заминасозӣ барои ҳокимияти халифаи Худованд дар замин амр ва аз бузургтарин мункар яъне сарсупурдагӣ ба ҳокимияти тоғут наҳй менамойем ва бо ин васф, умедворем ки аз растгорон бошем. Дар ин миён, агар Худованд ба мо иқтидоре бахшид, аз он барои анҷоми ин вазифаи Исломӣ ба наҳви аҳсан истифода мекунем; Чунонки фармудааст: ﴿الَّذِينَ إِنْ مَكَّنَّاهُمْ فِي الْأَرْضِ أَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ وَأَمَرُوا بِالْمَعْرُوفِ وَنَهَوْا عَنِ الْمُنْكَرِ وَلِلَّهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ[2]; «Касоне ки чун ба онон дар замин иқтидор бахшидем намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва ба маърифат амр мекунанд ва аз мункар наҳй менамоянд ва оқибати корҳо барои Худованд аст» Ва агар ба мо иқтидоре набахшид, мо бар иқтидор ҳарис нестем; Ба ин маъно ки барои расидан ба он зулме намекунем ва бо золиме намесозем; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿تِلْكَ الدَّارُ الْآخِرَةُ نَجْعَلُهَا لِلَّذِينَ لَا يُرِيدُونَ عُلُوًّا فِي الْأَرْضِ وَلَا فَسَادًا وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ[3]; «Ин саройи охиратро барои касоне қарор медиҳем ки дар замин бартарӣ ва фасоде намеҷӯянд ва оқибат барои парҳезкорон аст». Ин дар ҳоле аст ки дигарон барои расидар ба иқтидор зулм мекунанд ё бо золиме месозанд; Чароки бар иқтидор ҳарисанд ва мепиндоранд ки ҷуз бо яке аз ин ду шева ба он даст намеёзанд, дар ҳоле ки иқтдор барои Худованд ва барои халифааш ва барои мӯъминон аст ва иқтидори золимон ҷуз бар рӯӣ об нест ки дере намепояд; Чунонки фармудааст: ﴿أَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَسَالَتْ أَوْدِيةٌ بِقَدَرِهَا فَاحْتَمَلَ السَّيلُ زَبَدًا رَابِياً وَمِمَّا يُوقِدُونَ عَلَيهِ فِي النَّارِ ابْتِغَاءَ حِلْيةٍ أَوْ مَتَاعٍ زَبَدٌ مِثْلُهُ كَذَلِكَ يَضْرِبُ اللَّهُ الْحَقَّ وَالْبَاطِلَ فَأَمَّا الزَّبَدُ فَيَذْهَبُ جُفَاءً وَأَمَّا مَا يَنْفَعُ النَّاسَ فَيَمْكُثُ فِي الْأَرْضِ كَذَلِكَ يَضْرِبُ اللَّهُ الْأَمْثَالَ[4]; «Аз осмон обе фуру фиристод, пас ҳар даррае ба гунҷоиши худ селе равон кард, пас сел кафе бар рӯӣ худ бардошт ва бар чизе ки онро дар оташ ҳарорат медиҳанд то зевар ё матоъе ба даст оваранд низ кафе монанди он аст, ин гуна Худованд ҳақ ва ботилро мисол мезанад, пас аммо каф аз байн меравад ва аммо чизе ки ба мардум суд мерасонад дар замин мепояд, ин гуна Худованд масалҳоро мезанад»!

Оре, аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло даъват кунандаи мардум ба сӯӣ халифаи Худованд дар замин бо ҳикмат ва мавъезаи ҳасана ва ҷидол ба аҳсан аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿ادْعُ إِلَى سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ[5]; «Бо ҳикмат ва мавъезаи ҳасана ба роҳи Парвардигорат даъват кун ва бо онон ба наҳви аҳсан ҷидол намо» Ва ин даъвати ӯ пешниёз ва муқаддамае барои азобӣ бузург аст; Чунонки худ фармудааст: «Пас даъватамро иҷобат кунед ва ба сӯӣ Маҳдӣ бозгардед, то гуноҳонатон омӯрзида шавад ва корҳотон сомон ёбад, пеш аз онки рӯзе бар шумо бирасад ки бар Од ва Самуд ва қавми Нуҳ расид»[6] Ва фармудааст: «أَنا خاتَمُ الْواعِظِینَ وَ لا واعِظَ بَعْدِي إِلَّا الْسَّیْفُ»; «Ман вопасин мавъеза кунанда ҳастам ва мавъеза кунандае пас аз ман ҷуз шамшер нест» Ва муродаш аз ин сухан чизе аст ки Абдуллоҳ ибни Ҳабиби Табарӣ моро аз он хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ المنصورَ یقول: إنَّ الَّذینَ یَتَّبِعُونَ الرّأيَ إنّما یَتَّبِعُونَ أهواءَهُمْ و إنَّ المُحَدِّثینَ یَقْذِفُونَ بِالْغَیْبِ مِن مَکانٍ بعیدٍ و إنَّ الْهُدَى هُدَی اللّه! قلتُ: و ما هُدَی اللّه؟! قالَ: إمامٌ یَهْدِي بِأمْرِ اللّهِ إِلَى کتابِ اللّهِ و سُنَّةِ نبیِّهِ و یَحْکُمُ بینَ النّاسِ فیما هُمْ فیهِ یَخْتَلِفُون! قلتُ: لا یَقْبَلُ النّاسُ مِنْكَ هذا جُعِلْتُ فِداكَ و لو قَبِلُوا مِنْكَ لَأَکَلُوا مِنْ فَوقِهِم و مِنْ تَحتِ أرجُلِهِمْ و لکنْ لا یَفْعَلُون! قال: دَعْهُمْ یَابنَ حَبیبٍ! فإنَّهُم سَوفَ یَأتِیهِمْ رجلٌ مِنِّي و أنا مِنْهُ فَیَعْرِضُهُمْ عَلَی السَّیْفِ حتّی یَقْبَلُوهُ! ألا إنَّهُ لا یُعْطِیهِمْ إلّا السَّیْفَ و لا یَأخُذُ مِنْهُمْ إلّا السَّیْفَ و المَوتُ تَحْتَ ظِلِّ السَّیْف!»[7]; «Шунидам Мансур мефармояд: Ҳароина касоне ки аз раъй табаъият мекунанд ҷуз ин нест ки аз аҳвоъи худ табаъият мекунанд ва ҳароина муҳаддисон дар ғиёб аз ҷойи дур нисбат медиҳанд ва ҳароина ҳидоят ҳидояти Худованд аст! Арз кардам: Ҳидояти Худованд кадом аст?! Фармуд: Имоме ки ба амри Худованд ба сӯӣ китоби Худованд ва суннати Паёбараш ҳидоят мекунад ва миёни мардум дар бораи чизе ки дар бораи он ихтилоф доранд ҳукм мефармояд! Арз крадам: Мардум инро аз ту намепазиранд фидоят шавам, дар ҳоле ки агар аз ту мепазируфтанд аз болои худ ва аз зери поҳошон мехӯрданд, вале ин корро намекунанд! Фармуд: Ононро вогузор эй писари Ҳабиб; Зеро ба зудӣ марде ба суроғашон меояд ки аз ман аст ва ман аз ӯ ҳастам, пас ононро бар шамшер ҳавола мекунад то инки онро бипазиранд! Огоҳ бош ки ӯ ба онон ҷуз шамшер намедиҳад ва аз онон ҷуз шамшер намегирад, дар ҳоле ки марг зери сояи шамшер аст!».

Аз инҷо дониста мешавад касоне ки акнун даъвати Мансур ба сӯӣ Маҳдӣ бо ҳикмат ва мавъезаи ҳасана ва ҷидоли ба аҳсанро намепазиранд, ба зудӣ бо азобӣ бузург дар зиндагии дунё мувоҷеҳ мешаванд ва албатта барояшон дар охират азобӣ бузург хоҳад буд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنْقَلَبٍ يَنْقَلِبُونَ[8]; «Ва ба зудӣ касоне ки зулм карданд хоҳанд донист ки ба кадомин бозгаштгоҳ боз мегарданд»!

↑[1] . Оли Имрон/ 104
↑[2] . Ҳаҷ/ 41
↑[3] . Қасас/ 83
↑[4] . Раъд/ 17
↑[5] . Наҳл/ 125
↑[8] . Шуъаро/ 227