Афюни амният

Муддатҳост ки агар андешае биҷунбад ё забоне ба сухан дарояд ва ё дасте такконе бихурад, посухӣ маҳкаму дандоншикан мешунавем: Амният дорем ва ин аз ҳар чизе арзишмандтар аст! Ҳамин ки ҷанг нест ва дар оромиш зиндагӣ мекунем моро басаст!!!

Ва ин ҷумла монанди афюнӣ қудратманд, мағзи моро тахмир ва ақли моро тасхир мекунад. Онгоҳ даҳонамон баста ва дастамон кӯтоҳ ва фикрамон мунҷамид мешавад. Сарҳоямон пойин меафтад ва дубора кисаи бигории худро аз замин бармедорем ва бар дӯш мегирем ва бар даври осиёби рӯзмарагӣ мечархем.

Ин дигар чи балое аст ки бар сари мусалмонон омадааст?! Ин дигар чи бозии шуме аст ки дар ин гӯша аз ҷаҳони Ислом ба роҳ афтодааст??! Ин дигар чи таваҳҳуме аст ки ин савдоиёонро мағрур кардааст??!

Метавон ду беморро тасаввур кард: Яке ҳеҷ доруӣ мусаккине дар дастраси худ надорад ва дард мекашад. Дар муқобил фарде аст ки ҳамон бемориро дорад, аммо анвоъи доруҳои мусаккин ва маводди мухаддири зидди дард ба вуфур назди ӯ вуҷуд дорад. Натиҷа чист? Ҳар дуӣ ин афрод ниёз ба дармон доранд. Тафовути онҳо дар эҳсоси дард аст, на дар худи беморӣ. Ҳамин тафовут аст ки эҳтимоли ёфтани роҳи шифоро барои бемори аввал ба шиддат боло мебарад ва эҳтимоли ёфтани роҳи шифоро барои бемори дуввум ба шиддат пойин меоварад.

Эй сархушон! Ҷавомеъи ҷангзада ва ҷангназада, яке пас аз дигарӣ ба сӯӣ як партгоҳ мераванд ва дар як дарраи воҳид суқут хоҳанд кард, бо ин тафовут ки дар ҷавомеъи ҷангзада, ҳисси дарди ношӣ аз ҷанг, онҳоро бедор ва ниёзашон ба як ноҷиро дар онон зинда нигоҳ доштааст. Ин аст ки мебинем шояд имрӯз аҳволи ҷангзадагони бечора ва ноором, ба тағйиру ислоҳ наздиктар бошад, то аҳволи касоне ки ба зоҳир дар амният ва оромиш ба сар мебаранд! Оре, амният ва оромиш аз ҷанг беҳтар аст, вале на ҳангоме ки монанди морфин амал мекунад ва туро ки ба тағйиру ислоҳ ниёз дорӣ фиреб ва ғофил месозад, то рӯзе ҳазор бор Худоро бар касофате ки дар он ғарқ ҳастӣ шукр бигзорӣ!

Ҷавомеъӣ ки ҳанӯз таъми талхи ҷангро начашидаанд, ҳамон андоза ба тағйир ва ислоҳ ниёз доранд ки ҷавомеъи ҷангзада, вале аз фарти кӯтаҳфикрӣ ва қишрӣ нигарӣ, ин ниёзи худро дарк намекунанд. Эй кош ва сад кош ки ин ҷавомеъ, пеш аз онки гудозаҳои ҷангҳо ба онон наздик бирасад ва зубашон кунад, бедор шаванд ва нидои наҷотбахши «Алломаи Хуросонӣ» ро бишнаванд ва то фурсат доранд ва ба қавли худашон ҳанӯз дар офоияти нисбӣ аз ҷанг ҳастанд, барои худ ва тамоми мардуми ҷаҳон коре бикунанд; Гарчи гӯё ин дар зоти инсон аст ки то маҷбур нашавад аз аз ҷояш балан намешавад!!! Ва то дардаш наёяд ба фикри чора намеафтад!!! Ин аст ки тарси он меравад қонуни табиъат ва суннатҳои Худованд онқадар ин ҷавомеъро битаконад ки ногузир ба фикри чораӣ асосӣ биафтанд, аллбата агар он рӯз дигар дер нашуда бошад... Вллоҳу аълам.

Вонгаҳе, кадом аминят?! Кадом оромиш ва осоишу қарори?!!

Акнун баробар будани ҷавомеъи ҷангзадаи мусалмон бо ҷавомеъи ба зоҳир ором ва амни мусалмонро исбот мекунем.

Ҷанг баробар аст бо маргу мири беравия ба дасти мустақими инсонҳо бо ҷангафзорҳо ва низ захмӣ ва мусдавим шудани онон ба ҳамин васила ва сипас таҳаммули фақр ва сармову гармо ва гуруснагӣ ва ташнагии ношӣ аз он.

Акнун ҷавомеъи ҷангназадаро менигарем: Оморе ки ба сурати расмӣ дар худи ин ҷавомеъи мусалмони ҷангназада монанди Эрон унвон мешавадро гузаро баррасӣ мекунем. Аммо маргу мири ношӣ аз 1 –анвоъи худкушиҳо, 2 –бемориҳои мутаъаддиди риявӣ, куллиявӣ, қалбӣ ва уруқӣ, мағзӣ, пӯстӣ, дохилӣ ва низ анвоъи саратонҳои рӯзафзун, 3 –қатл дар асари низоъҳои хонаводагӣ, номусӣ, қавмӣ, хиёбонӣ, шулуғиҳои сиёсӣ, бозиҳои сиёсӣ, анвоъи сирқатҳои мусаллаҳона ва ғайри мусаллаҳона, ҳамчунин қатлҳои аз рӯӣ беморӣ ва равонпарешӣ ва масоъили ҷинсӣ ва шарорату одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ ва даргирӣ бо неруҳои низомӣ ва интизомӣ ва ..., 4 –маргу мири ношӣ аз масраф ва сӯъи масрафи анвоъи маводди мухаддир ва доруҳои равонгардон, 5 –эъдоми муҷримин ва ғайри муҷримин, 6 –маргу мир дар бемористонҳо аз навзодон гирифта то пироне ки бар асари аҳмоли пизишкон ё хатои онон сурат мегирад, 8 –омори ваҳшатноки тасодуфот ва ба таври куллӣ пойин омадани мутавассити умри афроди ҷомеъа. Оё ин омор бо омори куштаҳои ҷангҳо ва нооромиҳо баробарӣ намекунад??!

Акнун омори осебҳои иҷтимоъӣ аъам аз ҷисмӣ ва равонӣ ношӣ аз ҷангназадагиро бармерасем. Касоне ки аз 7 маврид боло ва фуруъоти он ҷони нимасолим ба дар мебаранд, гирифтори анвоъи осебҳо мемонанд ба ғайр аз марг то онки маргашон фаро расад!!

Пас аз ин ду (маргу мир ва осебҳои иҷтимоъӣ), дар ҷомеъаи худ чи мебинем? Омори ваҳшатноки талоқ, дуздӣ, фасод ва фаҳшо, фақр, ихтилос, ришва, рибо, пойин будани саломати умумӣ, олудагии об, хок, ғазо, ойинҳои инҳирофӣ ва шайтонпарастӣ, иқтисоди бемор ва заъиф ва даҳҳо мавриди дигар.

Пас воқеъан ва инсофан манзурашон аз амният ва оромиш чист? Чи фарқе миёни ҷангзадагоӣ ва ноамнӣ ва ҷангназадагӣ ва амният вуҷуд дорад ҷуз инки он монанди шамшер амал мекунад ва ин монанди заҳр?!

Бале, агар инсоф дошта бошӣ танҳо ва танҳо манзурашон тир ва таркиш ва тӯпу тонк ва туфангу тирҳо аст вало ғайр. Бале рост аст. Хабаре аз ин шаш ‘‘то’’ нест, аммо ҳазор чизи дигар ҳам нест ки бояд мебуд ва ба баҳонаи будани амният аз дохил салб шудааст! Будани Маҳдӣ ва ҳоким будани ӯ бар тамоми ҷаҳон, адолату сулҳ ва оромиши ҳақиқӣ барои тамоми мардуми ҷаҳон, шукуфоии истеъдодҳо ва таъмини ҳамаи ниёзҳои моддӣ ва маънавии башар, такомули руҳу ҷисм ва ақли инсон, саъодат ва хушбахтӣ дар дунё ва охират ва ... .

Чи чизеро гуфта ва чи чизҳоеро аз даст додаем? Монанди онки ба кӯдаке ҳазор ҳектор замини ҳосилхез ба ирс расида бошад, аммо ӯро танҳо бо як обнаботчӯбе саргарм сохтанд ва ҳамаи он заминҳоро аз чанги ӯ дар овардаанд! Он гоҳ бар сари ӯ миннат ҳам бигзоранд ки мо ба ту обнавотчӯбе додаем!!!

Пас эй касоне ки ба ин чанд сол амният дар маърази хатар ва рӯӣ лабаи партгоҳ (!!) дил хуш кардаед! Оташи фитнаҳо дер ё зуд ва хоҳӣ нахоҳӣ домони ҳамаро хоҳад гирифт.

Пас аввалан тасаввур намекунед то абад дар амонед аз чизе ки ба дучор нашуданаш бароате дода нашудаед ва баръакс ба дучор шудани ба он ваъдатон додананд!! Ва сониян бидонед ки ганҷҳои замин ва замон ва биҳишҳои дунёӣ, адолати мутлақ ва камоли матлуб ва зебоиву ишқ дар зери сояи ҳукумати Худованд бар замин, аз шумо ба таври комил дариғ шудааст ва дар иваз, шуморо дар сӯрохи морҳо ва кумаи ҷуғдҳо ва лонаи сагҳо ва ботлоқи кирмҳо ва шикофи сахраҳои сӯзони ақрабнишин чапондаанд то садои гулӯлае нашунавед то мабодо битарсед ва гӯшатон азият шавад! Эй вой бар ин инсон ки то чи андоза ба худ ситамгар аст ва то чи андоза нодон аст ... гувороиши боди ин обнаботчӯбии амният ва кулоҳбуқии ноҷанге дар изои ҳазор ганҷи бепоён!!

Бингаред ва биандешед ки шайтон чи кулоҳи бузурге бар сарҳои шумо гузоштааст ва низоми даҷҷолии ӯ, чи бозии ҳайратангезеро роҳ андохтааст...!!

Низоми Худо амнтар аст ё низоми мардум?! Фармонравои Худогузини амниятро барқарор тавонад сохт ё фармонравоии мардумгузин?! Шумо ки ошиқи амниятет, чаро амнияту сулҳ ва оромиши мутлақро намепазиред ва намеҷуйед?! Чаро дилатон ба касоне хуш аст ки медонед аз барқарории амнияти пойдор ва ҳамаҷониба ва воқеъӣ барои худ оҷизанд, то чи расад ба барқарории амният барои ҳамаи ҷаҳониён? Чаро ба амнияте дил хуш кардаед ки барои ба даст оварданаш ҳама чизатонро медиҳед ва ҳеҷ надоред ҷуз як шохаи амният?? Онгоҳ дар паи ҳукумате нестед ки дар он ҳама чизе доред аз ҷумла амният?! Чаро ин суъолотро аз худ намепурсед эй масҳуршудагони амният ва эй масх шудагони ҷангназада?!

Оё наметарсед ки авлиёи Худованд ва фариштагони муқарраби Ӯ ва парастандагони ҳақиқии Ӯ орзу кунанд ва аз Худо бихоҳанд ки эй кош тамоми мусибатҳо якҷо бар шумо фуруд меомад то ин саҳр ботил мешуд ва ин афюн ранг мебохт ва шумо сарҳои сангинатонро ба сӯӣ халифаи Худо мегардондед ва дасти ӯро мефишурдед ва ӯро ба ҳукумат мерасондед ва хушбахт мегаштед ва аз оташ мерастед ва ба биҳшт мерафтед??!!

Эй вой бар шумо ...!