Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 7/11/2015

Ҳукми намозҳои иди Қурбон ва иди Фитр чист ва кайфияти онҳо чигуна аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 11/11/2015

Дар бораи вуҷуби намози ид миёни мусалмонон ихтилофи назар аст; Ба ин тартиб ки шиъа, ҳанафия ва бархӣ аз шофеъия онро воҷиби айнӣ ва ҳанбалия онро воҷиби кифоӣ ва моликия ва бештари шофеъия онро мустаҳабби муъаккада медонанд, вале ҳақ ин аст ки он монанди намози ҷумъа воҷиби айнӣ аст ва монанди он аз касоне ки узре доранд соқит мешавад; Чароки Худованд дар китоби худ –бар хилофи пиндори бисёрӣ– ба он ишора карда ва Паёмбар дар суннати худ бар он мудовимат дошта ва ҳеҷ соле онро тарк накардааст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ صَلاةِ الْفِطْرِ وَ صَلاةِ الْأَضْحَى، فَقالَ: فَرِیضَتانِ، قُلْتُ: إنَّهُمْ یَقُولُونَ لَوْ کانَتا فَرِیضَتَیْنِ لَنَزَلَ فِیهِمَا الْقُرْآنُ، قالَ: وَ هَلْ یَعْلَمُونَ الْقُرْآنَ کُلَّهُ؟! قُلْتُ: لا، قالَ: فَلَوْ رَجَعُوا إِلَی الَّذِینَ یَعْلَمُونَ الْقُرْآنَ کُلَّهُ لَعَلَّمُوهُمْ، ثُمَّ سَکَتَ، فَقُلْتُ: جُعِلْتُ فِداكَ وَ هَلْ نَزَلَ فِیهِمَا الْقُرْآنُ؟ قالَ: نَعَمْ إِنَّ اللّهَ تَعَالَى یَقُولُ: ﴿وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ وَ ذَلِكَ صَلاةُ الْفِطْرِ وَ یَقُولُ: ﴿فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ وَ ذَلِكَ صَلاةُ الْأَضْحَى»; «Аз Мансур дар бораи намози Фитр ва намози Қурбон пурсидам, пас фармуд: Фаризаанд, гуфтам: Онҳо мегӯянд ки агар фариза буданд дар бораашон Қуръон нозил мешуд, фармуд: Оё онҳо ҳамаи Қуръонро медонанд? Гуфтам: На, фармуд: Пас агар ба касоне руҷӯъ мекарданд ки ҳамаи Қуръонро медонанд ба онон меомӯхтанд, сипас сукут кард, пас гуфтам: Фидоят шавам, оё дар бораашон Қуръон нозил шудааст? Фармуд: Оре, Худованди Баландмартаба мефармояд: <Ва то теъдоди (рӯзҳои моҳи Рамазон) ро такмил кунед ва то Худовандро бар инки ҳидоятатон кард такбир гӯйед>[1] Ва он намози Фитр аст ва мефармояд: <Пас барои Парвардигорат намоз гузор ва қурбонӣ кун>[2] ва он намози Қурбон аст»!

Албатта шароити вуҷуби ин намоз монанди шароити вуҷуби намози ҷумъа аст ва тафовути он бо намози ҷумъа дар панҷ чиз аст:

Якум; Вақт

Бино бар ривоёти мутавотири Исломӣ, вақти намози ид аз тулуъи офтоб то зуҳр аст ва аз ин рӯ, ҷойгузини намози зуҳр намешавад.

Дуввум; Макон

Бино бар ривоёти мутавотири Исломӣ, барпо доштани намози ид дар беруни шаҳр ва зери осмон суннат аст, магар дар Макка ки барпо доштани он дар Масҷидул Ҳаром беҳтар аст.

Севвум; Хутба

Бино бар ривоёти мутавотири Исломӣ, хутба пас аз намози ид хонда мешавад ва хондани он пеш аз намози ид бидъате аст ки банӣ Умая падид оварданд.

Чаҳорум; Азон ва иқома

Бино бар ривоёти мутавотири Исломӣ, пеш аз намози ид, азон ва иқома гуфта намешавад ва гуфтани азон ва иқома пеш аз он, бидъате аст ки банӣ Умая падид оварданд.

Панҷум; Такбирот

Бино бар ривоёти мутавотири Исломӣ, дар намози ид такбироти бештаре гуфта мешавад ва ин ҳукме аст ки китоби Худованд ба он ишора дорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سُئِلَ الْمَنْصُورُ عَنْ صَلاةِ الْعِیدِ، فَقالَ: ﴿وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ یَعْنِي شَهْرَ رَمَضانَ ﴿وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ یَعْنِي اثْنَتَيْ عَشْرَةَ تَکْبِیرَةً ﴿وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ یَعْنِي الْقُنُوتَ وَ لَیْسَ بِواجِبٍ»; «Аз Мансур дар бораи намози ид пурсида шуд, пас фармуд: <Ва то теъдодро комил кунед> яъен моҳи Рамазон <Ва то Худовандро бар инки ҳидоятатон кард такбир гӯйед> яъне дувозда такбир <Ва шояд шукр гузоред> яъне қунут ва воҷиб нест».

Бинобарин, такбирот бештар дар намози ид бино бар ﴿وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ воҷиб аст ва аз ривоёти Исломӣ ва гуфтори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба даст меояд ки суннат дар он дувозда такбир аст; Ба ин тартиб ки панҷ такбир дар ракати аввал ва панҷ такбир дар ракати дуввум илова бар такбиратул эҳром ва ду такбири рукӯ гуфта мешавад ва мустаҳаб аст ки миёни такбирот, қунуте дар ситоиши Худованд ва шукри Ӯ бар неъмати ҳидоят ва неъмати чаҳорпоён хонда шавад.

↑[1] . Бақара/ 185
↑[2] . Кавсар/ 2