Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 7/11/2015

Ҳукми намози ҷумъа дар замони ғайбати имом чист ва кайфияти он чигуна аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 11/11/2015

Намози ҷумъа фаризаи муҳим аз фароъизи Исломи аст ки Худованд дар китоби худ ба он амр карда ва фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَى ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ۚ ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ[1]; «Эй касоне ки имон овардед! Ҳаргоҳ барои намоз дар рӯзи ҷумъа нидо дода шуд, ба сӯӣ зикри Худованд бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед, он бароятон беҳтар аст агар бидонед» Ва он бино бар ривоёти мутавотири Исломӣ, муштамл бар ду хутба ва ду ракат аст ва хусусияти он ки зоҳиран муҷиби суфориш ба он дар китоби Худованд шуда, вуҷуди ду хутба барои он аст ва аз ин рӯ, намози ҷумъа бидуни ду хутба ва табъан бидуни касе ки ду хутбаро бихонад, мунъақид намешавад ва ин ду хутба бояд пеш аз намоз ва дар ҳолати истода бошад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: مِنْ أَیْنَ قُلْتَ إِنَّ خُطْبَةَ الْجُمُعَةِ مِنْ قِیامٍ؟ قالَ: لِقَوْلِ اللّهِ تَعَالَى: ﴿وَإِذَا رَأَوْا تِجَارَةً أَوْ لَهْوًا انْفَضُّوا إِلَيْهَا وَتَرَكُوكَ قَائِمًا، قُلْتُ: صَدَقْتَ وَ مِنْ أَیْنَ قُلْتَ إِنَّها قَبْلَ الصَّلاةِ؟ قالَ: لِقَوْلِ اللّهِ تَعَالَى: ﴿فَإِذَا قُضِيَتِ الصَّلَاةُ فَانْتَشِرُوا فِي الْأَرْضِ، قُلْتُ: صَدَقْتَ إِنَّ عِنْدَكَ عِلْمَ الْکِتابِ، قالَ: عِنْدِي عِلْمٌ مِنَ الْکِتابِ وَ إِنَّ عِلْمَ الْکِتابِ عِنْدَ الْمَهْدِيِّ وَلَوْ جِئْتُمُوهُ لَعَلَّمَکُمْ أَکْثَرَ مِمّا عَلَّمْتُکُمْ، فَسَکَتَ ساعَةً ثُمَّ قالَ: إِنَّما مَثَلِي فِیکُمْ کَمَثَلِ رَجُلٍ وَجَدَ مَعْدِناً مِنَ الذَّهَبِ فَأَخَذَ مِنْهُ قِطْعَةً کَبِیرَةً فَجاءَ بِها إِلَی التُّجّارِ فَقالَ لَهُمْ: إِنِّي وَجَدْتُ مَعْدِناً مِنَ الذَّهَبِ فَأَیُّکُمْ یُعِینُنِي عَلَی اسْتِخْراجِهِ لِیَکُونَ لَهُ فِیهِ نَصِیبٌ؟ فَیَقُولُونَ لَهُ: کَیْفَ نَعْلَمُ أَنَّكَ قَدْ وَجَدْتَهُ؟! فَیُرِیهِمُ الْقِطْعَةَ الْکَبِیرَةَ فَیَعْلَمُونَ أَنَّهُ قَدْ وَجَدَهُ فَیُعِینُهُ مَنْ یَشاءُ وَ یَخْذُلُهُ مَنْ یَشاءُ»; «Ба Мансур гуфтам: Аз куҷо фармудӣ ки хутбаи ҷумъа дар ҳолати истода аст? Фармуд: Барои сухани Худованди Баландмартаба ки <Чун тиҷорат ё лаҳверо бубинанд ба сӯӣ он пароканда шаванд ва туро дарҳолати истода вогузоранд>[2], гуфтам: Рост фармудӣ ва аз куҷо фармудӣ ки он пеш аз намоз аст? Фармуд: Барои сухани Худованди Баландмартаба ки <Чун намоз гузорда шуд дар замин пароканда шавед>[3], гуфтам: Рост фармудӣ, назди ту илми китоб аст, фармуд: Назди ман илме аз китоб аст ва илми китоб назди Маҳдӣ аст ва агар ба назди ӯ биёйед ба шумо бештар аз чизе ки ман таълим додам таълм медиҳад, пас соъате сукут кард ва сипас фармуд: Ҳароина масали ман дар миёни шумо масали марде аст ки маъдане аз тилло пайдо кард, пас тиккаӣ бузурги аз он баргирифт ва ба назди тоҷирон овард ва ба онон гуфт: Ҳароина ман маъдане аз тилло пайдо кардам, пас кадом як аз шумо манро бар истихроҷи он ёрӣ мекунад то барои ӯ дар он саҳме бошад? Пас ба ӯ мегӯянад: Аз куҷо бидонем ки ту онро пайдо кардаи?! Пас тиккаи бузургро ба онон нишон медиҳад, пас медонанд ки онро пайдо кардааст, пас ҳар кас мехоҳад ӯро ёрӣ мекунад ва ҳар кас мехоҳад ӯро вомегузорад».

Ҳамчунонки ин ду хутба бояд муштамал бар ёди Худованд ва салавот бар Паёмбараш ва хондани китобаш ва даъват ба сӯӣ хайр ва амри ба маъруф ва най аз мункар бошад то барои мусалмонон беҳтар аз лаҳв ва беҳтар аз тиҷорат бошад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَإِذَا رَأَوْا تِجَارَةً أَوْ لَهْوًا انْفَضُّوا إِلَيْهَا وَتَرَكُوكَ قَائِمًا ۚ قُلْ مَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ مِنَ اللَّهْوِ وَمِنَ التِّجَارَةِ ۚ وَاللَّهُ خَيْرُ الرَّازِقِينَ[4]; «Ва чун тиҷорат ё лаҳмеро бубинанд ба сӯӣ он пароканда шаванд ва туро дар ҳоли истода вогузоранд, бигӯ чизе ки назди Худованд аст аз лаҳв ва аз тиҷорат беҳтар аст ва Худованд беҳтарини рӯзӣ диҳандагон аст» Ва бо ин васф, ҳаргоҳ ду хутба муштамал бар суханӣ ботл монанди ситоиши тоғут ва даъват ба сӯӣ шар ва амр ба мункар ва най аз маъруф бошад, кифоят намекунад, балки ҳузур назди он барои истимоъаш ҳаром аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَالَّذِينَ لَا يَشْهَدُونَ الزُّورَ وَإِذَا مَرُّوا بِاللَّغْوِ مَرُّوا كِرَامًا[5]; «Ва касоне ки дурӯғро шоҳид намешаванд ва чун бар лағв мегузаранд бо бузургворӣ мегузаранд» Ва фармудааст: ﴿وَالَّذِينَ هُمْ عَنِ اللَّغْوِ مُعْرِضُونَ[6]; «Ва касоне ки онон аз лағв рӯйгардонанд» Ва фармудааст: ﴿وَإِذَا سَمِعُوا اللَّغْوَ أَعْرَضُوا عَنْهُ[7]; «Ва чун лағвро бишнаванд аз он рӯй гардонанд» Ва фармудааст: ﴿فَاجْتَنِبُوا الرِّجْسَ مِنَ الْأَوْثَانِ وَاجْتَنِبُوا قَوْلَ الزُّورِ[8]; «Пас аз палидии бутҳо даврае кунед ва аз гуфтори ботил дурӣ кунед» Ва фармудааст: ﴿وَقَدْ نَزَّلَ عَلَيْكُمْ فِي الْكِتَابِ أَنْ إِذَا سَمِعْتُمْ آيَاتِ اللَّهِ يُكْفَرُ بِهَا وَيُسْتَهْزَأُ بِهَا فَلَا تَقْعُدُوا مَعَهُمْ حَتَّى يَخُوضُوا فِي حَدِيثٍ غَيْرِهِ ۚ إِنَّكُمْ إِذًا مِثْلُهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ جَامِعُ الْمُنَافِقِينَ وَالْكَافِرِينَ فِي جَهَنَّمَ جَمِيعًا[9]; «Ва бар шумо дар китоб нозил кардааст ки ҳаргоҳ шунидед ба оёти Худованд куфр варзида мешавад ва истеҳзоъ мешавад, пас бо онон нанишинед то он гоҳ ки дар гуфтори дигарӣ фуру раванд, шумо он гоҳ монанди ононед, ҳароина Худованд ҷамъ кунандаи ҳамаи мунофиқон ва кофирон дар ҷаҳаннам аст»; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки иқтидоъ дар намоз ба золимон ва фосиқон ҷуз аз боби тақия ҷоиз нест[10] ва бо ин авсоф, ширкат дар намози ҷумъае ки бо имомати ҳокими ҷоъир ё имомӣ мансуб аз ҷониби ӯ ё имомӣ фосиқ баргузор мешавад, ҳаром аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ صَلاةِ الْجُمُعُةِ، فَقالَ: فَرِیضَةٌ، قُلْتُ: لا یُقِیمُهَا الْیَوْمَ إِلّا کُلُّ جَبّارٍ عَنِیدٍ، فَقالَ: لا تُصَلِّ مَعَهُمْ فَإِنَّ مَنْ صَلَّى مَعَهُمْ فَهُوَ مِنْهُمْ إِلّا أَنْ یَتَّقِيَ مِنْهُمْ تُقاةً وَ کانَ عِنْدَهُ رَجُلٌ فَقالَ الرَّجُلُ: أَما کانَ السَّلَفُ الصّالِحُ یُصَلُّونَها مَعَهُمْ مُنْذُ قُبِضَ رَسُولُ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ؟! قالَ: بَلَى وَلَكِنَّهُمْ کانُوا یُصَلُّونَ بَعْدَها أَرْبَعَ رَکَعاتٍ»; «Аз Мансур дар бораи намози ҷумъа пурсидам, пас фармуд: Фариза аст, гуфтам: Имрӯз онро ҷуз ҷабборӣ саркаш иқома намекунад, пас фармуд: Бо онон намоз нагузор; Чароки ҳар кас бо онон намоз гузорад ӯ аз онон аст, магар инки аз онон тақия кунад ва назди он ҳазрат марде буд, пас мард гуфт: Оё салафи солеҳ аз вақте ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам даргузашт онро бо онон намегузорданд? Фармуд: Оре, вале онон пеш аз он чаҳор ракат (намози зуҳр) мегузориданд».

Ҳамчунон яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«دَخَلْتُ عَلَی الْمَنْصُورِ فِي یَوْمِ جُمُعَةٍ، فَقالَ لِي: صَلَّى هَؤُلَاءِ جُمُعَتَهُمْ؟ قُلْتُ: نَعَمْ، فَقالَ: لا وَاللّهِ ما صَلُّوا وَلَكِنْ لَغَوْا وَ نَقَرُوا، قُلْتُ: إِنَّ فُلاناً مِنْ أَصْحابِكَ یَدْخُلُ فِیهِمْ فَیُصَلِّيها مَعَهُمْ، قالَ: وَ یَفْعَلُ؟! قُلْتُ: نَعَمْ، قالَ: أَلا یَخافُ أَنْ یَخْسِفَ اللّهُ بِهِمُ الْأَرْضَ أَوْ یُنْزِلَ عَلَیْهِمْ رِجْزاً مِنَ السَّماءِ وَ هُوَ فِیهِمْ؟!»; «Дар рӯзи ҷумъае ба маҳзари Мансур расидам, пас ба ман фармуд: Оё инон ҷумъаи худро гузорданд? Гуфтам: Оре, пас фармуд: На ба Худо савганд нагузорданд, балки садое дароварданд ва нӯке заданд, гуфтам: Фалонӣ аз ёрони ту ба миёни онон меравад ва онро бо онон мегузорад, фармуд: Ин корро мекунад?! Гуфтам: Оре, фармуд: Оё наметарсад ки Худованд ононро дар замин фурӯ барад ё бар онон аз осмон азобе нозил кунад, дар ҳоле ки ӯ миёни онон аст?!».

Оре, ширкат дар намози ҷумъае ки бо имомати халифаи Худованд дар замин ё имоме ки мансуб аз ҷониби ӯ ё имоме ки одил аз заминасозони зуҳури ӯ баргузор мешавад, воҷиб аст ва он дар вақти намози зуҳр ва бо ҳузури ҷамъе аз мӯъминон баргузор мешавад; Чароки намози ҷумъа бино бар ривоёти мутавотир, ҷойгузини намози зуҳр аст ва бо ин васф, гузордани он пеш ё пас аз вақти намози зуҳр ҷойиз нест; Ҳамчунонки мутабодир аз «Намози ҷумъа» намози ҷамъе аз мӯъминон аст ва бо ин васф, агар ҳозирон ба қадре кам бошанд ки ҷамъе аз мӯъминон маҳсуб нашаванд «Намози ҷумъа» мунъақид намешавад ва ҷамъе аз мӯъминон бино бар ривоёте аз аҳли байт, панҷ нафар ҳастанд ва ин маъқул аст; Зеро яке аз онон имом ва дигарӣ нидо диҳандае ба намоз аст ки одатан ғайри имом аст ва се нафари дигар низ ҳадди ақалли ҷамъ маҳсуб мешаванд ва бо ин васф, метавон шарти инъиқоди намози ҷумъаро ҳузури ҳадди ақалли панҷ нафар аз мӯъминон донист; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ أَقَلِّ عَدَدٍ یَنْعَقِدُ بِهِمُ الْجُمُعَةُ، فَقالَ: الْإِمامُ وَ الْمُنادِي لِلصَّلاةِ وَ ثَلاثَةُ نَفَرٍ مِنَ الْمُؤْمِنینَ»; «Аз Мансур дар бораи камтарин теъдоде пурсидам ки намози ҷумъа бо онҳо мунъақид мешавад, пас фармуд: Имом ва нидо диҳанда барои намоз ва се нафар аз мӯъминон».

Ҳамчунонки дар ҳар шаҳре беш аз як намози ҷумъа баргузор намешавад; Зеро зоҳир аз китоби Худованд ва ривоёти Исломӣ ин аст ки дар шаҳри Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам танҳо як намози ҷумъа баргузор мешавад, магар инки шаҳри бузурге бошад ва расидан ба намози ҷумъа пас аз шунидани нидоӣ он барои ҷамъе аз мардум уср ва ҳараҷ дошта бошад; Чароки дар ин сурат онон метавонанд намози ҷумъаи дигареро барпо доранд; Бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд фармудааст: ﴿يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ[11]; «Худованд бароятон осонӣ мехоҳад ва бароятон сахтӣ намехоҳад» Ва фармудааст: ﴿مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ[12]; «Худованд намехоҳад ки бар шумо тангноӣ қарор диҳад». Бо ин васф, агар шароити лозим барои барпо доштани намози ҷумъаи дигаре фароҳам нашуд, вуҷуби он аз онон соқит мешавад; Ҳамчунонки вуҷуби он аз соири маъзурон монанди беморон, солхӯрдагон ва мусофирон соқит аст.

↑[1] . Ҷумъа/ 9
↑[2] . Ҷумъа/ 11
↑[3] . Ҷумъа/ 10
↑[4] . Ҷумъа/ 11
↑[5] . Фурқон/ 72
↑[6] . Мӯъминун/ 3
↑[7] . Қасас/ 55
↑[8] . Ҳаҷ/ 30
↑[9] . Нисоъ/ 140
↑[10] . Бингаред ба: Пуриш ва посухи 172.
↑[11] . Бақара/ 185
↑[12] . Моъида/ 6