Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 7/11/2015

Ҳукми истифода аз моҳвора чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 0 Тарихи посух ба пурсиш: 11/11/2015

Моҳвора ба танҳоӣ ҳукме надорад ва ҳукми он тобеъи ҳукми чизе аст ки дар он дида ё шунида мешавад. Ба ин тартиб, чизе ки дидан ё шунидани он дар ғайри моҳвора мубоҳ аст, дидан ё шунидани он дар моҳвора низ мубоҳ аст ва чизе ки дидан ё шунидани он дар ғайри моҳвора ҳаром аст, дидан ё шунидани он дар моҳвора низ ҳаром аст ва дар ин замина, фарқе миёни он ду нест. Оре, аз инҷо ки ҳамакнун моҳвора умуман дар ихтиёри золимон аст ва онҳо ҷаҳонбинии худро аз тариқи он илқо мекунанд ва таъсирпазирӣ аз он метавонад нохудогоҳ бошад, иҷтиноб аз он мутлақан сазовортар аст. Албатта ин ҳукм дар мавриди родио ва тиливизун низ сидқ мекунад; Зеро ҳамакнун родио ва тиливизун низ хусусан дар кишварҳое ки мунҳасир ба давлат ҳастанд, ғолибан фаъолиятӣ мухарриб ва инҳирофӣ дорад ва бо ин васф, ҳар чи истифода аз онҳо камтар бошад, беҳтар аст. Аз ин рӯ, шоиста аст ки мӯъмин барои огоҳӣ аз ахбори аҳли замони худ, мувассақтарин тариқро биёбад ва сипас ба шинохти дини худ аз тариқи мутолиъа ва таҳқиқи илмӣ ва низ иҷрои таколифи фардӣ ва иҷтимоъиаш бипардозад ва умри гаронмояро бо иштиғол ба расонаҳои золимон ки оканда аз лаҳв, дурӯғ, ғайбат, тӯҳмат, истеҳзоъ ва таҳрифи ҳақоиқ аст, зойеъ накунад.