Шуморе аз ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд: Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хурсонӣ дар қарияе фуруд омад то аҳли онро ба сӯӣ Худованд ва халифааш дар замин даъват кунад; Пас аҳли он аз ӯ истиқбол карданд ва ӯ ба муддати се рӯз дар миёни онон меҳмон буд, то ҳангоме ки хост аз миёни онон биравад, ба сӯӣ ӯ шитофтанд ва пиромунашро гирифтанд ва гуфтанд: Эй дӯсти Худо! Пеш аз онки биравӣ моро панд бидеҳ; Чароки ҷуз ба ҳикмат аз ту сухане нашунидим ва сухаи ту сахраҳоро ба ҷунбиш дар меоварад! Пас он ҳазрат бар лабаи ҳавзе истод то ҳамагон ӯро бубинанд ва фармуд:

«Эй мардум! Бидонед ки ҳеҷ сармояе барои шумо судмандтар аз донойи нест ва мардум яке аз се кас ҳастанд: Касе ки медонад, касе ки дар садади донистан аст ва касе ки касе нест. Эй мардум! Дар зиндагиҳои худ фуру наравед ва аз ончи бар дунё ва охирататон меравад бехабар намонед. Бехабарӣ дар ин рӯзгор гуноҳӣ бисёр бузург аст. Бо Қуръон унс бигиред ва онро ба кор бандед. Бо суннати Паёмбар ва хонадонаш ошно шавед ва аз он пайравӣ кунед. Ақлҳои худро ба кор андозед ва суханони инон –ва бо даст ба муллоён ва бузургони қария ишора кард– ро бисанҷед. Агар онро мутобиқи бо ақлҳои худ ва мутобиқи бо Қуръон ва суннат ёфтед бипазиред вагарна ба девор бизанед ва гуноҳи он бар гардани ман бошад. Ҷуз Худо ва гумоштагонаш дар замин зеҷ касро шойистани итоъат надонед ки яҳудро итоъат аз муллоён ва бузургонаш гумроҳ кард; Чунонки дар Қуръон омадааст: ﴿اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ[1]. Тақлид решаи ақлро мехушконад ва ҷойе барои тафаккур намегузорад. Нисбат ба боварҳои кӯҳна ва дидгоҳҳои ғалати худ таъассуб надошта бошед ки чунин таъассубе дарбозае аз дарбозаҳои ҷаҳаннам аст. Беҳтарини шумо касе аст ки маърифати бештаре дошта бошад, на касе ки намоз ва рӯзаи бештаре дорад. Имон ва амали солеҳ монанди ин ду ангушти ман –ва ду ангушти миёнӣ ва ишораро ба ҳам пайваст– ба якдигар пайваст ва ҳеҷ як бидуни дигарӣ шуморо суд намерасонад. Имон, ақидаи дуруст аст ва касе ки ақидаи дурусте надорад агар чи аз обидтарини мардум бошад растгор нахоҳад шуд. Пас ақидаи худро дар мизони ақл қарор диҳед ва ба Қуръон ва суннат арза кунед мабодо ки ба хато рафта бошед. Шифтаи дунё нашавед ва охирати худро ба он нафурӯшед. Он кас ки охирати худро ба дунё фурӯхта муъомилаи зиёнборе карда ва варшикаст шудааст. Аз хоҳишҳои нафс пайравӣ накунед ки хоҳишҳои нафсро поёне нест, бал ба нидои виҷодон гӯш биспоред ки мояи пушаймонӣ нахоҳад шуд. Вопасин сухани ман бо шумо ин аст ки имоми замони худро бишносед; Чароки ҳар кас имоми замони худро нашносад дини худро нашнохтааст ва дар чунин касе хайре нест. Ман чан рӯзе меҳмони шумо будам ва акнун аз миёни шумо меравам. Шумо хуб мизбоне барои ман будед –Худованд шуморо хайр диҳад–; Пас оё ман хуб меҳмоне барои шумо будам?»

Мардум аз ҳар сӯ посух доданд: Ту бетарин меҳмоне будӣ ки токунун доштаем. Пас он ҳазрат идома дод:

«Агар чунин аст пас ман ва сухани манро аз ёд набаред ва ба ёди якдигар биёваред ва ба ононе ки ман ва сухани манро намешиносанд бирасонед, шояд Худованд ба онон суд расонад. Худованд дар бораи ман аз шумо хоҳад пурсид ки оё ба сухани бандаам ки ӯро ба сӯӣ шумо овардам гӯш супурдед?! Ман ҳамаи шуморо ба Худованди меҳрубон месупорам ва умедворам ки тақдир, маро ба сӯӣ шумо ё шуморо ба сӯӣ ман бозгардонад; Вассалому алейкум ва раҳматуллоҳ».

Он гоҳ аз лаби ҳавз пойин омад ва ба тарафи муллоёни қария ки бо хашм дар каноре истода ва ба суханони ӯ гӯш супурда буданд рафт ва аз онон дилҷӯйи кард; Чароки донист аз ӯ кина ба дил гирифтаанд ва сипас ба ҳамроҳи ёронаш аз қария берун шуд то дар замин сайр кунад.

↑[1] . Тавба/ 31