Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 1/11/2015

Назари  аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар мавриди улуми дигари ақлӣ ғайр аз фалсафа чист? Мисли илми мантиқ ва илми калом? Чун ишора доштаанд ки ба илми фалсафа алоқа надоранд; Зеро онро хеле таҷридӣ ва ғайри корбурдӣ медонанд. Оё дар мавриди илми калом ва илми мантиқ ва сойири улуми ақлӣ ки дар сатҳи ҳавзаҳо ва донишгоҳҳо тадрис мешавад ҳам ҳамин назарро доранд?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 3/11/2015

Илми калом, илми корбурдӣ ва судманд аст, ҳаргоҳ мақсуд аз он шинохти ақойиди Ислом аз рӯӣ бурҳон ва дифоъ аз онҳо дар баробари шубаҳоти мункирон бошад; Чунонки сухани Худованд бар ин нукта далолат дорад онҷо ки фармудааст: ﴿ادْعُ إِلَى سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ ۖ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ﴾[1]; «Бо ҳикмат ва андарзи неку ба роҳи Парвардигорат даъват кун ва бо онон ба наҳвае ки беҳтар аст ҷидол намо» Ва фармудааст: ﴿قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ﴾[2]; «Бигӯ бурҳони худро биёваред агар росгӯён ҳастед», на муҷодила аз тариқи муғолита ва бозӣ бо истилоҳот барои дифоъ аз ақойиде ки бурҳоне барои онҳо вуҷуд надорад; Чунонки сухани Худованд бар ин нукта далолат дорад онҷо ки фармудааст: ﴿وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُجَادِلُ فِي اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَلَا هُدًى وَلَا كِتَابٍ مُنِيرٍ﴾[3]; «Ва аз мардум касоне ҳастанд ки дар бораи Худованд бидуни илме ё ҳидояте ё китобӣ рӯшангар муҷодила мекунанд» Ва фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ يُجَادِلُونَ فِي آيَاتِ اللَّهِ بِغَيْرِ سُلْطَانٍ أَتَاهُمْ ۙ إِنْ فِي صُدُورِهِمْ إِلَّا كِبْرٌ مَا هُمْ بِبَالِغِيهِ ۚ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ ۖ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ﴾[4]; «Ҳароина касоне ки дар бораи оёти Худованд бидуни ҳуҷҷате ки ононро омада бошад муҷодила мекунанд дар синаҳошон ҷуз кибре ки ба он намерасанд нест, пас ба Худованд паноҳ бибар; Чароки Ӯ шунавои биност» Ва фармудааст: ﴿الَّذِينَ يُجَادِلُونَ فِي آيَاتِ اللَّهِ بِغَيْرِ سُلْطَانٍ أَتَاهُمْ ۖ كَبُرَ مَقْتًا عِنْدَ اللَّهِ وَعِنْدَ الَّذِينَ آمَنُوا ۚ كَذَلِكَ يَطْبَعُ اللَّهُ عَلَى كُلِّ قَلْبِ مُتَكَبِّرٍ جَبَّارٍ﴾[5]; «Касоне ки дар бораи оёти Худованд бидуни ҳуҷҷате ки ононро омада бошад муҷодила мекунанд, сахт назди Худованд ва назди касоне ки имон оварданд манфур ҳастанд, ин гуна Худованд бар ҳар дили мутакаббире мӯҳр мениҳад»! Бо ин васф, аҳодис ва осорие ки дар некуҳиши калом ривоят шудаанд, бар ин навъ аз калом ҳамл мешавад; Монанди ончи Абул Фазл Розӣ (д.454қ) дар китоби «أحاديث في ذمّ الكلام وأهله» ва Абу Исмоъили Ҳиравӣ (д.481қ) дар китоби «ذمّ الكلام وأهله» гирд овардаанд. Ҳамчунин, бахше аз илми мантиқ ки ба шинохти усули тафаккур ва истидлол кӯмак мекунад ва аз фирефта шудан ба муғолитот боз медорад, корбурдӣ ва судманд аст, вале бахшҳое аз он низ зоъад ва ғайри зарурӣ аст ва аз ин ҷиҳат, ба фалсафа шабоҳат дорад.

↑[1] . Наҳл/ 125
↑[2] . Бақара/ 111
↑[3] . Ҳаҷ/ 8
↑[4] . Ғофир/ 56
↑[5] . Ғофир/ 35